Бахшҳо

Отамбоев дар бораи “иштибоҳи бузург”-и президентҳои Осиёи Марказӣ

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дубора баҳси таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказиро зинда карда, ҳимоят наёфтани ин идея аз сӯи раҳбарони кишварҳои минтақаро иштибоҳи бузурги ҳамтоёнаш хонд.

Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “Иттиҳоди Осиёи Марказӣ метавонист, як нерӯи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақа шавад, аммо бо сабабҳои номаълум раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷонибдорӣ накарданд ва албатта ин иштибоҳи бузурги онҳо буд”.

Ба гуфтаи Отамбоев, таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҳамтои қазоқаш – Нурсултон Назарбоев қабл аз идеяи ташкили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод гардида буд: “Назарбоев бисёр нигоҳҳои роҳбурдӣ дорад ва ба ҳама чиз аз ин зовия назар мекунад, ки мисоли равшан метавонад, идеяи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад. Қазоқҳо андешаҳои Назарбоевро баъди даҳ солаҳо хубтар дарку қадр хоҳанд кард”.

Раисҷумҳури Қирғизистон дар идома аз сафари қарибулвуқӯи худ ба шаҳри Остона хабар дода, гуфтааст, рӯзҳои 6 ва 7 ноябр сафари расмиеро ба Қазоқистон анҷом хоҳад дод.
Мӯҳр
Назар
Нагз дар ин кадар вакти кутохи рохбариаш пешниходхо дорад. Гапаш расонахои хабариба пахн мешавад. Точикон метавониста бошанд, ки ягон пешниход кунанд?

Трдиқлов Жахшиқл
ланганбардорӣ пеш аз сафар ба Қазоқистон барои те газ те пул те мазут те кор те ва те те те те
дар осиёи марказӣ ДУ президент аст ки да ҷони ҳама заданд албатта у дигариш бештар аз инаш гзарондагияй куҷое ки мераван дига презденто мегрезан ё ягон прездента занг бзанан ин ду кас саветникошуна меган бге прездент нест рафтаст дига давлат ё бген касалай
АҶАБ ДУНЁЕ! БО ГАДОӢ ҲАМ МЕШУДАСТ ЧАНД ДАҲСОЛАҲО ДАВЛАТДОРӢ КАРД!

Мехр
Зидди ин ташаббуси Иттиходи баробари , албатта Ислом Каримов баромад карда буд. У бисёр умед дошт, ки хамаи собик чумхурихои Осиёи Марказиро суийстифода аз хаоси идеологияи Руси , зермутехи худ кунад ва Аморати нави Туркиро, ки пеш аз Инкилоби Яхудиён коммунистро, ки то соли 1917 арзи вучуд дошт, ба манфиати Узбако хал намояд. Вале вакт нишон дод, ки Каримов ба иштибохи БУЗУРГ рох додааст.

Мухаммад
дусти азизам Алмосбек монед хамин итиходатонро чанд итиходхои дигар доред чи кор кардед факат хамаро шарманда кардед э хошэ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)