Бахшҳо
26 сен 2014 11:29Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Луқмон Бойматов: Он чиро, ки Ҳасан мебинад, Ҳусейн ҳам метавонад бинад

“Озодагон” 23 сентябр зери унвони “Нома аз Самарқанд: Дуздиҳои рӯи рост дар китобҳои илмӣ шармандагӣ аст” номаеро ба нашр расонд, ки бо имзои Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд унвонии хабаргузорӣ расид. Муаллифи мактуб навишта буд, барои мушкил эҷод нашудан дар ҷойи кораш ном ва насабашро тағйир додааст. Ба иддаои нависандаи нома, профессор А. Саидов дар китоби академики “Таърихи халқи тоҷик” бе ин ки “ҳатто як бор ба навиштаҳои профессор М. А. Абдураҳимов, донишманди дар асл тоҷики Ӯзбекистони замони шӯравӣ, иқтибос кунад, сар то по ҳамаи матлабро аз номи худ навиштааст”. Баъди чоп шудани ин матлаб, Абдуқаҳҳор Саидов, доктори улуми таърих, сарходими илмии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мақолае бо номи “Иғвои навбатии "муаррих"-и ба мурод норасида” гуфт, пушти номи Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд, муаррихи муқими Шветсия Луқмон Бойматов меистад. Ахиран, Луқмон Бойматов ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва ҳоло навиштаи ӯ пешниҳоди хонанда мегардад.

“Ба олимоне, ки моҳияти илмро дарк намекунанд, сухан гуфтан аз назокати дониш ҳайф аст.
Ҳаргиз қасди посух доданро бар музахрафоти навбатии А. Саидов надоштам, вале ба хотири эҳтироме, ки ба ҳаводорони ҳақиқату адолат дорам, ночор пурсишҳоеро матраҳ мекунам, ки бар нафъи шаъни илм хоҳад буд.

Он чиро, ки Ҳасан мебинад, Ҳусейн ҳам метавонад бинад, вале агар тавони дид дошта бошад! Аммо вазифаам ин нест, ки собит кунам, Муродҷон ҳаргиз Луқмон нест. Чун ҷурме, ки А. Саидов дар «либоси олим» зери ҳимояти академик Р. Масов кардааст, аз назарҳо пинҳон нест. Он мисли шутури сиёҳест дар саҳро ва ҳар биёбонгард, бидуни ин ки заҳмат бикашад, метавонад ташхис бидиҳад. Аз ин рӯ, аз «ҳадсу кашфиёт»-и доктори улуми мо набояд таъаҷҷуб кард.

Бар «эродҳо»-и тараф пиромуни ин ки рисолаи мо фоқиди аҳамият аст, дар силсилаи мақолоти банда: «Хиёнат бар шаъни илм ё тавҳин бар таърихи миллат? // www. кemyaesaadat.tj. - TUESDAY, 29 APRIL 2014; Сарбадоронро дар ҳақиқат ба дор додем! // www. кemyaesaadat.tj. - SATURDAY, O3 MAY 2014; Об аз боло гилолуд аст. // www. кemyaesaadat.tj. - FRIDAY, 09 MAY 2014, матолиби муфиде ироа шудаанд. Ба далели ин ки нақди муфассали илмӣ бар китоби «Таърихи халқи тоҷик» («История таджикского народа») ба забони русӣ ва низ китоби ҷадиде ба номи «Худкомагони илм» ба чоп хоҳад расид, баҳсро мухтасар мекунам.

Пурсиши нахуст ин аст. Мӯҳтарам профессор! Агар илми шумо ин қадр пуру бо поя аст, пас ба чӣ иллат таърихи миллати тоҷик дар китоби илмӣ - академикӣ шӯру бемоя омадааст? Шумо фикр мекунед, ки бо таъйини маънии истилоҳоти арабӣ, туркӣ-муғулӣ, бо такрори андешаҳои кӯҳнаву ғалати дигарон, бо нақли таърихи сиёсӣ ва низомии хонҳои муғул ва бо матраҳ кардани матолиби дараҷоти дувуму севум аз равобити иҷтимоъии ақвоми муғул қазияҳои таърихи миллӣ ҳал шуданд?

Ку чеҳраҳои ҳақиқии қаҳрамонони таърихи асри муғул дар китоби таърихи миллат? Дар бораи ҷонфидоиҳо ва хезишҳои бухориён, хоразмиён, марвиён, нишопуриён, тоҷикони Афғонистон ва ғайраҳо чаро тафсири ҷадиде ба миён наёвардед? Магар шаҳидони роҳи озодӣ шоистагии зикри ёдро дар китоби таърихи сарнавишташон надоштанд? Ба чӣ далел шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди: Темурмалик, Маҳмуди Оташхор, Маҳмуди Торобӣ, Алии Торобӣ, Муҳаммади Торобӣ, Сарбадорони Самарқанд ва бисёр дигарон дар сафаҳоти «китоби миллӣ» хору зор матраҳ шуданд?

Шумо, ки дар баробари мо исми хонаводагии бенақс доред, пас чаро бо ин ҳама сайидзодагиву асолати наҷибзодагӣ, масоили дину мазҳаб ва имони мардуми тоҷикро дар китоби тақдираш беарзиш пиндоштаед? Фақат ба хотири ин ки Р. Масов динро қабул надорад, даст аз навиштани ҳақиқат шустаед? Ку садоқататон нисбати насабатон? Тафовут миёни одамон ин аст, ки бархе бо асолату насабашон меболанд, бархе бо ҷасорату фазилаташон.

Зимнан, дар баробари он чӣ, ки дар илм ошкор буд, шумо, ки «мутахассиси баландпояед», чӣ чизи тозае бар он афзудаед? Хуни ҷавонмардӣ дошта бошед, саҳматонро дар илм барои миллат бигӯед, ки нони онро мехӯред! Вале ман метавонам гӯям. Агар наметавонистам, кайҳо буд, ки қалам бар қаламдон мегузоштам.

Пурсиши дувум ин аст. Шумо мутмаъинед, ки қазияи асардуздӣ фақат дар матни «Таърихи мардуми тоҷик» (бо номи проф. А. Абдураҳимов) тамом мешавад? Дар бораи сирқат аз навиштаҳои А. А. Семенов, И. П. Петрушевский, О. Чехович ва дигарон, ки дар як бахши кӯчак маҷмӯъан беш аз 80 маворид аст, (яъне 70 % андешаҳои илмӣ дар ин китоби «муфтахар»-и Академияи Тоҷикистон), чӣ посухе хоҳед дод?

Ҳамчунин, шумо мутмаинед, ки «китоби илмиатон» ба номи «Политическое и социальное экономическое положение Бухарского ханства в XVII - первой половине XVIII вв. Ответственный редактор: д. и. н., профессор П. Х. Пирумшоев. - Душанбе, «Дониш», 2010, - 292 с. )» орӣ аз ин ҳама ҷурмҳо аст?

Доктори мӯҳтарам, ҷиддан мегӯям, боре ҳам андешидед, ки сирқати матолиби дар матни рисолаи докториатон ба маротиб бештар аз китобҳоятон аст? Ё фикр мекунед, ки дастраси матни рисолаатон ба онҳое, ки мехоҳанд бо муҳтавояш ошно бишаванд, ғайри мумкин аст? Аммо бар як чиз мутмаъин бошед, ки фурсати ҳисобу китоби ин қазия низ фаро хоҳад расид!

Пурсиши севум. Он гоҳ, ки аз «фитнаҳо»-и тараф ҳарф ба миён меоваред, таъаммуле бар гуфтаҳоятон мекунед ё хайр? Магар ҳамон дониши таърихиатон нагуфтааст, ки зӯргӯён ҳақиқатро ҳамеша «фитна» ном ниҳодаанд?! Шумо бо овардани асомии докторони улум, зеҳни мардумро гиҷ накунед! Ҳар касе, ки фазилат дорад, билохира, хоҳад фаҳмид, ки унвонҳои имрӯз фақат як порча қоғазанд. Он чӣ аз олим мемонад, андешааш аст. Чаро наметавонед аз андешаатон дифоъ кунед? Чун маълум аст, андеша надоред, ки дифоъ кунед!

Аз «навиштаҳои носавоби» мо нисбати «бузургони улуми таърих» гуфтед. Пас, чаро бо ин ҳама доноӣ нақде бар нақдҳо нанавиштед, то мардум бибинад, ки чӣ кори «савобе» ҷиҳати адолат дар ҳавзаи илм кардаед? Афкори ҳар кас сирати ӯст ва кирдори ҳар кас сурати ӯст. Мутаассифам, ин бор низ ба ҷои ин ки бар саҳли хеш маъзарат пурсед, боз ҳам аз аспи ҷаҳл пиёда нашудаед! Хостаед, бо радиф кардани шумороти сафаҳоти берабт бар сари мардуми оддӣ мост бимолед. Ва бар ин гумонед, ки унвони докториатон ҷавшани шаънатон ва зикри асомии докторони таърих паногоҳатон аст, вале бе хабар аз ин ки фозилон нақси фазлро хоҳанд дид ва доварон ҳукми ниҳоиро хоҳанд гуфт!

АЗ “ОЗОДАГОН”: Торнамои хабаргузорӣ танҳо барои риояи мувозинат дар сурати пешниҳод гардидан, андешаи ҷониби дигарро ҳам нашр мекунад. Ва он охирин матлаби чопшуда вобаста ба ин мавзӯъ хоҳад буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Чазири Саидовро бароварданд. Илтимос Саидов дигар чавоб нанавис, ки боз аз ин хам шармандатарат мекунанд.

Садр
Устоди арчман кунун якин гашт иллати (нукси Хонаводаги ) чист ва ин окои доктор аз чи мефахрад, ва Шумо нази тамалуккзадахо чахди хакикат макунед бар инхо арзише надорад.

Маколаи профессор А.Саидовро хондам ва холо чавоби Л.Бойматов низ чоп шудааст. Аз навиштаи Л.Бойматов маълум шуд, ки аз номи муаллими Самарканди худаш он гуфтахоро навишта будааст. Ин дар шаъни касе, ки худро олим мегирад ва дар зери номи дигарон панох мебарад, айб аст. Аз мутолиаи навиштахои Л. Бойматов хулоса кардам, ки ба чуз фалсафа хондан дар он чизе нест. Аз маколахои дар матбуоти Точикистон чоп кардааш, ки онхоро хондаам маълум мешавад, ки ба гайр аз Бойматов дар Точикистон хеч олими таърихнигоре набудааст?! Агар вокеан Л.Бойматов донишманд мебуд, уро аз Энсклопедияи милли ва Институти иктисоди Академияи фанхо пеш намекарданд ва холо дарбадар намегашт. Хохиш мекунам ин нуктахоро чоп кунед
Сиёвуш Хусравов
Ш Душанбе

Аз сурати Л.Бойматов маълум мешавад, ки аз хешони мугулон аст. Барои чи Институти таърих навиштани боби хучуми мугулон ба Осиёи Миёнаро ба Л.Бойматов надод. Кори нохуб кардааст. Шойд вай дар бораи хамкавмхояш бештар менавишт.
Хохиш мешавад чоп кунед
Нисо Юсуфова аз Душанюе

Мухтарам Л.Бойматов, шумо менависед, ки унвонхои имруз факат як порча когазанд. Аммо чаро шумо хамон як порча когазро надоред. Шарм намекунед. Хулоса мешавад, ки шумо лоики хамон порча когаз нестед
А.Нусрат

Донишманд
Офарин ба Лукмон Бойматов, ки хакикатро навиштааст. Саидов вокенан дузди зур аст, ки сохиби говро бастааст. Дузди карди бояд ба гардангигири. Чумлахоро аз хар китоб чамъоварда, уборшитса хам метавонад худро олим нишон тияд

Парешон
Офарин Лукмон! Дар вокеъ "...унвонҳои имрӯз фақат як порча қоғазанд. Он чӣ аз олим мемонад, андешааш аст."!

Луқмон Бойматов: Е Шумо динанги бача тарихи Точикистон навишта истодаед.Шумоенро ксерокопия мегуянд ба точики чопкунак.Хулосаи Муродҷон Расулови Точик,рост хаст вай гумрохии шуморо нишон медихад ки дигар ксерокопияро бас кунед.Фамилия в имияи шумо точики нест Э забон ва адабиети Точикро поймол накунед илтимос не

"Замин кафад ки дароям" УСТОД БОЙМАТОВ ЗИНДА БОШИ! ДУЗДА КАПИДИ

Садр
Маро маъзур доред аммо Бойматов берун аз ватан дар МГУ ва донишгохи давлатии Эрон Фирдавси мудариси кардааст ва аминам,ки бо сарчашмахо бештар ошно аст. Аммо иллати аслияш ин буд,ки хост фазои илми кишварро монанди ончо бинад аммо фазои дур аз илми Академияи Улум кабулаш накард.

Нома ба онхое, ки аз суфраи падарашон нони њалол хўрдаанд
Рости њеч гоњ тасмими навиштани ин номаро надоштам, вале ин бор наметавонам дар баробари номардињо сукут ихтиёр кунам.
Муњтарам кормандони Шўъбаи таърихи асрњои миёнаи Институти таърихи Академияи улуми Тољикистон!Чаро беадолатиро пешаи кори худ кардаед? Шумо, ки ба ояндагон дарси љавонмардї ва адолатпарвариро меомўзед. Чаро хар дафъа, ки мехоњед дифоъ аз номардињои хеш бикунед, шавњарамро, ки воќеъбинона ва одилона ба тањлилу баррасии мавзуъоти таърих мепардозад, иттињоми беасоси бахилї, нотавонбиниро мезанед.
Имрўз, ки шавњарам аз нотавонбинии шумоён тарки ватан кард, боз орому сокит нестед, ў хам мисли њар яки шумо дилаш барои мењанаш месўзад, мехоњад гармиву сардии ватанро дар канори хонаводааш бичашад. Барои собит кардани њарфхоям далел меорам.
1. Фаъолияти илмии шавњарам дар Эрон ба њеч кас пўшида нест, бо њар маркази илмие, ки њамкори дошт аз љойгохи тољикон дар илми таърихнигори дифоъ мекард, гарчанде, ки эрониён таъкид бар он доштанд, ки тољикон миллат нестанд ва бояд ба љойи миллати тољик эронї нависанд . Агар имрўз хуни тољикияти њар яки шумо ѓалаба мекард, гирди хам муттањид мешудеду аз њуввияти миллии тољикон дар баробари дигар миллатњо дифоъ мекардед.
2. Мўњтарам профессор Пирумшоев! Шумо агар аз хотиратон нарафта бошад, соли 2002, ки ману шавњарамро дар назди Академия дидед ва хоњиш кардед, ки «Кай аз Эрон бармегардед, ман бо Р. Масов сўњбат мекунам, ки шуморо ба кор гирад, чунки љилди севуми «История таджикского народа» монда, касе нест, ки бинависад, мо мутахассис надорем, навиштањои Лола Додхудоеваро Р Масов ќабул накард».
3. Солњо гузашт, чаро ин хама сол касе нанавишт, то ин ки рисолаи шавњарам ба дастатон нарасид, љилди севум чоп нашуд. Кофист ба фаслбандихои рисолаи шавхарам назар афканед ва ба муњтавои љилди севвуми «История таджикского народа» муќоиса кунед. Худатон хуб медонед, ки ќисми рисолаи шавхарамро дар ин китоб љо кардаед. Куљост вичдон?

4. Ќазияи доктор шудани Муллошо Давлатовро намеорам, худ шоњид будам, чун дуртар аз собик ресторани тобистонае, ки имруз ба љояш бинои баландошёнаи З. Саидов ќомат афрохта мунтазири шавњарам будам. Љаноби ХамзаКамол бо њамшањрињои худ ба шавњарам чи ќавле дода буданд? Хоњиш карда буданд, ки ба кори М. Давлатов наќд нанависед, ба ў дар назди дўсту душман танњо мадорики доктори лозим, Р.Набиева аз тарси наќди Шумо иљоза надод, ки М. Давлатов дар шўрои ў дифоъ кунад. Шумо пули зиёди доред, ки ба Руссия барои дифоъ меравед ман бо Р. Масов сўњбат мекунам дар шўрои мо дифо мекунед. Куљо шуд он ваъдањо? Дар хонаводаи мо чизе пўшида нест, чун мо њарду ањли тањќиќем

Каримов Шоҳрух
Бисёре аз муҳақиқон бад аз Бобоҷон Ғафуров падари илми таърих Луқмон Бойматоврор мешиносанд,ки ин ҷои шак нест. Устодро сарнавишташ бо Барзу Абдуразоқуф хеле тавҳамаст. Дар ақаш дар иниститути таърих капчаҳо зиёд шуд ва тарки ватан кард, Бойматов ту майандеш зи гуфтори рақибон.

5. Л. Бойматов кабл аз он ки асардуздии А. Саидовро дар рўзнома ошкор кунад ба Р. Масов нома навишт, ки љулўи ин гуна иштибоњњоро бигирад, ки оќибати хуб надорад. Кормандони шўъба ба љойи он ки дар назди иштибохоташон сар хам бикунанд, баръакс барои дифои худ ба айбдоркунии шавњарам пардохтанд, ки худ асардузд аст, гарчанде ки шавњарам хоњиш кард, ки асари ўро аз экспертизаи илмї гузаронед ва навиштањои онњоро њам.
Ба љойи ин ки љулўи ин хама номардињо дар илм гирифта шавад Р. Масов бо дастгирии собиќ президенти Академия Илолов шавхарамро маљбур карданд, ки аз Академия аз кор биравад. Баъд аз номаи саркушод ба М. Илолов тањдидњои мутаадид аз тариќи телефон сурат гирифт. Бо даъвати донишгоњи Уппсала ба Шветсия рафт ва баъд аз конференсияи илмї дар њамон љо монд .
Иллати ба Самарќанд расидани љилди севвуми «История таджикского народа» низ ман њастам. Тобистон, ки ба Маскав (ба МГУ) сафар доштам, нусхае аз китобро ба яке аз олимони Узбакистон, ки дар Академияи улуми Русия мењмон ва Л. Бойматовро аз навиштахояшон хуб мешинохт, бо хушњоли он барояш додам ва тамоми ќазияро барош гуфтам.
Мўњтарам муаррихон! Имрўз, ки шумо даъвои мутахассис будани худро мекунед, чаро дар баробари корхои Л. Бойматов як то њам наќди илмї нанавиштед? Дар кулл гуфтани он ки кораш асоси илмї надорад, осон аст. «Рўбоњ њам дасташ ба ангур нарасад, мегўяд турш аст»
Худ аз навиштањо ва сохтори кори ў истифода бурдаеду ягон љо номи ўро наёвардед. Шумо виљдон доред?

Ин Л.Бойматов асархои олимони шурави ва точикро дуздида аз номи худаш дар Эрон нашр кард. Номи точиконро дар Эрон паст зад ва бо сад шармандаги аз ончо ронда шуд. Холо ки дар Душанбе низ ба бадноми шухрат ёфт, анакнун аз Шветсия ба найрангаш идома медихад
Мухтарам Л.Бойматов!
Кори неконро киёс аз худ магир,
Гарчи бошад дар навиштан шер шир

Лукмон Бойматовро хуб мешиносам, аммо Саидоваш кист?? Саидов кист, ки боз аз номи чандин олимон сухан меронад? Саидов хомуш шав, ки шарманда карди моро! Масови атеистатро гир дар багалату хомуш шав, ки боз моро ба фашисти точики айбдор накунанд. Масови беакле, ки шахрвандии Руссияро дорад, вазифаи хочахояшро ичро кард. У моро хамчун як миллатгаро ба хамагон муарифи кард ва фашизми точикиро кариб буд ки ба миён орад...

Мухтарам Субхон Давронов!
Агар Л.Бойматов асардузд хастанд пас собит кунед! Шумо хам мисли Саидов ва тарафдоронаш хастед? Агар форсиро медонед, кофист дар google исми Бойматовро оред, бештари навиштахояшонро дар Эрон метавонед пайдо кунед, бихонед ва собит кунед,ки аз ки дуздидааст. Бе асос гуфтани хар харф чурм аст. Солхост, ки баъзе аз докторони мо сохиби унвонхои баланд, когази доктори шудаанд, вале як маколаи илми дар мачаллахои байналмиллали нанавиштанд донишмандони хоричи онхоро кабул надоранд, чун назари шахсии худро сохиб нестанд. Шумо ба ин чи мегуед?

Чавоб ба Субхон! Шумо аклу фаросат доред. Чаро дар бораи шахсияти устоди ман ин хел харфхоро мегуед.
Ман баъд аз донишгохи Точикистон ду сол дар донишгохи Фирдавсии Машхад хондам дар факултаи таърих хондам.Вакте рафтам, ки устод дар Машхад набуданд.Хамаи устодон, муаррихон ва шогирдонаш ба у эхтиром мегузоштанд.Ба гуфти устодони эрони у так аст дар накду баррассии масоили таърихи. Хар кучо мерафтам дар байни муаррихон бо ифтихор мегуфтам, ки ман шогирди Бойматов хастам, аз Машхад е майли устодро пайдо карда хохиш кардам ки маро ба шогирди кабул кунанд ва баром рохнамойи кунанд дар навиштани кори илми.Бо хушнуди пазируфтанд Ман
аз кулобам устод аз Хучанд дар вучуди эшон махалгароиро надидам,алон хам бо эшон аз тарики интернет дар иртиботам, чунин рохнамойи хубу сахтгирро ман надидам. Ифтихор бояд кард, на хор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)