Бахшҳо

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми август зимни ифтитоҳи мактаби нави миёна дар Душанбе хост, баробари фанҳои алоҳида, дар толибилмон малакаи таҳлилу баррасии равандҳои муосир тарбия дода шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зикри рушди технологияҳои инноватсионӣ ва имкониятҳои васеи дастрасӣ ба иттилоот таъкид намудааст, ки ин раванд ҳамаи моро водор месозад, ки ҳамқадами равандҳои замони муосир бошем ва онҳоро дуруст дарк карда тавонем: “Қафо мондан аз навидҳои иттилоотӣ ва навгониҳои илму техника ба пешрафти шахс бетаъсир намемонад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, “мақсади мо ин аст, ки хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосири таҳлилӣ ва баррасии масъалаҳои рӯз бошад. Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар мактабҳои имрӯза ҳамаи имкониятҳоро барои ташаккули насли ҷавони худогоҳ ва дорои ҷаҳонбинии муосир муҳайё созем.”

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини маорифу муҳаққиқон дастур додааст, ки сабабҳои нокифоя будани дониши хонандагонро дар баъзе муассисаҳои таълимӣ муайян намоянду ба зинаи ибтидоии таҳсилот муаллимони касбӣ ва дорои истеъдоди хуби муносибат бо кӯдаконро ҷалб намоянд. Ба ақидаи раисиҷумҳури Тоҷикистон “маҳз зинаи ибтидоии таҳсилот таҳкурсии асосии дониш ва инкишофи ҷаҳонбинии кӯдакон ва пойдевори донишу малакаи заминавии ҳар як фард ба ҳисоб меравад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба наврасон изҳор доштааст, ки ояндаи мулки зебо ва биҳиштосои мо дар дасти шумост ва аз шумо азхудкунии дониши мукаммал, касбу ҳунар ва дар худ парвариш додани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тақозо мегардад.


АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд

АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд
Мӯҳр
Душанбинец
Бо Чаноб ку вазири маориф хаст' вале Факирови мисли нахуди сари кошук чи кор мекунад? Боз пеш пеши вазир...тавба!

Самандар
Точик гайри чойникпушак сохтану шеър гуфтан дигар хунаре надорад...

Дарвози
О факеров сардори Раесати маорифи шахр хаст асосан гирем хизмати факеров хаст на вазири миллиардери бизнесмен!Душанбинец,

набулудател
тавба ин дастхои бапешкуниро бинед гуе дар назди шавхоррошон занхо истодабошнд ин рафтор ба зан мезебад

Пойтахт
Ман хам хаминро гуфтани будам... Шояд ба хотири сардори Раёсати маорифи шахр буданаш бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)