Бахшҳо

Посухи Билайн ба Кумитаи забон: “Любой ҷо” қонунист!

Ширкати мобилии “Таком”, ки зери тамғаи Билайн фаъолият дорад, изҳор медорад, ки номи тарифи наваш “Любой ҷо” қонунӣ буда, муҳтавояш бо забони давлатии тоҷикӣ шарҳ дода шудааст.

Ин нуқтаро Билайн дар посух ба Кумитаи забон ва истилоҳот баён дошт, ки ба иддаои ин ниҳод номи тарифи “Любой ҷо” мухолифи қонуни Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва нақзи меъёрҳои забони адабӣ мебошад.

Мария Веторази, масъули робита бо ҷомеаи Билайн дар шарҳи “Любой ҷо” номгузорӣ шудани тариф ба “Озодагон” гуфт, ки он соддаю фаҳмо буда, дар омма васеъ истифода мешавад ва инчунин аз омилҳои шӯхӣ бархӯрдор аст: “Ин ном ба таври пурра моҳияти тарифи навамонро инъикос мекунад, ки дар он тамосҳо ба ҳамаи операторони мобилӣ нархи дастрас доранд. Баъдан ин номи сода, хотирмон ва дорои омилҳои ҳаҷв мебошад. Иттилооти таблиғотии тарифи “Любой ҷо” низ дар доираи қонунгузории Тоҷикистон мебошад, чун ба забони тоҷикӣ баён шудааст. Инчунин дар маводи таблиғотӣ маънои “Любой ҷо” шарҳ дода шудааст.”

Билайн таъкид мекунад, ки истифодаи калимаҳои ғайр дар тамоми ҷаҳон як меъёри маъмулӣ буда, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ роиҷ аст.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи забони Тоҷикистон иддао дорад, ки Билайн мухолифи қонун дар бораи забони давлатӣ кор карда, ба ҷои номҳои тавсиядодаи ин ниҳод-“Ҳама ҷо” ва “Самти дилхоҳ” тарифашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
инҳора ба додгоҳ кашидан даркор, шyмо дар Тоҷикистон зиндаги мекyнед на дар Расия. Басаст истифода бурдани забони Руси мyдати 100 сол. Кyмитаи забон масyлияти хyдро дуруст анҷом додаст вале дар ҷавоб мария сафсата гуфтастy дар тарғиби забони Руси саҳм гузории кардаст.

Агар таья ба далели ширкат кунем оянда тарофахои «Ҳамаш садай», «Тарофаи Ҳайвон», «Гизала» , ва дигар тарофаҳо пайдо мешавнд..

Букиддин
Мара лишна чхеле ки бфорам хамита гав мезанм. Кумитаи зухун кати кор надорм.

тавсия медихам реклама кунанд «Билайн ширкати хайвонтарин дар Тоҷикистон»

Намедонам магар ин кумитаи забон дигар кор надорад? Ин тарз ном гузории тарофа сода ва оммафахм мебошад. О налога бардоштену, ба халк чабр карденд, бигзор хамин тарофахо зиёд шаванду ба халк як арзони кунанд. Хайрон ин одамони дуруя мешави, агар забони руссиро бад мебинеду барои чи ба Россия мухочир мешавед?!

кумитаи забон
масъули робита бо ҷомеаи Билайн - Озодагонро бояд ба додгох кашид, ки чунин менависанд

Фируз
Хайр чи, ягон гапи ночо набудаст ку??? Аз Ахмади Дониш пурсед, у медонад, ки омехта кардани ду забон дар чунин маврид чи маъни дорад. Аник ки касе олудагии забонашро бо забонхои гайр дуст надорад, аммо истисно гуфтани гап хам хаст бародарон...билайн ки худ ширкати ватании мо несту бо мо хмкори дорад, месазад, ки аз истифода чунин иборахо бо максади ифодаи дустиву бародарии ду кишвар ва якинан руш додани тичораташ кор барад...факат, ки моро мебояд барои истифодаи чунин иборахо меъёр гузорему бас...ВАО калимахои зебову шевои точикиро гузошта бо максади доно нишон додани худ аз араби кор мебаранд, кумита хомуш аст, хама коргоххои маишиву дигару дигар дар кучахо номхои гайри точики мегузоранд, касе чизеро намебинад, ... сар аз кор кумита дар мактабхои тахсилоти миёнаи умуми шарт будани омузиши хати ниёгонамонро чори кунанд ё барномаеро руи кор оваранд то дар компутар хатои моро ислох кунад, пасон аз чунин хурдагирихо кор гиранд...

Хофиз
Даъф кунед ин хели номгузорихоро. Забони ноби ТОЧИК-иро паст назанед!!!!!!!!!!!! Конуни забони Точики-ро арч доред. Компанихои хоричиву худи чи хел хохан номгузори мекунанд.. ЗАБОН хастии МИЛЛАТ аст.

Dev
Букиддин,
Albatta tu gav mezani chun govi va ham sagi !!!

Каримчон
Шумо чи мардумро ахмак фикр кардед? Чи шумо точики будан ва е набудани калимаро муайян мекунед? ширкати шуморо бастан лозим аст чунки ширкати шумо доимо мардумро фиреб мекунад тарифи нав мебарореду баъди 2 мох онро иваз мекунед.

Любой чо гуфта мешине. Шумо дар бораи барк ягончи ба мардум хабар тие, ки чиба бе ягон огохи лимити барка сар кардан.

Букиддин
Dev,

Ма лишна да мненияи ту барино плеват кадагийм. Як удар дар таги фукут и все.

Назар
Дар ҳазор сол забони тоҷикӣ бесоҳиб набуд. Забон ин миллатро наҷот дод. Имрӯз як ширкати хориҷӣ ба мо забон ёд медиҳад. Ширкате, ки сомониро сом менависаду дирам дир. Агар ба тоҷикии худашон гӯем, им наплеватӣ на наш язык... "То ҳол ин тавр набуд"-ро як соли дароз бесаводона "Ҳоло ин тавр набуд" гуфтеду навиштед, намурдед. Агар ин тарофаатонро ҳам "Дилхоҳ ҷо" мегуфтед, ягон балое намезадтон...
Барои ин даъвоятон миллати баномӯс ба тарифатон ҳам туф мекунаду ба тарафатон ҳам!

Шутурмург
Назар,Билайни беакл. Точикистонро мону худат ба лубой ҷо рафтан гир!

Ягооон ширкати мобили ба манфиати халк кор намекунад хар тарофаи наве, ки тархрези мешавад бо назардошти манфиатхои молии ширкат тахия ва рохандози мегардад. Масалан худи тарофаи "Любой чо" гуфта шудааст, ки ба дилхох самт ройгон аст вале дар асл ин хел нест дар як шабона руз 50 дирам аз суратхисоб гирифта мешавад ва бар ивазаш 60 дакика вакт дода мешаваду халос. Коре карда, ки тоб медиханду тоб медиханд боз хамон мегалтад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)