Бахшҳо

Хайриддини Абдулло: "Ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму шармандагиҳоро бигиред"

Хайриддини Абдулло, роҳбари идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия бо нашри матлабе тоҷиконро “хортарин, беобрӯйтарин, пастарин ва назарногиртарин миллат дар Маскав миёни русҳову муҳоҷирони дигар” гуфтааст.

Матлаби мазкурро, ки “Ин ғуломӣ то ба кай” ном дорад, торнамои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик чоп кардааст. Дар он гуфта мешавад, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздики ду миллион буда, бештари онҳоро ҷавонон бемаълумот ташкил медиҳад ва “аз даҳ нафар ду нафарашон базӯр хондаву навишта метавонанд”.

“Дар урфият мегӯянд, “ҷавонон ояндаи миллатанд” пас кадом ҷавононро дар назар бояд дошт, ҳамин ҷавонони бе маълумоти зиёда аз бист сол бехону беному хору зор мондаи дур аз ватанро ё якчанд фарзанди вазиру раисони дар ватану хориҷ таҳсил мекардаро?”,-суол гузоштааст муаллиф.

Дар идомаи матлаб чанд суоли дигареро ҳам мехонем: “Хитоб бар шумо мекунам эй касоне, ки сухан аз миллату фарҳангу забону нажод мезанеду худро вориси ин миллат медонеду мехонед. Оё медонед зиндонҳои Русия пур аз ҷавонони тоҷик шуд? Ҳеҷ хабар доред, ки дар як рӯз чанд тоҷик бо зулму ситам кушта мешавад ва чанд тобути ҷавон ба ватан фиристода мешаваду чанди дигараш дар мурдахонаҳои рус сузонида? Оё шумо гуфта метавонед, ки ин ғарибиву дарбадарӣ кай хотима меёбаду мардум дар ватани худ, дар назди зану фарзанд кору зиндагӣ мекунад? Оё шумо метавонед гуфта, ки кӯдакҳои мактабхон ояндаашон мисли падаронашон ғарибу хору зори дарбадари русҳо намешавад?”

“Чуноне ба ҳамагон маълум аст, пастарин кор ин аробакашист. Ин корро ору шармандагӣ дониста дар бозорҳои Русия ҳеҷ миллате намекунад, ҷуз тоҷикон. Дар шароите, ки ин аробакашон зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ ҳайвоне зиндаги намекунад. Дар таҳхонаҳо зиёда аз чансад нафар паҳлӯ ба паҳлӯ дар рӯйи замини бетон шабашонро рӯз мекарданд”,-менависад ӯ ва меафзояд, ки онҳо бо зулми тоҷикони дигар ба ин ҳолат афтода буданд: “Бригадирҳои тоҷик, ки дар лиқои Ислом медаромаданду ҳоҷиашон мегуфтанд бо фармони якчанд яҳудӣ хуни ин ҷавонони аробакашро мемакиданд. Ва рӯзҳое мешуд, ки маҷбуран ин ҳоҷиҳои золим аробакашҳои дастнигари худро бо зӯриву маҷбурӣ пояфзолҳое ки нархаш 250 рубл буд, бо зӯриву ситам дар 3000 рубл мефурӯхтанд. Ва инчунин барои ҳар рӯз аз ҳар коргар 500 рубл меситонданд, новобаста аз он ки кор мекарданд ё на. Барои аробакаш шудан ҳар ҷавон 8000 рубл пора медод”. Муаллифи матлаб худи аробакашҳоро ҳам гунаҳкор дониставу менависад, ки якдигарро дашномҳои кабеҳ медиҳанд ва ин ба як чизи маъмулӣ табдил шудааст.

“Муроҷиати ман ба роҳбарон ва масъулони миллати тоҷик ин аст, ки ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму ноодамиҳову шармандагиҳоро гирифта, ин ҷавононро ба кишвари худ баргардонида, бо ҷойи кору хониш таъмин созанд ва баъд дар бораи ориёнажодиву авлоди Сомонӣ ҳарф зананд. Зеро Худованд дар Қуръон мефармояд: “Худованд ҳолу вазъи ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар ин ки онҳо аҳволи худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 10)”,-хулоса кардааст ӯ.
Мӯҳр
тоҷик
Ин фитна аст. ин провокатсия аст, чаро дар ин вақт ин корро мекунанд, нав миллатро диданд ки ба ин ҳол гирифтор шудааст? барои мардумро аз ин ҳол раҳониданд ҳамаи миллат ҳукумат ва мардум ба шакли муназзам бояд кор бигиранд ва ин дар як руз ҳал намешавад чуноне ки ин ҳолат дар як руз ба вуҷуд наомадааст ин вақт мегирад. саросема шуда ҳамин ҳолати будагиро бадтар накунед, балки аз ин вазъе ки мебошем истифода намуда оҳиста оҳиста онҳоро раҳонидан лозим аст. касе даъво мекунад ки онҳоро дар як лаҳза мераҳонад воқеъбин нест ва мардумро ба мушкили гирифтор мекунад. ба ҷони мардум бози накунед. донишмандони миллатро пеш пеш дароред ва бо нақшаи ҳамаҷониба бе зарар расонидан ба касе роҳҳои ҳали мушкилиро пеш гиред. москваро дар як руз насохтаанд. мо миллати хурд ҳастем ҳар кас ба кишвари мо тамаъ дорад. нашавад ки барои тамаъи хориҷиён ватани худро ва миллати худро қурбони кунем. дер шавад майлаш вале миллату ватан хароб нашавад. як бор мол аз сурох моро газид чаро ба ҳамин сурох бори дигар наздик мешавед?

мухочири сарсон Н Н
ХАКРО ГУФТИ БАРОДОР ХАЙРИДДИН АЛЛОХ АЧРОТ ДИХАД

ХАКРО ГУФТИ БАРОДАР ХАЙРМДДИН ХУДО АЧРОТДИХАД

Ин щиа худаш ки шудаст ки боз чунин мегуяд ё пулу моли Эрон масташ кардаи Кумитаи Амнияти Милли пеши ин фурухташудагонро гиред ки хело хатарнок аст шояд ин маколаи Саиддаюси Истаравшани ва ё Турачонзода бошад ин дар Эрон кораш сига кардан буд аз кучо чунин навишта метавонаду дарди миллатро мегуяд охир инро ба миллату давлат чи кор аст. Дигар одам ёфт нашуд хамин охундзода гапзан шудай щиа шиа аст агар чи такия кунад зеро фурухта шуда аст. шояд чоп нашаваду лекин умед дорем

Мувофикам бо ин матлаб.Замони дар Москва буданаи пастарин миллат точикро дарёфтам.Хору залил.Хатто дар баъзе холатхо шармат меояд ки худро точик муарифи намои.Тарсутарин мардум точикро дидам.Хатто холатхоеро дидам ки точик барои фирефтани дигар точик меояду мегуяд кадом хешаш мурдаасту барои мурдаро фиристодан пул лозим допад.Баъдан мефахми ки пулро барои манфиати шахси истифода мебурдаасту дар асл касе намурдааст. Як чизи дигарро кайд кунам ки бесохибтарин мардум точикан дар Руссия.Валлоh инра аз дидагии худам мегуям.Вакте ки чавони 18 сола дар шуъбаи милицияи як аз райони Москва аз зарбу лати пулисхо мурд, ва пулис ба мо гуфт ин чавон худро дар панчараи тиреза бо простынь овехтаасту ( дар холе ки ин факти пулис хандаовар буд .Чигуна дар тирезае ки баландиаш хамаги 1 метр аст худро меовези??? Холо он ки дар гарданаш пай троси борик буд на пай гафс. Баданаш бур аз захм.) мурдааст ва баъди 20 руз ба мо хабар доданд ва ба сафорату консул мурочиат кардем, гуё ба сафиру консул хабари кадом сагеро расонде на аз шахвандаи Точикистонро.Дар холе ки вазифаи сафири консул аз химояти монофеъи милли дар хорич аст. ХУЛАС ХАМАИ БАДБАХТИХОИ БОЛИ САРИ ТОЧИК ОМАДА АЗ ДАСТИ ХАМИН ХУКУМАТ АСТ. Ин метарсаднд ки садо бароран русхо бо дасти мардуми худашон сарнагунашон мекунад.Бинобар ин курисро хатто бар ивази куштани хазорхо точик ва гуломи нигох медоранд Короче то 50 сола ай и ватан бо ин хукуматдоронаш умеде нест. Озодагон бо удалить накуни навиштагима.

Мувофикам бо ин матлаб.Замони дар Москва буданаи пастарин миллат точикро дарёфтам.Хору залил.Хатто дар баъзе холатхо шармат меояд ки худро точик муарифи намои.Тарсутарин мардум точикро дидам.Хатто холатхоеро дидам ки точик барои фирефтани дигар точик меояду мегуяд кадом хешаш мурдаасту барои мурдаро фиристодан пул лозим допад.Баъдан мефахми ки пулро барои манфиати шахси истифода мебурдаасту дар асл касе намурдааст. Як чизи дигарро кайд кунам ки бесохибтарин мардум точикан дар Руссия.Валлоh инра аз дидагии худам мегуям.Вакте ки чавони 18 сола дар шуъбаи милицияи як аз райони Москва аз зарбу лати пулисхо мурд, ва пулис ба мо гуфт ин чавон худро дар панчараи тиреза бо простынь овехтаасту ( дар холе ки ин факти пулис хандаовар буд .Чигуна дар тирезае ки баландиаш хамаги 1 метр аст худро меовези??? Холо он ки дар гарданаш пай троси борик буд на пай гафс. Баданаш бур аз захм.) мурдааст ва баъди 20 руз ба мо хабар доданд ва ба сафорату консул мурочиат кардем, гуё ба сафиру консул хабари кадом сагеро расонде на аз шахвандаи Точикистонро.Дар холе ки вазифаи сафири консул аз химояти монофеъи милли дар хорич аст. ХУЛАС ХАМАИ БАДБАХТИХОИ БОЛИ САРИ ТОЧИК ОМАДА АЗ ДАСТИ ХАМИН ХУКУМАТ АСТ. Ин метарсаднд ки садо бароран русхо бо дасти мардуми худашон сарнагунашон мекунад.Бинобар ин курисро хатто бар ивази куштани хазорхо точик ва гуломи нигох медоранд Короче то 50 сола ай и ватан бо ин хукуматдоронаш умеде нест. Озодагон бо удалить накуни навиштагима.

Причем инчо шиаву сунъи ин мардак киеки набошад гапа хакаша гуфтааст,вай хочихо бо ном худо тарс на аз худо меиарсану на аз бало барои он ки сохиби пули калон шудаанд алакай яг гап гуям мардуми мухочири камбагал дигар дод нагуед ин хочихо алакай хукуматдорони РТ хам кармит мекунанду дузду ментои руссияро даже сафоратро мисли як зарра намедонанд
Озодагон шумо хам агар пул нахурда бошен аз хочихои худонотарс илтимос чоп кунед

Андарз аз н.Шугнон
Хайриддин ин хама камбудихоро мебини нагз, Лекин ту кисти? Ту худро масъули ин мусулмонону ин миллат намехисоби? Худи ту чанд мухочири аробакашро кумак карди ва ё бо кори бехтар таъмин карди, то шармат наояд ва ба чойи он ифтихор куни.Ё ба фикри ту онхо аробакаши накунанду ба дуздиву талбандаги машгул шаванд бехтар аст? Чунки ба акидаи ту аробакаши пасттарин кор будааст. Шояд ба назари ту дуздиву талбандаги, рохзанию авбоши бехтарин кор бошад. Ман агар дар чойи ту мебудам ба гуфтани чунин маслихату насихатхои гаразнок шарм мекардам. Агар масъулияти ватандустиву мусулмонии шумо чунин бошад, пас лаънат ба чунин масъулиятшиноси. Зеро имруз мухочират дар байни хамаи миллатхо хаст ва онхо мачбур шуддаанд ба аробакаши машгул шаванд, ман бовар дорам, ки онхо низ на хама точиконанд, балки як кишри камбизоату мехнатпарваранд. Бо пули халол нон ёфтанро пеша кардаанд ва ватану зодгохашонро бо калб дуст медоранд, на чун ту ба харзаву нахзании хаммиллатон худро пеши ачнабиён,бегонагон нишон медиханд.Миёни як миллат чудоиву игво намеандозанд.Рафтори шумо баринхо фармудаи "дар либоси дуст кори душман кардан"-ро ба хотир меорад.

Муҳаққиқ А,
Агар ин нафар ба шиа алоқа дошта бошад, кор тамоман ранги дигар мегирад. Боз агар ба Саидюнис дуст бошад малум меша ки ино шогирдои мулоМаъруф мебошан. инҳо аз аввалин касонеанд ки ватанро фурухтанд ва пасттарин корро кабул карданд. номи миллату мазҳаби ҳанафиро паст карданд. зидди ин миллат ва кишвар мубориза мебаранд. инҳо ба кишвари мо хатари зиёд доранд ва зиёнашон бисёр сангин хоҳад буд. гами касеро ҷуз хоҷагони хориҷиашон намехуранд. аз инҳо ва оятуллоҳошон дида ҳамин мардуми худамон беҳтаранд. мардуми бесаводи мо мусулмон аст, вале оятуллоҳи онҳо сигоркаши ифлосанд. сига ин зино аст расман анҷомаш метан. Так что аз ино алҳазар. Хонаи ободи худро ва хонаи гарматонро вайрону хунук накунед аз пушти кадом як шиаи ватану миллатфуруш.

Фаромарз,
бесавод, хол он ки шиаро аз сунни фарк намекуни. аз хаму махалчигиву касаму дуруггуи чи. пеши рохи ту баринора гиран ки хамара чазиру валангор карде.

Сафарбек
Дар Русия Аробакаш 15 хазор рубл мегирад. ки кариб 2 хазори точики мешавад. Дар Точикистон муовини вазир ё мудири шуъбаи Дастгохи ичроияи Президент 1500 сомони мегирад. Мукоиса кунед: албатта аробакашии Русия бехтар аст. Хайриддин бехуда эътироз мекунед.

точикистони
тоҷик,
Чаноби точик!
Мо саросема нашуда гуфта хар руз холамон бад шудаистодасту бех не.
Масалан шумо як бор мукоиса кунед ки соли 2012 чанд мурдаи мухочирро аз русия овардан ва соли 2013 чанд то оварданд. Агар кам мешуд ё акалан мисли хамон сол боки мемонд майлаш, вале аз 800 ба 1100 нафар расид.
Мукоиса кунед, ки мухочират хар сол ба чои кам шудан чикадар зиёд мешавад. Оё хаминтавр аст охичта охистааш?
Чикадар корхонахоямон ба кор даромадаст? Чикадар чои кор пайдо шудаст?
Чаро дар тобистон нархи билети хавопаймо аз душанбе ба русия кимат мешавад вале дар зимистон баракс?
Чаро руз баруз бойхо бойтар шудаистодану камбагало камбагалтар?
Мо саросема намешудем агар камтарин бехбудиро медидем. Агар медидем, ки ба чои паспортфуруши ва справкафуруши дар сафоратхонаву консулгарихои мо ба точик кумак мекарданд. Агар медидем, ки дари сафорат ба руи хар точики бечора боз мешуд. Агар медидем, ки хукумат аз хукуки мухочири бечорааш химоят мекард. Агар медидем, ки дар дигар кишвархо барои мухочирон чои кор таъмин мекарданд.
Акалан дар фурудгоххи худи точикистон бо мухочир мисли инсон муомила кунанд мо мегуем майлаш. Вале ба кадом бехбуди ва кадом пешрафт умед бандем?

сарваршо
фаромарз ту чи худатро аз шиъахо баланд мегири ва мазхабатро ба чи далел покизатару аз равияи шиъа хак мешумори? магар Рудаки то Исмоили СомонивуСинову Хофизу Саъдиву румиву лохути аз ту бедоништар буданд ки дар мазхаби шиъа мазхаби хонадони Пайгамбари ислом буданд? Ту намедони ки пас аз марг шафоъати Пайгамбарро мухточ хохи шуд хамон Пайгамбарро ки котилои авлодашро пайрави .

ислом.70mail.ru
Аз баъзан коментарияхо маълум шуд ки баъзан муфтхурхо намехохан мухочирхо ба ватан баргарданд ба хртири он ки халар мерасонанд. Дуввум ин ки садкаи шиъаву сунни шавед бо хамин восита шумо мехохед темаро дигарчо баред ,

кулоб 786
786
салом, ман хайрооони ин миллати олимпарвару исломдуст, гаююр ва чассур мундаам, ки як гаппа (матлаба) 10 хел карда ким кихоро гунахкор мебароранд. аз афташ ки кори одамои басавод аст, ки миллата бо хам чанг меандозанд. Бахс дар сари хору залил шудани миллати точик аст, Точики реша дар таърих дора ва точчи милли бар сар дошта меравад. ки ку точаш кучост хайбату кучос олимони мусулмони бо Ислому ва бо илми гайри исломияшон монанди Тиббу Риёзию Ахтаршиноси ва ... ки номашон дар саризабонхои мардуми чахон махсусан Аврупо буданду хастан.
Бо харомхурдану лукмаи харом, рибову ришва, зулму бе адолати на илм дар сару дили касе чой мешаваду мемонад, на таквову Худотарси дар вучуди касе пайдо мешавад.
мардуммм дунболи хакикат бошед, на хаккгуй. Масъулони кишвар чавобгуи хар як шахрванди Точик хастанд ва натавонад бояд зиндон шавад на ин ки озод шавад бо як нафари дига бия чошда. Ба гера капиданша бояд дораш бизананд ранги Хитойхо, чиба (бизнесшон мекунен) бо баъди 2сол амитвада бо меброяд?????.
чиба масули мо дар Расия ранги кундаи чинорои пеши Саховат шиштану факат дар фикри чебакошунан. Чаноби Оли! эхтиромона хохиш мекунем ки ба чавобгари бкашен ята дуташа.
Мардум каме фикр кунену ба фикри ин зулму бедодихо, чора чуен.
Худоё ман ва миллати маро бехтарин Хидоятро насиб кун.


Хамааш айби худи хамон аробакаш дар вакташ мехондию савод мегирифти аробакаш нею дигар вазифа меёфти. Хонда наметавонад забона намедонад о рав хамин бозорхои Точикистонда аробакаш шав. Дар мардикорбозорхои Точикистон барои як метр замини хокиро кандан 50 сомон мепурсад мардикор ту рав 40 сомонда кан зато пеши фарзандоба. Як разедка ё включатела иваз кардан 20-30 сомони. Дар масъалаи сантехник бошад вообше дефицит. Касб омухта кор кардан даркор аробакаш. Дар Точикистон шарм медори рафта хар хел кора куни дар Руссия бошад мусор бор мекуни, медонам чанд пул медиханд. Аз он ки ту дар вакташ нахонди айби ки?

тура
ба андаразу саид гуфтаниам ки шумхо хамин хукуматихо хастед ки насихати хак намефорад хайриддин як шахси дилсуз будаски мегуяд андараз мегут чи ери карди ба арбакаш холоки ин кори хукумат аст саид мегутки айби худи арбакаш дар вакташ хонад буд охир саид намебиники муалими ту имруз аробакаш шудас бо инсоф гапзанед дустон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)