Бахшҳо

Алишер Тухтаев сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таъин шуд

Алишер Тухтаев, сармураббии бошгоҳи “Энергетик”-и Душанбе тренери тими миллии ҷавонони Тоҷикистон (U-22) таъин шудааст.

Дар ин симмат ӯ, Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро иваз кард, ки ҳанӯз оғози соли равон барои иштироки нокоми мунтахаби ҷавонони кишвар дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург аз вазифа сабукдӯш гардида буд.

Ба ситоди тренерии Тухтаев сармураббии “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода Алишер Ҳақбердиев ва тренери дарвозабонҳои тими миллӣ Амоншо Содатсайров шомил шудаанд.

Тими миллии ҷавонон зери раҳбарии сармураббии нав ба сабқати интихобии чемпионати Осиё-2016 омода мешавад. Ин мусобиқа аз 23 то 31 марти соли 2015 баргузор мешавад.

Алишер Тухтаев 24 августи соли 1976 таваллуд шудааст. Ӯ дар дастаҳое ба монанди “Ситора”, “Динамо” (Душанбе), “Хуҷа Каримов” (Хуросон), “Насаф” (Қарши), “Жетису” (Қазоқистон), “Ханг Хонг Вет Нам” (Ветнам), БДА (Душанбе), “Данғара” (Данғара), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ва “Энергетик” (Душанбе) бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими миллӣ дар беш аз 30 бозӣ ба майдон баромадааст. Иҷозатномаи тренерии категорияи “А”-и АФК-ро дорад.
Мӯҳр
патриот
ин роҳе ки ин одам тимро мебарад ба маънои ҳақиқиаш Туркистон аст

Яъкуб.Душанбешахр.
Бехтарин мурабби хаст.Ин мардуми <патриот>касе интихоб шавад таънаву танкид мекунанд.Барои футболи точик танхо маблаг намерасад.Чавонони хуби хам бозингару хам мурабби дорем!!

Пеле
Наход дар футбол хам точик набошад.Ин чи давлат шуд.Точикро ба масчид мекашанду турконро мехононанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)