Бахшҳо
14 сен 2011 12:20Минбари Шумо

Таҳаммулу сабру хомӯшӣ то ба кай? (Дар ҳошияи сари буридаи Ҷонибек Қосимов)

Вақте Искандари Мақдунӣ бо лашкараш кишторзоҳоро месӯхт, мардонашро яксара аз дами теғ мегузаронд ва бонувони ин миллатро таҷовуз мекард…

Вақте араб дар Фарорўд ҳукумат дошт, вақте турку муғулу чингизиву манғиту ӯзбак ҳукумат доштан ва фармонраво буданро аз мо гирифтанд…. Вақте русҳову англисҳо тоҷикро дар ду соҳили рўди Панҷ мисли як тифл зўробазўр аз пистони модар ҷудо карданд… Вақте ҳукумати болшавикии рус дини мора пушти по зад, чодари сари модару хоҳари бонуи хонадони моро ба зўр аз сараш гирифт…. Вақте коммунистҳо хати моро хати батлон кашиданд, забони моро «сода» мекарданд, барои мо забон месохтанд… Вақте ҳукумати лениниву вомондаҳои Ленин пайкараи миллати тоҷикро бо ханҷари хиёнат титу пареш карданд ва Бухорову Самарқандро аз мо гирифтанд… Вақте хиёнатҳои дигар дар сарнавишти мо такрор шуд….ва вақте ки…

Он гаҳ мо чӣ кор кардем? Таҳаммул, сабр, хомўшӣ, ғуломӣ… Бар ивази ҳамаи ин ба Искандар Рухшонабонуи тоҷикро алорағми таҷовузкориҳояш потахсӣ додем. Бо арабҳо ба хотири исломи наҷотбахш мувофиқа кардем. Ба шоҳони турку  муғулу чингизиву манғиту узбак қасида гуфтему мадҳиясаройӣ намудем. Ленину Сталинро доҳиву пайғамбар гуфтему ҳайкалашонро, ки пайкараи хиёнат буданд, сохтем ба хотири барандозии ҳайкалҳояшон бародарони якдигарро куштем… Онҳоро оварандаи тамаддун ва фарҳанги асил гуфтем… Натиҷааш чӣ шуд. Ба як ғулом ва тўдаҳои берабту бетафовут бадал шудан дорем…

Имрўз акнун русҳо фақат сари тоҷик мебуранд. То ҳатто дар сатҳи як шоири хиёлпардоз, ки замоне ба маҳбубааш гуфта буд «Моро зи сари бурида метарсонӣ» ҷасорат надорем, ки бигўйем. Дирўз буд, ки сафорати кишвар дар Русия нома ирсол кардааст ба Вазорати хориҷаи Русия. Аммо фақат як нома. Баъзе аз расонаҳо навишта буданд, ки номаи эътирозӣ, сафорат гуфтааст, ки мо номаи эътирозӣ надодем. Яъне сари буридаи тоҷик, ки занбурўғчинҳои рус онро аз таги кадом занбурўғе дарёфтаанд, наметавонад мояи эътирози сафорат ва ё порлумони кишвар бошад. Аҷаб ғуломхўйие!

Ҳукумати Русия скинхеду калсарҳояшро барои одамкушиву барангезиши хусумати нажодӣ танҳо бо авбошӣ иттиҳом медиҳад ва аз маҳбасу маҳкамаҳо озод мекунад, аммо дар ҳоле, ки модари тоҷик сари буридаии фарзандашро рўйи даст дорад, мо эътироз намекунем.

Агар мудофеини ҳуқуқҳои мо, порлумону ҳукумату вазорати дохилаву хориҷа, хадамоти муҳоҷирату Омбудсмен ва тамоми ниҳодҳои зирабт аз мо дар ҳамин шакл дифоъ мекунанд, пас вақти он нест, ки худи насли имрўз ва муҳоҷирин бо нишони эътирозу ҷасорат ба Русияву скинхедҳои аз ҳукумат пуштибонӣ мешудааш бигўйем, ки « ИСТ!!!». На танҳо бояд бигўйем, балки амал кунем. Мо бояд эътироз кунем, сабаб бипурсем, натиҷа дарёфт кунем. Ин чӣ мантиқ аст, ки яқ қисм русҳо сари моро мебуранду қисми дигарашонро барои 49 сол дар кишвар ройгон иҷозаи иқмаву лашкаркашӣ медиҳем:

Одам аз бебасарӣ саҷдаи одам кард,

Гавҳаре дошт агар назри Қубоду Ҷам кард.

Яъне аз хўйи ғуломӣ зи сагон хортар аст,

Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.

Агар ҳам, ки мушаххас бишавад, ки боз ин тоҷикро тоҷикон куштаанд натиҷаи бесоҳибиву беҳуқуқиву оварагардиву дарбадарии тоҷик аст. Бисёр айб аст, ки мо ба ин сатҳ расидем ва ё аз ин сатҳ вонамераҳем.

Тоҷики Асилзода{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)