Отамбоев гуфт, кишвараш барои вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омодагӣ мебинад"
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар иҷлоси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтааст, кишвараш барои ворид шудан ба ин иттиҳод омодагӣ мебинад.
Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа ӯ изҳор доштааст, ворид шудан ба Иттиҳоди гумрикӣ ва пайвастан ба ҳавзаи ягонаи иқтисодӣ аз авлавиятҳои асосии сиёсати иқтисоди хориҷии Қирғизистон маҳсуб мешавад. “Мо ҳама дар роҳи якпорчасозӣ ҳастем ва ин интихоби мо ҳаст. Дар доираи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ Қирғизистон ба парлумон чандин лоиҳаи қонун пешниҳод кард ва он аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳо истиқбол шуд”,-афзудааст Отамбоев.
Ӯ аз ҳамтоёнаш дархост кардааст, ба комиссияи иқтисодии АвруОсиё супориш диҳанд, пешнависи шартномаи ворид шудани Қирғизистон ба ин иттиҳодро шакл бидиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |