Бахшҳо
30 авг 2014 10:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

7 назар: Оё дониш дар Тоҷикистон арзиш дорад?

Дар пасманзари гуфтугузорҳои зиёд дар мавриди беқадрии донишу донишмандон дар Тоҷикистон “Озодагон” аз рӯшанфикрон суол кард, ки воқеият чист?

Иброҳим Усмонов, профессор

Чунин тасаввур, ки ҷомеаи мо куллан аз баҳри дониш гузаштасту одами донишманд ҳеч қадре надорад, нодуруст аст, зеро ин хел ҷомеае нест, ки умуман дониш дар онҷо қадр надошта бошад. Аз ҷумла дар ҷомеаи мо ҳам қадр дорад. Лекин қадр кардани донишмандон ва аҳли илму адабу сиёсатмадорон қонеъкунанда ҳаст ё не инаш масъалаи дигар аст. На фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ қадри донишманду дониш чандон баланд нест. Зеро дар бисёр ҷойҳо ин чиз аз таваҷҷуҳи давлат ба ҷои дуввум гузашт. Дар мо ҳам масъалаи дониш пеш аз ҳама як муддат ба кори шахсии ҳар кас табдил ёфт. Шумо агар ба назар гиред дар замони муқовимати сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ аҳволи аҳли фарҳанг ва дониш бисёр бад буд. Ҳоло бошад андаке беҳтар шудаст, вале ба он ҳадде нест, ки мо ба он ифтихор кунем.

Раҳим Масов, академик

Дар давраи шӯравӣ олимон қадр доштанд. Дониш дар ҳаёти сиёсиву мадании илмии мамлакат зарур аст. Ҳар қадар обрӯи олим, зиёиён, шоирон, нависандагон, кормандони санъат ва матбуот баланд шавад, ҷомеа ҳам ранги дигар мегирад. Бизнеси мо бояд ҳалол бошад, на одамоне, ки бо қарор пулдор шудаанд. Дар байни ҳамин номбурдаҳо ҳам ҳар хел одамон ҳастанд. Бояд чанде аз онҳоро қайд кард, то дигарон ҳам аз пушти онҳо боло раванд. Дар ин сурат дигарон ҳам мефаҳманд, ки ин олимон дар сатҳи баланданд ва мо ҳам бояд ҳаракат кунем.

Мамадшо Илолов, академик

Дониш дар ҷомеаи мо арзиш дорад ва ҷомеа ҳам ба ин ниёз дорад. Ҷомеа албатта ба дониш гароиш дорад. Ҷомеаи милливу фарҳангии мо ҳама вақт ташнаи дониш буд ва ҳаст. Баъзе камбудиҳое, ки пайдо шуданд, оҳиста-оҳиста аз байн мераванд.

Марям Давлатова, шоира

Ҷомеаи тоҷик таърихан донишмеҳвар ва шоирпарвар буд ва мемонад. Ин вижагии табии мардум аст, вале ҳоло замони гузаришҳои хеле ҷиддӣ ва амиқи равониву маънавист, замони табаддулоти азими мафкураи ҷомеа аст. Аз рӯи вазъи имрӯза ба ҷомеа баҳо додан дуруст нест. Ин баробари он аст ба рузгордории хонаводае дар вақти кучиданаш аз ҷое ба ҷое баҳо бидиҳӣ.

Исфандиёри Назар, шоир

Дар ҷомеаи мо дониш ба ному дар коғазу дар фаромин ҳаст, вале ба воқеъ нест! Ҳукумати ин давлат ҳам дар ҳадди олӣ қавонинро барои боло бардоштани маорифу дониш кардааст, аммо натиҷа чашмрас нест.

Фирдавси Аъзам, рушанфикр

Иштибоҳ хоҳад шуд агар бигӯем, ки дониш ва маърифат барои ҷомеаи мо беарзиш аст. Ва он ҷомеае, ки донишро ночиз мешуморад ва хор мекунад ҳаргиз ба пешрафте дар ҳеч заминае даст нахоҳад ёфт. Бузургворе фармуда аст; "ҳар касе донишмандеро эҳтиром ниҳад пас Худоро эҳтиром кардааст." Пас беэҳтиромӣ нисбати як донишманд беэҳтиромӣ нисбати Худост. Ҳамеша як қишри муайяне аз ҷомеа ҳастанд, ки арҷгузори донишу маьрифат ва ҳаводори донишманду хирадмандонанд. Ин ки иддае арзиши дониш ва донишмандро ночиз мешуморанд ва ҳатто чашми диданашонро надоранд, ин бармегардад ба ҷаҳони танги худашон, ки ҳозир нестанд пешрафти касеро шоҳид бошанд. Ва ин ҳолат дар ҷомеаи мо ба чашм мехурад. Вақте дар мо озодандешӣ ва озодманишӣ устувор нест, мусалламан ҳеч аҳли донише соҳибэҳтирому соҳибарзиш нест. Вақте ҷомеаи башарии мо имрӯз ниёзманди донишмандон ва олимонест, ки битавонанд мушкилот ва ниёзҳои ҷомеаро расад кунанд, посух диханд ва нисбат ба вазьияти мавҷудбуда эьтироз кунанд ва албатта битавонанд посухҳои муносиб ва баҷоеро ироа диҳанд, оё арзиш гузоштан ва таваҷҷуҳ накардан ба дидгоҳи ишон бар зарари мо нест? Чаро мо инро дарк намекунем, ки аҳли фаҳм ба иловаи ин ки қишри созандагону рушанфикронамон ҳастанд, ҳамчунин сармояи ғании ҷомеамон ҳастанд ва бо аз даст додани онҳо дучори гумроҳию сарсонӣ хоҳем шуд. Файласуфи Чин Конфутсӣ гуфта буд, ки барои пирӯзӣ бар як кишвар аввал муаллимон (рушанфикрон)-и он ҷомеаро нобуд кунед. Пас мо агар нисбати ин рушанфикронамон ин гуна беэьтиноӣ кунем ва дониши онҳоро ночиз шуморем, яқинан дучори мусибат хоҳем шуд. Бе раҳнамо хоҳем монд. Бесавод хоҳем шуд. Ва аз ҷомеаи бесаводон намешавад, ки умедвор буд ва миллате, ки аз андухтани донишу маьрифат по ба фарор мегузорад ва аҳамият намедиҳад, ҳеч ҷойи умедворие нахоҳад монд. Дар ҷомеае, ки озодӣ барои озодандешонаш маҳдуд аст ва аҳли донишу маьрифат аз кӯчактарин эҳтироме бархурд нестанд чи гуна метавон он ҷомеаро меҳвари донишу хирад баршумурд? Ва чи гуна метавон ба ояндаи рушани ин ҷомеа умед баст? Дар ҷомеаи имрӯзи мо донишмандон кам нестанд ва дониш ҳам ҳаст, аммо донишу донишманд зиёд қадр надорад ва қадри илму донишу маьрифат паст аст. Инсон хоҳ донишманд бошад хоҳ не ҳамеша ба худ ва шахсияти хеш алоқаманд аст ва дӯст дорад ҳамвора мавриди эҳтиром қарор бигирад ва мехоҳад шахсияташ дар ҷомеа маҳфуз бошад. Шахсиятталабӣ ҷузьи зоти ҳар инсон аст ва адами эҳтиром ва таваҷҷҳ ба аҳли рушанфикр ҳамеша муҷиби он гашта то ин мағзҳо тарки ҷомеа бикунанд ва саҳму донишу маьрифат ва нерӯи зеҳнии худашонро бар ҷомеаи бегонае гузоранд. Ин нухбагонро бояд қадр кард ва нагузошт, ки аз кишвари худ берун шаванд. Оё ин дардовар нест? Ин воқеият аст, ки донишмандон ба пешрафти мустамари ҳар ҷомеае таьсироти зиёде мегузаронанд. Дар тӯли торих донишмандони зиёде ба хотири андешаҳо, эьтиқодҳояшон ҳамеша мавриди озор ва азият қарор доштанд ва ин як амри табиист. Аммо ин монеаҳо ҳаргиз муҷиби он нашуд то онҳо қадамҳояшонро дар пешрафти ҷомеа устувор нагузоранд. Хулоса дар ҷомеаи бесаводон дониш ҳамеша хор аст ва ҳеч қадре ҳам надорад. Миллати мо, ки дар гузаштаҳои дур аҳли китобу мутолиа буд, имрӯз нест, фарҳанги китобхонӣ надорем ва китоб кам мехонем ва ин муҷиб мешавад то илму донишу дигар донишмандонро ночиз шуморем ва қадр накунем.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманд


Аслан мо имрӯз ҷомеаи солим надорем. Ман дар назар дорам ҷомеаи дорои таркибҳои солими иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ - сиёсӣ ва ин худ шоҳиди он аст, ки дар ин воқеияти фасодзадаи мо на дониш, балки ғайбат ҳукмрон аст. Гуфтан мумкин, ки ҷомеаи ғайбат бунёд дорем. Дониш ҷузъи қудрат ҳаст ва худ ба истеҳсол эҳтиёҷ дорад ва мутаассифона сиёсатмадорони мо ин маъниро дарк накардаанд.
Мӯҳр
Давлатамон чи гуна хаст ва давлатдоромон кихо хастанд хама медонад. Шарт нест барои мо гуфтан, ягон рохеро фикр кунед, ки аз тарзи давлатдори (як-кадам ба пеш дах-кадам ба окиб) ба халоси баройем. Хамеша мегуйеду менависед, вале дар амал хеч ба ки лозим суханони хушки холи!!!

Рустам
Кадрхои асил дар куча гаштааст. Аз руи дониш мутахассис намегиранд. Барои хамин дар хамаи сохахо дармемонем. Дуруст аст ки бачахои вазирону кабиронро мегиранд, вале онхо дониши казои надоранд. Барои хамин хукуматро ба фарсудагй мебаранд. Пеши рохи инро нагиранд, баъди 3 сол ё шояд 2 сол бухрони амикеро рубару мешавем, ки он вакт дер мешавад.

«Озодагон» мавзўъи хуберо матрањ кардааст. Назароти оќоён Исфандиёри Назар, Фирдавси Аъзам ва Мењмоншоњи Шарифзода, дар бораи вазъи илму фарњанг дар љомеъаи тољикон, ошкор аст, аз тањлилу умќи бештаре бархўрдоранд. Воќеъан, бо камоли таъассуф, љомеъаи таърихан мањрум ва мазлуми Тољикистон дар кўтоњтарин муддат (пас аз касбии истиќлол) ба як љомеъаи нимљони бесавод бадал шуд. Бадбахтї аст, дар асри пирўзињои илм ва текноложї, ањли илму фарњанги Тољикистон хешро бо аќабмондатарин кишварњои муъосир муќоиса намояд!
Маншаъи фољеъаи фарњанги миллиро дар тарзи тафаккури аъмоли рўшанфикрон ва ањли зиёяш бояд љуст! Фикре, ки аз дурўѓ љон гирифтааст, наметавонад ростиро бар арљ гузорад. Чї љои пинњон аст, њам акнун, 99 дар сади ањли зиё ва босаводони мо на танњо, ба мардум, балки бар виљдони хеш хиёнат мекунанд. Онон, ба љои ростї, дурўѓњои мањзро менишинонанд, ба љои поси адл, беадолатиро тавсиф, ба љои интиќоди иштибоњот, ташвиќи хатоњоро мекунанд! Хиёнатњои ањли зиё табдил ба силсилаи шиорњои миллат шудаанд.
Зиёиёни хоин чунон маддоњ ва почахорони ќудрат шудаанд, ки њатто шахсият ва шаънашонро барои «њомиёнашон» арзонї кардаанд. Рўшанфикре, ки маддоњи ќудрат асту эњтироми мардумашро надорад, касифтарин љонвари босавод аст. Ањли зиёи мо на ба дин содиќанд, на бар таълимоти њаќиќат. Љомеъае, ки дар он ањли саводаш андешаи бандагї ва худфуруширо бар мардумаш тањмил менамояд, њаргиз рўи саоъдатро нахоњад дид.
Аммо мардум худ гунањкор аст, ки бесаводонро дар батни хеш тарбият менамояд. Љомеъа худ муќассири сарнавишташ аст. Вай бояд тарзи биниши хешро таѓйир бидињад ва рў ба њаќиќату адолат нињад! Дар сарзамине, ки адолат асир аст, фазилат хор мешавад.
Љомеъа, агар олимону муаллимони бесаводашро аз маърака берун кунад, адолат нафас хоњад кашид ва илму фарњанг сар боло хоњад кард!
муаррих Лукмон Бойматов

Оне чи лозим буд Мехмоншох Шарифов баён дошт..Мобаки хама суханоне бехуда.Каломе бисёру бидуни хеч магзу маъное коридаанд.Шаф-шаф..MUHAMMADALI,

Дар ин давра дониш тамоман кадр надорад чунки айни замон корчалони бехтар аст.MUHAMMADALI,

Маьрифати мардуми як чомеьа гарави пешрафти он аст. Чаро имруз кишвархои аврупои дар сади баланде аз тамаддун ва пешрафтхои фанниву илми карор доранд ? Барои оне, ки дар ин кишвархо ба дониш, зехн ва навовари диккати аввалиндарача медиханд. Хар гуна давлат хох кучаку хох бузург танхо бар як асл метавонад, пойдормонад ва он асл, интеллект аст...
Дар кишвари махбуби мо, мардуми шарафманди он мутаасифона пеш аз хама забони худро ба пураги намедонанд, ин 80 дар сади он аст. Агар забон надони наметавони чизе биомузи. Замони гузаришу вазьи ичтимоиву иктисоди хама бахонаеаст. Агар инсон бихохад омухтан хеч хисоре барояшон нест ва ба фикри ман шароити хубтарине имруз дорем то аз он истифода барем.
Хукумати кишвари мо ки худ сарчамь аз вазифадорони тасодуфи ва бедониш аст, сабаби пасрафти мо шудааст, анна ин худ як мисоли хубе барои он, ки донишманд ва мутахасиси хуб чи илзоме барои мо дорад.

дониш дар ин замона на танхо дар мулки мо балки дар бештари сайёра кадри худро аз даст дода бо курби пул фурухта шудааст. Хайфи доное ки имруз бо азоби рухии зиеде ва хатто бо тахкиру мазхака рузгор дорад. Аксар фикри солим мухочир ва курсихойи мулоим насиби каллахойи пучу бемагзи сохиби кисахойи гафс аст.
Маркази тестии милли афсонайи дуруг ва чуйбори яклухти фасод. Агар не чи тавр оне ки номи худро наметавонад нависад донишчуй мешаваду хонандайи босавод навмед
дониш хама вакт курби баланд дошт, дорад ва мемонад. Мутаасифона инро баъди фочиайи бузурги миллат ки бо ин маром рафтан гирем ногузир аст, баъд хубтар дарк хохем кард.
Ин андеша хам пешниходи хонанда мешавад ё не намедонам, агар бемории тамаллуку кизбу дуруги чомеа ба муттасадиёни торнома хам асари худро гузошта бошад.

99
Донишу донишманд заррае қадр медошт, ба ин ҳол намерасидем!
Аввал ин, ки худи ҳамин донишмандон аксарият донишманд нестанд. Донишашонро агар "дониш" гӯем, ба талабот ҷавобгӯ нест ва аз тарафи дигар, қариб тамоми унвонҳоро харидаанд ва корҳои илмиашон қурбе надорад. Дуввум ин, ки дар мамлакати мо қариб тамоман барои гузаронидан ва асоснок кардани корҳои илмӣ замина ва шароити мусоид нест. Олимон наметавонанд орзуҳои илмии худро амалӣ кунанд. Аз тарафи дигар давлатдорони мо қобилияти фаҳмиши онро надоранд, ки илм метавонад, онҳоро аз ҳар гуна вазъияти номусоид барорад, ба рушти иқтисодиёт мусоидат кунад ва худи онҳову мардумро аз ҳар гуна бало эмин дорад.

Чомеаи мо чомеаи бехтарин аст!. Айни хол дар Точикистон чомеае аст, ки танхо пуркувватаринхо зирактаринхо донишмандатирхоро арзиш мегарданд. Албата зиндагии онхо низ хуб аст. Чи хел? савол ба миён меояд. Масалан ту олим хасти дар ягон соха китобхоро хондаи конуну коидаи он сохаро аз худ кардаи. Офарин ба ту. Ин аст арзиши ту. Ин хак аст Офарин ба ту халос. Чи мехохи? туро сар сари дастон бардоранд? туро аз ин зиёд арзиш кунанд? Не чазои ту офарин асту халос. Хозир хама олиманд. Ду руз даркор ки кудаки дах сола дар дилхох соха як маколаи илми нависад. Асри иттилооти гуфттаанд асри моро. Агар донишмандони дар нохунак Мехоханд, ки онхоро ба кадрашон расанд, ба макоми баланд расанд, пас мехнат кунанд сазоври он маком шаванд. Холо Мардум аз пайи зиндагии худ аз олимии ту ягон фоида набошад туро чи гуна арзиш кунанд? Ба ин чамъият фоида оварди арзишманд мешави паногохи як ду кас шуди дар амал ба як ду кас ёрдам доди арзишманд мешави. Агар гуед, ки ман дониш дораму мана 1000 китобу сарчашмахоро хондаму 1000 корхои илмии дигар навиштаму аммо дар чоят шиниву корхои худро ба амал набарори ба ягон кас фоида наори ягон касро рохнамои накуниву амалан ёри нарасони ТУ ба ки даркори ? Барои хамин дар чомеаи бехтарини мо хар кас дар чойи худаш хаст. Чомеаи мо чомеаи чусту чолокон чомеаи зиракону донишмандон. Агар хамин дониши холи барои арзишманд шудан лозим мешуд ман бовари дорам, ки шахсони арзишманди чомеаи имрузаи мо хамин рохро пеша гирифта боз арзишманд мешуданд. Барои хамин бародарон нолаву гиря накунеду миёнро баста аз сари компютер хеста мехнатро шуруъ кунед зиракиву чусту чолокиро аз даст надихед.

Чамшед Каёни
Хамин академик Масов, ки ба дифои дониш гап мезана, худаш бо гаразхои шахси дахо олимони босаводро аз Пажухишгохи таърих пеш кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)