Бахшҳо
23 июл 2014 11:52Тоҷикистон / Тема дня

Раҳматилло Зоиров ҳимояти Шӯҳрат Қудратовро ба дӯш гирифтааст

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва ҳамзамон раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ҳимояти ҳуқуқӣ аз Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшударо ба уҳда гирифтааст. Худи Зоиров дар тамос бо мо гуфт, ин тасмим баъд аз ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбаш, ки субҳи 23 июл баргузор гардид, гирифта шудааст.

“Дар шӯрои сиёсӣ гуфта шуд, парвандаи Шӯҳрат Қудратов, воқеан, характери сиёсӣ дорад. Аъзои ҲСДТ рух додани ин ҳодисаро, ки сарчашмааш иғво мебошад, тахмин мезаданд. Танҳо Агентии зидди фасоди молӣ ин корашро амалӣ гардонда наметавонист, ба он хотир ки ягон асос надошт. Акнун як сӯҳбати ӯ бо додрасро баҳона карда, ҳамин чизро амалӣ гардонданд”,-афзуд ӯ.

Раиси ҲСДТ мегӯяд, Шӯҳрат Қудратов яке аз аъзои фаъоли Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон буда, аз моҳи декабри 2011 ба ин сӯ муовини ӯ будааст. Вай афзуд, аз рӯзи чоршанбе, 24 июл, ба масъалаи ноибаш дар ҲСДТ машғул шуда, барои озодии ӯ тамоми талошашро хоҳад кард.

Яке аз масъалаҳое, ки аз ҳоло Раҳматилло Зоировро нигарон кардааст, тафтиши хонаи Шӯҳрат Қудратов будааст. “Кормандони Агентӣ ғайриқонунӣ хонаи Шӯҳратро кофтукоб намуда, маблағи дар он ҷо бударо, ки аксарияташ аз худи ӯ нест, гирифтаанд. Маблағҳо ба бародари ҳамсараш, модараш ва падараш тааллуқ доранд”
,-афзуд Зоиров.

Шӯҳрат Қудратов, ки тайи бештар аз як сол, ба ҳайси вакили мудофеи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав баромад мекард, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба як додраси Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар дар шарҳи расмии ҳодиса гуфтанд, гӯиё Қудратов барои ҳалли мусбати қазияи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташ ба додрас Шерзод Низомов дуним ҳазор доллар пул пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло алайҳи Шӯҳрат Қудратов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр
Муфлис
Зоиров? не ки чигари гапа гуфти "Маблағҳо ба бародари ҳамсараш, модараш ва падараш тааллуқ доранд”. Оё дар Тоикистон одаме ёфт мешавад, ки маблагхояш дар кисаи худаш бошад ?

Сайид
Ягон хел сиёсй нест. Ин мухолифин ёфтанд гапи осона: гуё масъала хосияти сиёсй дорад. Бо порадихй дастгир шудаст, чавобашро гуяд. Тамом!

дар хонааш пул дорад е на аз касе ки бошад ба дигарон чи дахл дорад.

Зоиров - о ту ку як узбак хасти ! хап куну дамата чукур гиру шин ! Умуман туро раиси хизб гуфтан, ин худ як аблахист ! Кадом хизб? Ку хизб? Дар интихободи каблии парлумон сухангуиро туро тарики телевизион ёд дорам, дар хамончохам худата дошта натонисти, ахир ба узбаки мурочиат карда буди: Бугун чкра, пкра шунде чрак прак - карда чизе лак лак карди! Биё ты чура баъди обед гап зан ! оптом бурида партош, шумохам кати Зоиров якчояен ба фиркам !

Зоиров - о ту ку як узбак хасти ! хап куну дамата чукур гиру шин ! Умуман туро раиси хизб гуфтан, ин худ як аблахист ! Кадом хизб? Ку хизб? Дар интихободи каблии парлумон сухангуиро туро тарики телевизион ёд дорам, дар хамончохам худата дошта натонисти, ахир ба узбаки мурочиат карда буди: Бугун чкра, пкра шунде чрак прак - карда чизе лак лак карди! Биё ты чура баъди обед гап зан ! оптом бурида партош, шумохам кати Зоиров якчояен ба фиркам !

Саприкин
Ин мардум миллати точикро содда ва бесавод мехисобанд.....Асри нанотехнология аст корбарии замони комунистмаоби гузашт.

Сайдми ё ягон кур карми ту надидосими чи шудос ё ту дидими чиноята содир кардагиша ту барин номардхо хомуш шиштан гиретон ана мебини чанд вакт баъд хамхобаги бо занат хам бо ичозаи намояндагони давлат кати сурат мегирад

озодагон!хаму комментои мара дар ........................, баъд ай зоирова!

Эдгар Гесс
Муаллим Зохиров бо узбак ягон алокае надорад.У точики пургурур ва озодандеши тошкандист на самарканди ва на бухори.Дар Тошканд ва нохияхои хамчавораш зиёда аз яку ним миллион точики тошканди зиндаги мекунад!Онхо шабона дар хона барохат бо точики гап мезананд,рузона бошад дар куча узбак мешаванд.Узбак баровардани ин фарзанди фарзонаи миллати мо ва хамчунин афгон хисобидани Ахмадшохи Масъуд кахрамони ягонаи хазорсоли охир ва меъмори сулхи точикон ин кори дасти турктабороне,ки имруз худро точик гузаронида аз номи точик амал мекунанд хаст на каси дигар.

Гичдувони
Зоиров- Олими хуби илми Хукук аст, ки инро дустону ракибон хама эътироф мекунанд. Тем более Точики Тошканди будааст. Барои мо Точикон боз хам хубтар, ба гайр аз даъвои Самарканду Бухороро гирифтан боз через Зоиров Тошканда мегирем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)