Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Йоахим Гаук
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме Йоахим Гаук, ҳамтои немисашро ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдати Олмон табрик кардааст.
Дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “боиси хушнудист, ки бар асари саъю талош ва кӯшишҳои созандаи ҳар ду ҷониб равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Олмон сатҳи баланд ва сифатан навро касб намудааст. Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Германия аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард. Мо аз ҷониби худ барои амалӣ гаштани ин ормонҳо ва тақвият бахшидани равобити байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳамаи талошҳои созандаро истифода хоҳем кард”.
Моҳи октябри соли 1990 Ҷумҳурии федеративии Олмон ва ҷумҳурии демократии Олмон як давлати воҳид шуданд ва ин сана ҳамчун Рӯзи ваҳдат таҷлил мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |