Бахшҳо
30 сен 2014 10:21Тоҷикистон / Сиёсат

ICG: Тоҷикистону Узбакистонро низ инқилобу сарнагунӣ интизор аст, агар...

Созмони байналмилалии буҳронҳо ё худ International Crisis Group, ки ба нияти ҷилавгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон соли 1995 таъсис ёфтааст, бо нашри як гузориши ҷадид, танишҳои обию марзиро дар Осиёи Марказӣ заминаи нооромиҳои эҳтимолӣ хондааст.

Ба иттилои гузоришгарони созмон танишҳо дар соҳаи обу замин дар пасманзари афзоиши аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Миёна шадидтар мегарданд, чун чораандешии самараноке барои ҳалли ин баҳсҳо амалӣ нашуда истодааст: “Мақомоти узбаку тоҷику қирғиз ба ҳам бовар надоранд ва дар ҳоли бархӯрданд. Дар ҳоле, ки аҳолӣ майли афзоиш дорад ниёз ба обу замин низ бештар хоҳад шуд. Агар соли 2000-ум дар Осиёи Марказӣ 56 миллион нафар зиндагӣ мекарданд, феълан ин нишондод 66 миллион нафарро ташкил медиҳад ва то соли 2040 20 миллиони дигар зам хоҳанд шуд.”

Ин ниҳод бештар аз Узбакистони бой аз газу нафт интиқод намудааст, ки обро бо усули куҳна барои обёрии пахта истифода мекунад, ки дар натиҷа аз 50 то 80 дарсади об барабас меравад. Ҳамчунин гузоришгарони International Crisis Group аз мушкили барқ дар Тоҷикистон зикр карда, хотиррасон намудаанд, ки маҳз мушкилоти барқ дар Қирғизистон боиси сарнагун шудани ҳукумат гардид.

International Crisis Group таъкид мекунад, ки Тоҷикистону Узбакистонро аз инқилобҳо муҳоҷирати оммавӣ ва давлатдории низоми пулисӣ наҷот дода истодааст, вале дар сурати наандешидани чораҳо барои ҳалли мушкилоти дохилӣ ва минтақавӣ эҳтимоли сар задани нооромӣ дар минтақа хеле зиёд аст. Ин созмони байналмилалӣ роҳи ҷилавгирӣ аз танишу нооромиҳо дар Осиёи Марказиро ҳамкорӣ миёни Душанбе, Тошканд ва Бишкек хондааст.
Мӯҳр
точик
Ай ватан чонам ба курбонат ба хичронат касам
Бахри мазлумону бар ашки ятимонат касам
Золимон рахме накардан бар чавону пири ту
лоласон чома ба хун бар шахидонат касам мардуми бечораат бо дарду ранчи бе шумор
бар гами бечорагону мустамандонат касам
харчиро зебо бубинам бар диёри дигарон
Ёди ман ояд зи ту бар дашту домонат касам
Сузи дарди ман зи дардат то абад дорад давом

Озодагон ! Барои чи шарххои навиштаи моро нашр намекунед Шумо хам ба мисли Озоди боз як Шайтони дигаре беш нестед. Шумо суханони касоне ки таърифу тавсиф мекунанд нашр мекунед, аммо шахсоне , ки хакикатро гап зананд нашр намекунед. Ман дируз навишта будам ки Ин ташкилотхои чахони худ барангезандаи бухлу кинаву хасад дар байни кишвархои Мусалмонон мебошанд. Шумо бошед нашр намекунед. Ин хел шайтонгариро бас кунед. Худро минбари Озод ном накунед. Шумо факат ба чуз фитна чизи дигаре дар байни мардум ба вучуд намеоред!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)