Бахшҳо

Даъвати муовини муфтӣ барои қатъи риёкорӣ ва бадбинии олимон

Домулло Сайид Акбар - муовини муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъа аз сокинони кишвар даъват кард, толибилмону донишҷӯёнро дастгирӣ кунанд.

Ӯ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе рӯзи 29 август гуфт, ба ҷои барпо кардани баъзе аз ҷашну маросим ё маъракаҳои риёӣ агар аз толибилмон ва донишҷӯёни ниёзманд дастгирӣ кунем аҷру подоши зиёд дорад.

Муовини муфтӣ илова кард, “бархе аз инсонҳое ҳастанд, ки ба хотири нишон додан ба мардум хайру эҳсонҳое мекунанд ва подоше ҳам намегиранд. Ба ҷои ингуна хайру садақот агар мо аз донишҷӯён дастгирӣ кунем, беҳтар аст. Имрӯзҳо бисёр донишҷӯёне дорем, ки дар хариди китобҳои дарсӣ ё супоридани маблағи шартномаи таҳсили худ бо мушкили молӣ рӯбарӯянду ин вазъ онҳоро ба қатъи таҳсилашон водор месозад.

Домулло Сайид Акбар дар идома ба шарҳи ҳикмат ва мақоми илму олим дар ҷомеа пардохта, гуфт, паёмбари Худо (с) беҳтарин шахс нафареро хондааст, ки Қуръонро меомӯзаду ба дигарон меомӯзонад.

Олимон меросбарони паёмбаранд. Чӣ қадар, ки падару модар фарзанди худро дуст медорад, олимон аз он дида бештар ба мардумашон дилсӯзу ғамхоранд. Ҳар кас нисбати олимон дар дил душмание дорад, пас ҳалок шудааст”, - афзуд муовини муфтии кишвар.
Мӯҳр
Сино
Агар олим мисли муфти бошад аз уда асои як муйсафед хуб аст ки на масчид махкам мекунад на конунхои зидди диниро розиги медихад! Бехтараш мегуфтед ки макомот риши мардумро натарошанд! Баъд мо мегуфтем ки инсофхам будааст.

Яъкуб. Душанбешахр.
Дар ТВ хар руз як мулои худтарошидаро намоиш медихеду Исломро тахкир мекунед боз шарм надошта аз Ислом сухан мегуед.Як бор аз Хукумат такозо кунед чунин амалро хотима диханд.Монанди як мурча чуръат надоред.Турачонзода чунон ба чуръат буд ки аз бединхо (комунистон) нотарсида аз мусалмонон дифоъ мекард.Ин чоплусон факат мадху саноро медонанд.

Мавлон
Борака Аллох домуллои мухтарам! Чазака Аллоху хайран! ягон сандуки махсус мебуд ки бурда хайри ночизам бошад месупоридем. Асосаш ки он ба дасти толибилмон бирасад ки савоб хосил шаваду бародарони толибилм дастгири ебанд.

Ин худаша вориси пвйгамбар (с)мегирад...?

Ин худаша олим мегуяд.дафшав

Назир
"Ҳар кас нисбати олимон дар дил душмание дорад, пас ҳалок шудааст”, - афзуд муовини муфтии кишвар".

ин суханхо ба доирахои махсусе нисбат доранд, ки дар хукумат маком дошта, пайваста барои рехтани обруи олимони Ислом гом мебардоранд, хамчунин дастандаркорони шабакои телевизиони, ки аз зинокорон мулло метарошанду онхоро намоиш медиханд, ба ин ваъид дохиланд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)