Сафари дурӯзаи Ислом Каримов ба Ашқобод
Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон дар доираи як сафари расмӣ ба Туркманистон меравад. Ба иттилои расонаи “Gazeta.uz”, сафари Ислом Каримов ба Ашқобод рӯзҳои 23 ва 24 октябри соли равон сурат хоҳад гирифт.
Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Узбакистон дар ҷараёни ин сафараш бо ҳамтои туркмани худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карда, баъзе аз мушкилиҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро ба баҳс хоҳад кашид.
Инчунин имзои санаду созишномаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои Узбакистону Туркманистон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |