Бахшҳо

Солеҳҷон Завқиев: На ҳамаи "муллоҳои қаҳрамон" имоми масҷиданд (ВИДЕО)

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон мегӯянд, на ҳамаи афроде, ки барои амалҳои шаҳвонӣ боздошт шуда, ҳамчун “мулло” муаррифӣ мегарданд, имом ва ё имом-хатиби масоҷиди кишваранд. Солеҳҷон Завқиев, сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, ки дар нишасти хабарии 8 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, қисме аз ин афрод шаҳрвандони одӣ буда, аслан ба масҷидҳо дахл надоранд.

Бо ин вуҷуд, оқои Завқиев чунин амалҳоро падидаи номатлуб дониста ва гуфт, Кумитаву қисме аз мардум аз ин ҳол ба ташвиш афтодаанд. Ӯ афзуд, “бо тамоми имом-хатибони масҷидҳои вилояти Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот гузаронда шуд. Ба имомон фаҳмонда шуд, ки дар доираи ахлоқ, муқаррароти дини мубини Ислом, риоя кардани ақида ва гуфторҳои Имоми Аъзам ба намозгузорони хеш дар ин бора таъкид кунанд, то онҳо ба хонаводаашон бирасонанд.”



Ин масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва маросими миллии Тоҷикистон илова кард, ниҳоди онҳо масъули тафтишот нест ва барои ҳамин дар ин бора иттилои кофӣ надорад. “Мо ҳам мисли Шумо хабардор мешавем, ки чунин ҳодисаҳо шудааст”,-афзуд ӯ.

Аз ин пеш, рӯзи 7 июл, Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора изҳори назар карда буд. Оқои Сафаров гуфт, ҳадаф аз намоиш додани “қаҳрамониҳои” баъзе аз “муллоҳо” огоҳ кардани мардум аст, то мардум фирефтаи чунин афрод нашаванд. “Лекин ин маънии онро надорад, ки муллоҳо ҳамааш ҳамин хеланд. Муллоҳои хуб ҳам ҳастанд. Ба наздикӣ дар Ҳисор ягона мукофоте, ки раиси ноҳия доданд, маҳз ба мулло буд, на ба ягон касе дигар. Мо набояд намояндагони дину рӯҳониёнро аз ҳад зиёд паст занем, балки бояд нишон диҳем, ки ганда ганда аст, ҷинояткор миёни кормандҳои ҳукуматӣ низ ҳаст, миёни онҳо низ ҳаст. Мо ҳардуяшро бояд нишон диҳем. Яъне, ҷинояткорони миёни ҳарду ҷониб мо бояд ёфта, гуноҳашонро исбот кунем ва ҷазояшро диҳем”,-таъкид дошт Сайфулло Сафаров.
Мӯҳр
сарбоз
Ачоибаш ин аст, ки чинояткории талабахо, дастдарозии муаллимон ба шогирдон, дискатекахои фахш, фохишагии мансабдорон, бусобусии ошкор дар паркхо хеч кадомаш касеро ба ташвиш гамеорад, аммо як ба ном уло агар як аблахи кард бояд расвои хоссу ом шавад. Ин д3шмани ба дин аст агар набошад хамон муллоро чазо медиханду ин кадар реклама намекунанд.
Ришвахориии 3ормандони хукумат хамачоро пур кардаст, вале як бор хам намешунавед, ки масалан телевизион онхоро намоиш дода эълон кунад, ки аз чунин муаллимонё аз чунин раисони чамоат ё аз чунин судяву милиса эхтиёт кунед.
Фахшо дар чомеа ба хотири мухочират зиёд шудаст.вакте занони чавон солхо бемард мемонанд ру ба корхои бад меоваранд. Чаро аз мухочират хазар кунед намегуед?
Чаро мардумро аз фохишахои сарирохи хазар кунед намегуянд?
Чаро мардумро аз ришвахорон хазар кунед намегуянд?
Зеро хадафи ин барномахо аз тарики ин муллохои бесаводи баъзан фаршиви факат бад кардани дин аст. Ин чанг бо Ислом аст.
Вале мардм хдаш медонад хамаи инхора. Млохои вокеи хдшон мардма ай ин коро манъ мекнан. Як хамсояи мо занак асту фолбини мекнад. Мло хам нест неки мардми бесавод пеши хаму мераван ман хайрон мешавам. Холо ура хам бкапан меган млои чодугар.
Як масалаи дигаш бо бизнесай. Ино млогира хам патенкати кадагиян. Оли хамара метарсонан манъ мекнан бад млохой фаршивии хдшона патен метан ки шмо дуохони кнен. Бовар накунен камтар мунтазир бошен хдтон мебинен.

Озодагон агар хамчун назари хонанда чопш кни да сахифаи аслит савоб мегири.

рост гуфти сарбоз ман низ аз ин дар тааччубам.

мурод
РОСТ МЕГУЯД САРБОЗ.ХУКУМАТ МЕХОХАД ДИНДОРОНРО БАД НИШОН ДИХАД.МЕХОХАД ГУЯД КИ ДИНДОРОН ЧОМЕАРО ОБОД НА БАЛКИ ХАРОБ МЕКУНАД
ФИРДАВСИ :ЧУНОН ДИНУ ДАВЛАТ БА ХАМ АНДАРАНД
КИ ГУЙИ ЧУ ДУРРЕ ЗИ ЯК ГАВХАРАНД
НА БЕ ТАХТИ ШОХИ БУВАД ДИН БАЧОЙ
НА БЕ ДИН БУВАД ШАХРИЕРЕ БАПОЙ..........

Салдат
Камитети дин, шумо мисли замони шуравӣ комунист нестед, алҳамду лиллоҳ ҳамат мусалмонед, дониста бошед, ки дар назди Худо пурсида мешавед. Медонам, ки инро ҳам медонед вале ба тазаккур ниёз доред. Як масъалаи дигар дар бораи "муллоҳо" аст, ки агар инро ҳал мекардед, барои дину давлат хидмати воқеӣ мешуд. Имрӯзҳо як нафарон дар имомтии масҷидҳо мебошанд, ки Худо паноҳ диҳад, ягон ҳарфа дурус хонда наметавонанд. Ин шаъни шуморо ҳам паст мекунад, ки инҳо аз сарҷиши шумо гузаштем гуфта дағдаға мекунанд ва мардум барои эҳтироми шумо ва барои амнияти кишвар бо онҳо сарвасар намешавад. Валекин илтимос ҳамин масъаларо бинед, намози мардум бо ин имомон дурус намешавад. Агар корманди кадом структура бошад, майлаш кораша кунад, вале имом набошад. Ин масъла махсусан дар масҷидҳои панҷвақта аст ва қишлоқҷойҳо.
Муваффақият ба кумитаи дин.

99
Аҷаб "навигарие", ки мо мешунавем!!!
Яъне ҷанобашон гуфтаниянд, ки 99% ҷинояткорон ходимони динанд ва фақат дар баъъъъзееее ҳолатҳооо дигарон гунаҳ содир мекунанд!!!
Ё тавба!!!

mustafo
yo OLLOH in chi ruz ast ki mulohoi jomeai imruzai moro namedonam kimkadom rais omada nasihat mekunad, ki dar mavzui in yo on suhbat kunand. O in nafar hud tamoman ilmi islomi nadorad agar metarsid baroi namoz ta,rif karda jarima namebast. Ozodagon ozodona chop kn gar OZODI

Халк
Истаравшан: масочиди "Ободи" имом-хатиб дар хонааш мактаби дини мекушояд ва як духтараки 13-14 соларо ба доми худ афтонида хомиладор мекунад. Инро тамоми махаллаи "Ободи" медонанду худро ба нодони мезананд. Касе чизе гуфта натавонист . Падару модари духтарро чи кор кардан хеч кас намедонад. Онхо аз давои худ бо тези гузаштанд. Ба гуфтаи: Завкиев С. "ин афродон шахрвандони оди буда, аслан ба масочид дахл надоранд.." Ба ин афроди имом чи мегуед.?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)