Эълони рӯзи Иди Фитр ва талаби 600 сомонӣ ҳаққулузвият
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, санаи 28 июлро рӯзи Иди Фитр эълон кард.
Маъруф Бобоев, котиби матбуотии ин ниҳод, гуфт, Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ҷаласаи рӯзи 23 июли худ санаи дақиқи Иди Фитрро муайян кардааст. “Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 7:00-и 28 июл оғоз меёбад”,-афзуд ӯ.
Шӯрои уламо дар идома имомхатибонро вазифадор кардааст, дар мавъизаҳои худ диққати сокинонро ба дастгирию кумаки ятимон дар рӯзҳои хурсандӣ ҷалб карда, ба сарфакорӣ дар рӯзи ид даъват кунанд. Инчунин дар ин қарори Шӯрои уламо таъкид шудааст, масоҷиди ҷомеъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда дар намози ид 600 сомонӣ ҳаққи аъзогиро ба хазинаи Маркази исломӣ бисупоранд.
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола баъди ба поён расидани моҳи шарифи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |