Иттиҳом алайҳи корманди “Амонатбонк” барои аз худ кардани миллионҳо сомонӣ
Умаралӣ Мирзоев, мудири филиали Бонки давлатии “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт, ба иттиҳоми “сохтакории ҳуҷҷатҳо” ва “азхудкунии маблағҳои бонкӣ” дастгир шудааст.
Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, оқои Мирзоеви 57-сола гӯиё “бо роҳи азхудкунӣ, исрофкорӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ” давоми солҳои 2012-2013 аз ҳисоби маблағҳои нақдии хазинаи бонк, ки дар ихтиёраш қарор доштаанд, ҳудуди 2 миллион сомониро тасарруф намудааст.
Инчунин, гуфта мешавад, ин намояндаи “Амонатбонк” аз роҳи сохтакорӣ ба номи 91 нафар ба маблағи 4 миллиону 359 ҳазору 500 сомониро ба расмият даровардааст, ки гӯиё онҳо маблағи мазкурро аз хазинаи бонк бо тариқи нақдӣ гирифта бошанд.
Бино ба иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба Умаралӣ Мирзоев бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “Б” ва 340 қисми 2 банди “А”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |