Бахшҳо

Аз сокинон хостаанд, фитри рӯзаро ба имоми деҳаашон диҳанд

Яке аз корбарони торнамои “Озодагон” бо ирсоли номае гуфтааст, аз онҳо хоҳиш шудааст, то фитри рӯзаашонро ба имоми деҳаи худ бидиҳанд. Ҳоло ин номаро нашр карда, аз Шумо мехоҳем, то назараи худро бигӯед ва ё бо чунин ҳол дучор омадаед, бинависед.


"Дар Тоҷикистон ҳама чиз сиёсӣ шудааст. Намозхониву муллову масҷиду мадраса ҳам қариб сиёсӣ шудаанд.

Акнун навбати фитри рӯза расидааст. Онро ҳам сиёсӣ карданиянд. Чанд рӯз пештар дар як деҳаи Файзобод мусофир шудам. Қабл аз намози таровеҳ раиси маҳалла эълон кард, ки тибқи амри ҳукумат ҳамаи сокинон бояд маблағи фитри рӯзаи худро ба домуллои деҳа бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар маҷлиси ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки ин фармон аз “боло” аст.

“Фитри рӯза барои як нафар 4 сомонӣ муайян шудааст. Дар як оила агар 4 кас бошад, 16 сомонӣ мешавад”,-гуфт раиси маҳалла ва идома кард, домулло бояд як рӯйхат карда ҳамаи онҳоеро ки фитри рӯза медиҳанд, номнавис кунад: “Ҳама бояд фитри рӯзаро ба домулло бидиҳанд. Домулло рӯйхат карда ба ҷамоат мебарад. Дар маҷлиси ноҳия гуфтанд, ки ин маблағҳоро ҷамъ карда, дубора дар конвертҳо ба деҳаҳо бармегардонем”.

Ӯ гуфт, ки ҳар ҷамоат рӯйхати ниёзмандонро дорад ва маблағҳо баъди баргаштан бо конверт ба онҳо тақсим мешавад. Ростӣ гап, намедонам, ки ин амр дар ҳамаи ноҳияҳо бошад ё танҳо дар Файзобод, аммо ба гуфтаи раиси маҳалла, дар маҷлис гуфтаанд, ки дар ҳама ҷо чунин супориш шудааст.

Ба ақидаи ман ҳар шахс дар додани фитри рӯза соҳибихтиёр аст ва бояд худаш интихоб кунад, ки онро ба кӣ бидиҳад. Ӯ беҳтар медонад, ки кӣ ниёзманд аст. Дар болои ин домуллоҳо дигар кор надоранд, ки боз варақу қалам гирифта ба номнавису рӯйхат кардани одамон машғул мешаванд? Нашавад, ки фитри рӯза ҳам як усули кисапуркунӣ гардаду чанд нафар аз ин ҳисоб бедардимиён соҳиби пул шаванд?

Монед, ақаллан, мардум худаш интихоб кунад, ки фитри рӯзаро ба кӣ диҳад. Наход, шаҳрвандон барои ин кор ҳам ҳақ надошта бошанд?

Муродулло САЛИМОВ"
Мӯҳр
Газоли
Агар ин дуруст бошад,падидаи нав нест. Дар замони Renaissance- давраи ЭХЁ асри 16 мелоди, ПОПИ калисои католики барои омурзиши гунохо ва харидани чои дар бихишт -(индульгенция) бо бандагони Худо ""фитр"-ро ба хамин монанд, хариду фуруш мекард.

fayzobodi
”domulloho” magar kori digare dorand?

Dar borai Fayzobod guftaniam,ki raisi navi in nohiya,ki az kadom mintaqai kulob ast barvaqt az xati qirmiz ubur kardaast...

Ман дар кори масъулини кумитаи дин хайронам гохе ба ин кор ва гохе ба он кор даст мезанад. Рости Озодагон Шумо хафа нашавед вале мегуянд шумо хам зархариди Кумитаи дин хастед ва ле ба хар хол менависам нашр мекунед ва ё не ин аз имони шумо вобаста аст. Рузхои Чумъа ки дар нохияаамон ба масчид меравам факат гап дар бораи тамаллук кори ва шукрона кунед хаст . мегуянд ваъзномаро кумитаи дин менависад вале як савол! Чао кумитаи дин ваъзхояшро дар мавриди Порахори барои хач наменависад ки имрузхо савждои квотаи хач чараён дорад, Чаро дар хусуси порахори дар ниходхо ва идорахои давлати наменависад , чаро дар мавриди хешу таборбози наменависад, чаро дар бораи азхудкунии бардуруги масъулин дар идорахо наменависад, чаро дар фурухтани мансаб наменависад, чаро фатвои доадани ришва барои хач ва дар сурати як долар доадни ришва сад дар сад харом будан ва кабул нашудани хач наменависад. Ва аз хама фочеаовартараш ин аст ки чаро ин ваъзномахоро Маркази Шурои Уламо наменависад

Ман ба ҳақиқати будани ин воқеа бовар мекунам, зеро ҳукуматҳои маҳаллӣ дар густохӣ аз ҳад мегузаранд. Шояд ин пешниҳоди муллоҳо набошад. Инро ҳукумати ноҳияи Файзобод ихтиро кардааст. Ин тавр бошад, Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои уламо бояд ин амри Файзободро шарҳ бидиҳанд - тасдиқ ё рад бикунанд. Бешармӣ ва густохӣ (наглость) то дараҷае расидааст, ки ҳукуматҳо дар маҳаллҳо намедонанд бо кадом роҳ пули мардумро биситонанд. Ба ростӣ мо дар "тараққиёти худ" ба асрҳои миёна - давраи феодалӣ дубора баргаштем! Вой ба ҳоламон! Эй, вой! Намедонӣ, доди худро ба кӣ гӯӣ!

Мастчоҳи
Хандаовар. То ин хад ба харами шахсии инсонхо дахолат кардан камоли беномусист.

фитри руза барои камбагалон аст. Эмоми дех низ дигар маош надорад, манбаи даромад надорад. ба у диханд хам мешавад, вале номнавис кардани садакадихандагон ин нодуруст аст. Садакадиханда аслан намехохад, ки номаш зикр шавад. Ин як чавонмардии исломи аст. Ин корро накунанд, ки аз як одати неки исломи: - садакаро тавре дихеД, ки дасти чапатон огох нашавад - халос мешавем. Кучо расад ба номнависи.

Раиси нохияи Файзобод боз як конуни дигар баровардааст ки касе ки ба хач меравад бояд 2000 доллар ба суратхисорби нохия гузаронад баъд документаша кабул мекунанд . Ана давлату мана давлат. Халки бечора бо азоб базур пули хача мекунанду боз 2000 долари дигар аз кучо меефта бошан. акалан 500 сомони гу худобехабар...

ояндасоз
рафта рафта сокинон кор мекунанду ба музди маош имзо гузошта нисфи онро бо "хохиш"- и худ ба мулло ё раиси махалла месупоранд. проста гуломдори дар шакли муосир

Афшин
аввалаш ин ки ин кори ман ба ки фитри рузаро медихам ё намедихам, солхост, ки аз руи аклу вичдон фитри рузаро ба як маъюби бекори хамсоя пеш аз ид бо дили кушод бурда медихам ва дар ин масъала гап ё даъвати касеро эътироф намекунам.

МУРОДУЛЛО САЛИМОВ АГАР СУХАНАТОН РОСТ БОШАД НОМИ ДЕХА, НОМИ РАИСИ МАХАЛЛА ВА НОМИ ДОМУЛЛОРО НАВИСЕД ЧАРО АЗ ПЕШИ ХУД ДАР ХАМИН МОХИ РАМАЗОН ДУРУГ МЕГУЕД САД ХАЙФ БАРОИ МУСАЛМОНИИ ШУМО.

рузадор
Ана боз макомот рохи дигари даромадро пайдо карданд. Ман ба ин корхояшон хайрон мешавам, вакте масъалаи дину ислому намозу куръон мешавад мегуед инчо хукумати дуняви аст, о хукуматихо бо фитри руза, ки аз рузадорон яъне диндорон яъне мусалмонон яъне аз ислом аст, о магар точикитсон давлат дуняви нест? шумо чи кор доред бо фитру рузаи мардум? шарм доред, агар мард бошед аввал точикистонро чумхурии исломи эълон кунед баъд вазорати авкоф таъсис дихед бе гуфтаи шумо мусалмонхо рафта фитри рузаро ба он вазорат медиханд то он вазорат ба мардуми камбагал сарф кунад, вале холо коратон набошад мо дар давлати дуняви зиндаги мекунем шумо чи кор доред ки мо фитри рузаро ба ки медихем дар корхои динии мо шумо дунявихо дахолат накунед аниктараш хак надоред. ФАХМО!

ким ки
//// кати аму дину намозхонитон

А-а
Хуршед, Озодагон бисьёр чизхоро пинхон медорад. Охир инхо зархариди Кумитаи дин хастанд барои чи не.

А-а
Комил, Мисол меорам: ш. Истаравшан махаллаи "Садовая" хозира Багот. Масчидро як сохибкори "Наркобарон" ба ухдаи худ гифта ба тарзи замонавиба сохтумонро сар кард. Пас аз чан хафтае Раиси махалла Акаи-Хесейн бо домулло-Абдуллои махалла хона ба хона гашта аз хар як кас талаб намуданд,ки барои масчид 500 сомони оварда ба дасти домулло супоранд.
Касоне, ки бо хар гуна сабаб рози намешуданд бо бахонаи тую танзимхо онхоро метарсониданд. Магар баро сохтани масчид бо зури пул ба даст меоранд. Чоп КУН!

Домулло ва муллохо барои як тиловат 50-100 сомони аз мардум барои хаки хизматашон мегиранд. Оё ин дуруст аст?
Куронро ба манфиати худ истифода мебаранд ин дуруст аст?
Як тиловат кардан барои онхо бизнес шудаги ё не?
Хамин Тура-калон аз кадом хисоб зиндагони мекарда бошад?

ЧОП КУНЕД ИЛТИМОС.

МУФТИ
Ин кор нодуруст аст. Агар касе ба инсоне садакаи фитрашро дихад, ки факиру камбагал нест садакааш дуруст намешавад. Бояд аз нав супорад. Ба имомхои имруз аслан чизе додан дуруст нест, чунки пулдор хам хастанд, ва хукуматрт низ фиреб мекунанд. Дар ин кор хукумат ба хеч вачх наметавонад дахолат кунад, зеро ин ибодат аст ва кадом муфтии гуфта бошад хонааш барвакт сухта ва хоки тар шудааст. Хар нафар хешу таборе дорад, ки хочатманд аст, бародар, хохар, апа, таго, хола, ама, амак, писарон ва духтарни онхо агар камбагал бошанд бехтар аз хама ба онхо додан аст. Баъд ба хамсояи камбагал ва дигар бегонахо. Вале ба ин имомхо хукумат маош медихад, форма медихад, додан ба кариб хамаашон, магар такводорони камбагалаш, дуруст нест. Ибодати худро ба пушти ин имомхои бесавод муаллак нагардонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)