Бахшҳо

Вакили парлумон: Касе монеи ҳиҷобпӯшӣ аст, муҷозот гардад

Яке аз вакилони парлумони Қирғизистон хостори муҷозоти афроде шудааст, ки барои ҳиҷобпӯшии донишомӯзон монеа эҷод мекунанд.

Торобой Зулфиқоров, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар пешниҳод кардааст, ҳар мудири мактабе, ки монеи ҳиҷобпӯшии донишомӯзон мешавад, пушти панҷара бикашанд. Ӯ гуфтааст, “ҳар донишомӯз ҳақ дорад, зиндагии шоиста ва ақидаи шахсии худро дошта бошад. Ин арзишҳо бояд аз замони ба дунё омадани инсон ҳифз шаванд.”

Ба гуфтаи Зулфиқоров, дар ҳоли ҳозир 20 вакили парлумони Қирғизистон эътирози худро алайҳи либоси ягонаи мактабӣ дар ин кишвар баён карда, хостори ба инобат гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми роҳандозии ин иқдом шудаанд. Намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон дар шарҳи ин ҳарфҳои худ илова кардааст, “бар асоси меъёрҳои динӣ кӯдакон набояд эҳсоси хиҷолатзадагӣ ё нақзи ҳуқуқ кунанд. Вақте мо ба сокинон озодии динӣ додаем, пас бояд мақомоти додситонӣ алайҳи тамоми раҳбарони макотиб, ки монеи пушидани либосҳои исломӣ мешаванд, парванда боз кунад.”
Мӯҳр
Ай Худовандо! Тоҷикистони мо кай ибрат мегирифта бошад???
Қасам, ки сархати хабарро дидам, чунон хушҳол шудам ки, фикр кардам аз Тоҷикистон аст ин хабар, аммо мааласаф...

Justice
Торобой Зулфиқоров - ту кахрамони! Кошки аз байни садхои вакили парлумони точик акалан як нафар Шумо барин шахси дину оини худро эхтиром мекардаги мебаромад. Аммо афсус баракс аст.
Ахсан барои ин гуна марди часур ва озодифахми замон!
У таджикских депутатов не хватит мужества для таких предложений. Им лишь бы "либоси милли, таджикские имена брендов"... Не думают о народе и уважении религий.

максим
О баъзе вакилони точик мусалмон бошанд ки мисли ин бародари исломии мо дифоъ аз хичоб кунанд.Чи гуям ки ногуфтанам бехтараст.

Ана ина мегyянд давлати демократи ҳyқyқбyнёд ва воқеан намояндагони мардyми дар порлyмон. Қандтона занед бародарони Қирғиз. Раҳмат ба ақлy фаросат ва миллатдустдории шyмо. Кош дар кишвари азизи мо ҳам намояндагони мардyм тавасyти орои мардyм вориди порлyмон шаванд то қонyнҳоеро ба тасвиб расонанд ки бо ормонҳо ва орзyҳои мардyми кишвар мутобиқат кyнад. Қазоқҳо ва Қирғизҳо 23 сол қабл номy нишоне аз пешрави тарақиёт надоштанд вале имруз дар байни мардyми маркази аз ҳамагон мyқадам мебошанд. Yзбекy Тоҷик ба сабаби набyди низоми адл дар кишварашон имруз ба пастарин ва ҳақиртарин миллат табдил ёфта истоданд.

samandar
мебахшеду инхел депутатхо киргизхо ба ба осони ба даст наовардаанд
опозитсия онхо фиреби 30% нахурда то ба охир хадафхои худро бароварданд ва ин самари демократия аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)