Бахшҳо

Гурез Қосимзода: “Шояд тақаллуб бошад, аммо хариду фурӯши мансаб нест”

Масъулони Оҷонси хизмати давлатии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати пешниҳоди далел дар бораи хариду фурӯши мансаб дар кишвар омодаанд, онро таҳқиқ ва мардумро аз натиҷааш огоҳ кунанд.

Гурез Қосимзода (Гурез Қосимов), муовини аввали раиси Оҷонси хизмати давлатӣ, бо баёни ин ҳарфҳо хабарҳо дар бораи хариду фурӯши мансаб дар кишварро бепоя донист. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар Душанбе дар гузориши тозаи худ гуфт, “пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд”.

Ҷаноби Қосимзода, ки дар нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, афзуд, то ҳол дар мавриди ҳолатҳои хариду фурӯши мансаб ба онҳо ягон “сигнал” наомадааст. Номбурда иброз дошт, “дар сурати пешниҳоди далел дар бораи мансабфурӯшӣ миёни хизматчиёни давлатӣ омодаем, ин масъаларо пайгирӣ намоем. Ҳангоми гузарондани озмунҳо шояд тақаллуб сурат гирад, вале то ҳол мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Аз ин пештар, Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар бораи “мансабхарӣ”-ро дахолат ба корҳои дохилии кишвар номид. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, иддаои сафорат дар бораи ба як кори маъмулӣ табдил шудани мансабхарӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.

Ҷаноби Сафаров илова кард, “агар чунин дахолати сафорати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилӣ бештар шавад, ба бесуботӣ оварда хоҳад расонд”. Дар ин замина ӯ аз “бинӣ халондан”-и кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии баъзе аз давлатҳои исломӣ ёдоварӣ намуда, натиҷаи онро “инқилобҳои баҳори арабӣ” донист.
Мӯҳр
Хакгуй
Дар Точикистон кариб хамаи мансабхои ба ном "равгани" фурухта мешаванд. Ин холатро хамаи мардуми точик медонанд. Сад дар сад фурухтани мансабхо дар Точикистон дуруст мебошад. Илтимос ,биеед,худатонро бо гуфти русхо "оправдать" накунед,чаноби С.Сафаров ва дигарон.

Haqiqat talkh ast guftand va shumo barin mansabdoron Tojikistona ba Torikiston tabdil dodesten...

Halim
Janobi Gurezi Jurakhon Kudaki Tojikiston medonad hamai inro. tu nadonisti.

Адолат
Инро хама медонад!

Чизе ки аён аст хочат ба баён нест! Хамин мансабфурушию мансабхари хаст,ки Точикистон пеш намеравад. Бе гузориши сафорати Америка хам хама канкретна медона пул бошад мансаб таёр саводу донишу малака лозим нест! Хар як вазифа вобаста ба минтака, нохия, вилоят, шахр аз директорои мактаб то мансабдорои давлати нархи худша дорад. Дида истодем чи кор кардаистодан, дигар мардум ба ягон гапи шумо бовар надорад! Мардум аз хама кори шумо огохан, шумо холо хам хаёл мекунед, ки халк мисли солхои 90ум бесаводу бефахманд? Не! Он чизе ки бо чашми сар мебинию бо гуши худ мешунави ин хакикат аст! Агар тафтиш хам кунед натичаи шумо маълумай бе хамин шумо хам халк медонад натичаш чияй! Так что хутона сафед накунед!

Арабхона
Гурез-акам Ассалому алейкум, агар агон савдо набошад пас, барои чи ба мактубхои шикоятии муовинони раисони баъзе нохияхо, ки зери фишори раиси нохия карор мегиранд чавоб гардонида наметавонед. Дар Шахритуз чи гапу хабар медонед ха? ай-я-яй-яй яаааааай. Зуратон ба раиси ин нохия намерасаду..........

7-1 Олмон
Хама медонанд, макомотхои кудрати,донишгоххо ва корхонахо,хизматхо сад фоиза фурухта мешаванд.Дар кишвар як холат риккатовар ва аламангез ба вучуд омадааст.Хаттто чойхои махсусе,ки ончо хатман курсинишин бо спецификаи кори ва милли бояд бошад ба гайриточикхо фурухта мешаванд.Тарсу дахшати точикони босавод ва дурандеш низ аз хамин чо сарчашма мегиранд.Дар байни намояндагони макомотхои хифзи хукук гардед фахмед,ки курсии рохбари чи гуна бар хилофи манфиатхои милли фурухта мешаванд.Айб хаст чанобон худсафедкуни.

Хонанда
Айб аст. Ин кор барои ҳама хурду калон маълум аст, аз як тараф сар кунед,...
Фақат ҳамин қадар аст, ки вақте ҷомеа фасод мешавад дигар дар чашмаш наменамояд. Миллати тоҷик имрӯз ба патриотҳо ниёз дорад, ки инҳо ниҳоят ниҳоят каманд. Шумо ҳам медонед, аз мо хубтар, лекин мардум метарсанд ки далел пешниҳод кунанд судкашак кунанд, баъд медонед ҳоли онҳо чӣ мешавад? Шумо метарсед корро оғоз кунед, мардуми бечора чӣ. Танҳо як Президент наметавонад ҳама корҳоро кунад, кай як ҷо сафарр кунад, ки ин мансабдоро баъд кор кунанд. Президенти кишварро вақте фиреб медиҳанд, дигар ӯ бечора ҳам чӣ кор кунад бо ин мардум?
Баъд ман ҳам ба дахолати дигар кишвар дар умури кишварамон сад дар сад зид ҳастам. Вале вақте коре мекунам, ки дигар кишвар ҷуръат пайдо мекунад ва барои гапи оддӣ мешавад, айби мансабдорон ва мансабфурушон ҳам ҳаст, инро низ бояд эътироф кард.
Паёмбари Ислом гуфтааст, ки: Агар вазифа ба номутахассис дода шавад, қиёматро мунтазир бошед.
Яъне ҳоло гуфтаи кишвари Амрико як тараф истад қиёмат ҳам бо ин кори мансабфурушӣ меояд, инро мунтазир бошед ё тезтар ин корро бас кунед.

Гурез Қосимзода мо намегуем, ки дар акедимияи илмхо, ё ин ки маркази тадкикоти стратеги вазифа фуруши хаст. Дар ин корхонахо агар чавононро банди намеистанд. Мо милиция, КГБ, гумрук, агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Раисони шахру вилоят, Алюминиевый завод, Барки точик, Рохи охан, фурудгох, вазорати алока, Кумитаи Андоз ана ин вазорату корхонахо чои равганин доранд. Барои чи музди мехнат кам аст? сатхи зиндагии мансабдорон хуб? Айбаст, барои чи точик дар дигар мамлакат метавонад кор кунад пеш равад, дар Точикистони худ наметавонат, потенциали худро реализовать карда? хулас гап бисёр аст. аммо фурсат кам аст, мо низ бекор нестем то ки соатхо шишта нависем, ман медонам, пеш рави хаст, аммо кам аст. бояд мо тез кор кунем на он ки як объектро 10 солахо кашонем.

Рӯзе дар як маърака сухан дар бораи раиси яке аз ноҳияҳо рафт. Мардум аз камбудӣ ва фасод ба ранҷ омада, 20-30 нафар назди ҳукумати ноҳия рафта бошанд. Раиси ноҳия берун шуда гуфта бошад: "КУҶОЕ АЗР МЕКУНЕД, БИКУНЕД! МАН ИН ВАЗИФАРО БА ФАЛОН ҲАЗОР ДОЛЛАР ХАРИДАМ. БО МАН КАСЕ КОРЕ КАРДА НАМЕТАВОНАД!
Тавре мегӯянд: Ба шарҳ ҳоҷат нест!

Чаноби Косимзода, салом. Маълум аст, ки вазифаи чавоб гуфтанро ба ин макола дар идораатон ба шумо водор кардаанд ва шумо дигар илоче хам надоред ба чузъ дуруг гуфтан. Аммо бовар дорам шумо хам дар кайхон неву дар байни мардум умр ба сар мебаред ва фарзанду хешу табор доред, ки дар ин сарзамин ба сар мебаранд. Он и айён аст хочат ба баён нест. Ин нуктаи хариду фурушро на танхо шумо балки толибилми хурдсоли мактаб хам медонад. Шояд шумо хам мисли дигар хидматчиёни давлати бо як маош умр ба сар баред аммо дуруг гуфтан торикии имон аст. бехтар мебуд агар сардори макоматон хд чавоб мегуфт. мисолхо сад андар саданд.......

Мухтарам Грез Косимзода !
Барои ошкоро баромад намуданатон ба Шумо ташаккур,
Дар макомотхои давлати фуруши мансабхо вучуд надошта бошад хам вале, "вазифаро холи кунед","ин одама ман набинам","чоятонро ёбед" ва дигар намудхои фишоровари мавчуд аст ва мисоли равшани он ин ман шуда метавонад. Сари ин масъала ба унвонии Шумо 7 июли соли чори аризаи шикояти фиристодаам ва барои халли мусбии он бовари дорам.
Бояд иброз намоям, ки ман ягон бор дар тули фаъолиятам шикоят накардаам. Дигар рох набуд. Маро дуруст фахмед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)