Бахшҳо

Хонанда: “...агар ин аҳволро бинанд, дар бораи Ватану ҳукумати мо чӣ фикр мекунанд?”

Дар пайи зиёд шудани шикояти сокинони шаҳри Душанбе аз сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳо дар пойтахт, яке аз корбарони “Озодагон” низ бо ирсоли нома ба унвони хабаргузорӣ, аз мақомот хостааст, ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.


“Мушкиле, ки банда дар ин номаи худ меорам, яке аз масоили мубрами рӯз ва муҳим барои ҳар як сокини шаҳри Душанбест. Дар баробари ин ки он ҳар рӯз миёни мардум ба баҳс кашида мешаваду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баррасӣ мегардад, аммо бисёр кам ё ин ки умуман дар шабакаҳои марказӣ (Шабакаҳои телевизиони давлатӣ) ва дар қисми зиёди ВАО матраҳ намегардад. Сухан дар бораи партов ё партовгоҳҳо меравад.

Аксари мардум мегӯянд, роҳбарияти мо дар бораи арзишҳои аврупоӣ сухан мекунанд. Бале, кӯшиш мекунем, мисли Аврупо бошем, боз худро аз онҳо баъзан пешрафта мешуморем, аммо вақте ки гап дар бораи тозагию назофат меравад, бетарафӣ изҳор намуда сар меҷунбонем.

Дар куҷое набошам, ҳамеша мефахрам, ки тоҷикистониям ва аз Душанбе мебошам. Яке аз дӯстони ман -- Зафар Абдуллоев дар Фейсбук таҳти шиори “Пойтахтамон 90-сола шуд, табрик!” як акс гузошт. Дар ҳамон акс ҳам гап дар бораи партовҳо буд. Албатта, на ба ӯ ва на ба дигар сокинон партовҳои сари кӯчаҳо писанданд, ки зебоии шаҳрамонро коста кардаанд.

Бархеҳо мегӯянд, сабаби зиёд шудани партовҳо гӯиё афзоиши шумораи аҳолии пойтахт ва биноҳои он аст. Аммо агар ба омори дигар шаҳрҳои сераҳолӣ нигарем, 10 баробар зиёд аз Душанбе аҳолӣ доранд, ки мисоли равшанро метавон бо як пахши тугма аз интернет пайдо кард. Бархеи дигар бар инанд, ки қисми зиёди сокинони пойтахт аз деҳа омадаанду тарзи дурусти шаҳрдориро намедонанд, дар сурате ки ҳар яки мо аз кадом қишлоқе омадаем, яке аз дигаре пеш. Аммо вақте ки мо ба ягон шаҳр меравем, чи хеле ки мардуми таҳҷоӣ рафтор мекунанд, ҳамон хел рафтор мекунем. Бар зидди мо мақоле мегуянд, “тозагӣ онҷо нест, ки тоза мекунанд, тозагӣ он ҷост, ки партов намепартоянд”, аммо ин аз фаъолияти инсон вобаста аст, хоҳем нахоҳем партовҳо пайдо мешавад. Одамон мегӯянд, то худи одам ба ягон воқеа гирифтор нашавад, аз ҳамон воқеа бехабар аст ва ман ба ин воқеа рӯбарӯ шудаам. Баъди чанд соли хонадоршавӣ ба ҳавлие кӯч бастаму пас аз як муддат дар рӯбарӯи хонаи мо партовгоҳ сохтанд. Коргарони ҳукумат ваъда доданд, ки баъди чанд рӯз барои партовҳо қуттиҳои махсус меоранду ду рӯз баъд тоза мекунанд. Беҳуда бовар кардам.

Намехоҳам дар бораи партовҳо нависам, лекин маҷбурам ин корро кунам. Коргароне, ки дар он партовҳо кор мекунанд, шаробхоранд, ҳафтаҳо сипарӣ мешаваду партовҳо дар қуттиҳо боқиянд. Ҳоло як ҳафта мешавад, ман шоҳиди як ҳолати бесарусомонӣ дар назди хонаи худ ҳастам, ки ҳатто фикр намекунам, фардо ин мушкил бартараф шавад. Чун чанд сол аст, инҷо зиндагӣ дораму аз таҷрибаи фаъолияти масъулини соҳа бохабар ҳастам. Ман бовар дорам, ҳар як сокини пойтахт барои хизмати коргарони мазкур миқдори муайяне маблағ месупоранд. Чаҳор рӯз аст, аз хона ба мошин баромада наметавонам, партовҳо соат то соат пур шуда, роҳи баромад аз хонаро бастааст. Пагоҳ ё пасфардо то дари хонаи ман пур мешавад.

Дар ҳоле ки, фикр мекунам, имрӯзҳо намояндагони баландпояи аксар кишварҳои ба мо дӯст, аз ҷумла вазирони умури хориҷии онҳо ба Душанбе барои гузаронидани чорабинии ШОС омадаанд, агар ин аҳволро бинанд, дар бораи шаҳри мо, ватану ҳукумати мо чӣ фикр мекарда бошанду барои вазъ ва фаъолияти онҳо чӣ баҳое медиҳанд?!

Албатта, бо ин мушкиле, ки ман рӯбарӯам, ба фикрам, сокинони дигари манотиқи шаҳри Душанбе низ онро доранд. Чун дар яке аз мақолаҳо хонда будам, ки дар баъзе навоҳии шаҳр дар 2 моҳ 1 бор партовҳоро тоза мекунанд. Аз мо қариб, ки 12 рӯз меистанд, ки ҳатто гуфтан мумкин аст, бори дигар дар рекорди ҷаҳонӣ дохил мешавад. Дар ҳоле ки бо қарори шаҳрдории Душанбе бояд ҳар рӯз партовҳо аз пеши хонаҳо ва иморатҳои истиқоматӣ берун бароварда шаванд.

Ман худамро доно намегирам ва маслиҳат ҳам намедиҳам, инчунин мутахассиси соҳаи мазкур низ нестам, аммо ҳамчун як сокини пойтахт умед дорам, дар оянда ҳама хуб мешаваду фарзандони мо дар Душанбеи тозаю озода дур аз фазои ғализу пур аз бӯйи партовгоҳ зиндагӣ мекунанд.

Алишер ХУШВАҚТОВ

Хонанда: “...агар ин аҳволро бинанд, дар бораи Ватану ҳукумати мо чӣ фикр мекунанд?”

Хонанда: “...агар ин аҳволро бинанд, дар бораи Ватану ҳукумати мо чӣ фикр мекунанд?”
Мӯҳр
Поки
Рохи халли ин проблема вучуд дорад. Раисони махалла ва кучахои шахрро ба чавобгари кашидан даркор. Дигар бепарвои ва беэътинои зохир намешавад.

Бисёр проблемаи мухим бардошта шудааст. Ман таклиф менамудам, ки "Озодагон" як журналисти худро сафарбар намояд, барои инъикоси мавзуи "Тасарруфи кучахои пойтахт аз чониби сагони дайду". Баъди карори шахрдори нисбати манъи нигохдории хайвонот дар манзилхои шахси, аксарияти сокинони пойтахт сагхои худро берун кардданд. Дар натича кучахо пури сагхои дайду шуд. Вактхои охир тудаи чунин сагхо дар махалаи 61-ум хеле зиёд шудаанд.Бовар кунед, дили одам вахм мегирад, баъзе сагхо ончунон бадхайбатанд. Тарси мо асосан аз кудакон аст, ки мабодо сагхо нагиранд. Мо имруз ба сайти хукумати ш. Душанбе низ мурочиат хохем кард.

Туроб
Вокеъан Кургонтеппа низ ба маркази кучийни юртаги бо ифлосияш монанд шудост.

щ
Мардуми кишлоки Душанберо зер карду онро ба ифлосистон табдил дод. Ахлотро ба кудаконашон медиханд. кудак то ахлотгох нарафта онро дар чойи пиедагардон мегурронад.

сабо
Бале ин масълае шудааст, ки ба он бояд Убайдуллоев ёнамедонам худи Президент бояд дахолат кунад. Зеро ки чандин сол аст, ки халли худро намеёбад Дар бинои 9 ошёна то 9 ошёна партов пур шуда, кад- кади рохравро мегирад, даххо бор занг мезанем ба ташкилоти дахлдор ваъда медиханд, вале баъди чанд рузи дигар агар фурсаташон расад баъд меоянд. Дар ин фасли гармо хатто терезахоро аз буи бади партовхо кушода намешавад.

ЧАМИК
ХАМИ РОХБАРОНИ МО АЗ УХДАИ ТОЗАКУНИИ ХАМИН ПАРТОВХО Ё БА КАВЛИ ДИГАР МУСР НАМЕБАРОЯНД ХУБТРАШ ДАР ИХТИЁРИ ХИТОЙИХО ГУЗОРАНД ДАР КОР ШАВАД ХАМ ТОЗА МЕКУННАД ВА ХАМ АЗ ХАМИН МУСР БАРОИ МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН ЯГОНЧИЗИ ЛОЗИМА МЕСОЗАН!!!!

уен
сабо,

Убайдуллоев вакт ба ин гуна масъалахои майда чуйда надорад. У масъалаи чиддитареро хал карда истодааст: паст кадани нархи гушт.

Халки Руссия агар ин холро бинанд,чи мегуфта бошанд?хонаи худ пур аз ифлосиву партов,лекин хонаи хамсояро мо тоза карда гаштаем.Ин хамааш аз паст будани маош ва рохбарони ин кумита аст.

Проблеми асоси дар кор накардани сохторхои давлати аст. Охир хама танхо бо пулчамъкуни овораанд. Кадрхои асосиро низ аз руйхати хешовандон ва хамкишлокиён мегиранд. Онхо ба партови махаллахои мо чи кор доранд? Аз тарафи дигар онхо холо он кадар донишу малака надоранд, то дарк кунанд, ки партов чизи бад аст.

Айб дар худи сокинони пойтахт аст. Худашон гирду атрофро бо партов пур мекунанду гунохро дар дигарон мебинанд. Бииёед аввал тозагиро аз даромадгохи хонаи худ, аз назди хавли, аз богу гулгаштхо огоз намоем, фарзандони худро ба тозагии тарбия кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)