Бахшҳо
01 авг 2014 11:55Тоҷикистон / Акс / Видео

Cокинони “Военный городок”: Масъулон, куҷоед, куҷо? (АКС+ВИДЕО)

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз саривақт холӣ нашудани партовгоҳҳо, бахусус дар фасли гармо, шадидан ибрози нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, баъди он ки қуттии партовҳо пур мешаванд, аз сӯи афроди “номаълум” дар ҷойҳои наздик ба манотиқи маскунӣ оташ зада мешаванд.

Сокинони кӯчаи “Ханжин” ё маҳаллаи маъруф ба номи “Военный городок”-и пойтахт мегӯянд, тӯли чанд рӯз аст, партовгоҳҳои онҳо дар макони худ боқӣ монда буду бегоҳи 31 июли соли ҷорӣ аз ҷониби кадом нафаре ба оташ кашида шудааст. Аҳмад Нуралиев, як сокини ин маҳалла, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сӯхтор дар ин партовгоҳҳо ҳанӯз соатҳои 17:00 ба амал омадаасту то субҳи рӯзи 1 август сокинони ин минтақа дар иҳотаи дуди ғализи партовҳо шабро рӯз кардаанд.

Cокинони “Военный городок”: Масъулон, куҷоед, куҷо? (АКС+ВИДЕО)“Оташ задани партовҳо ҷойи худаш аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ягон масъуле чеҳраи худро намудор намекард? Дар сурате ки барои гирифтани пули “мусор” ҳатто баъзан нимаи шаб ва рӯзҳои истироҳат низ дари мардумро мекӯбанд. Куҷоянд? Аммо ин дуди барҳаво ва мусори беш аз як моҳ хобидаро касе намебинад ба ҷуз ду се БОМЖ, ки чизе меҷӯянду чанд тифле, ки аз надоштани ҷойи хуби бозӣ атрофи он даву тоз доранд…”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ин сокини пойтахт, партовгоҳи мазкур ягона маконест, ки истиқоматкунандагони 8 бинои воқеъ дар кӯчаи Ханжин ва беш аз 100 ҳавлии ин минтақа партовҳои худро ба онҷо мебаранд: “Табиист, ки барои як минтақаи бузург будани як партовгоҳ кам аст ва ба хусус сокинони биноҳои 34, 33, чанд ҳавлии дигар, ки дар 10-15 метр аз партовгоҳ воқеанд аз ҳама бештар ранҷ мебаранд ва бояд кормандони ин соҳа бояд тез-тез онро пок намоянд. Аммо тавре сокинони ин минтақа мегӯянд, инак, наздик ба як моҳ шудааст, ки боре онро пок накардаанд ва дар ин гармои шадид ва дар моҳи шарифи Рамазон мардуми дар бӯйи он шабро саҳар мекарданд.”



Аз сӯи дигар, сокинони маҳаллаи “Военный городок” мегӯянд, бетаваҷҷуҳии масъулони соҳа дар робита ба оташ гирифтани партовгоҳҳо дар ҳолест, ки бархе аз онҳо ба бинои истиқоматию гаражи мошинҳо наздик буда, эҳтимоли ба коми оташ рафтани онҳо низ вуҷуд дошт. Онҳо дар шарҳи гуфтаҳояшон аз амру фармонҳои раиси шаҳри Душанбе барои тозаву обод кардани пойтахт дар арафаи ҷашни 90-солагиаш мисол оварда, меафзоянд, “барои ободӣ ва зебоии шаҳр шиору кӯшишҳое ба чашм мерасад. Барои тоза нигоҳ доштани шаҳр бо амри шаҳрдорӣ тамоми танӯрҳоро ба хотири раҳоӣ аз дуди онҳо тахрибу аз байн бурданд, ки ҳатто харобаҳои онҳо низ дар пеши ҳар биное ҳанӯз боқӣ аст ва ба харобазор монанд. Масъулин чаппа карданду аммо аз пурра пок кардани онҳо фаромӯш карданд.”
Мӯҳр
в
Кучо аст хамон раиси шахри таърифи? Е дар Душанбе танхо кучаи Рудаки асту бас?

Масъулин 1777 фохишаи капидагишона мулохода фас додаю капидестиян дигар кор надоран

э товба, ба чи табдил дода истодаанд, шахри Душанберо. Окибати дуругу пораву бемаданияти ва риоя накардани одаму одамигарии хамин будааст.

salmon
САЛОМ БА ХАМАГОН
ИН ХОСИ ЯК МАХАЛА НАБУДА БАЛКИ ДАР АКСАРИ ПАРТОВГОХО ЧУНИН ХОЛ АСТ БОВАР НАКУНЕД БА ПАРТОВГОХИ НАЗДИ МАКТАБИ 71 Н ШОХМАНСУР НАЗАР КУНЕД

58
мардум пули мусура ки доден талаб кунен да причем тут раиси шахр.Лекин маршруткаи №2 аз 1-ум советский то лаби дарера 2 сомони мегирад инаша бояд шахрдорон бояд дида бароянд хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)