Бахшҳо

Муовини муфтӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик: Ҷиҳод не, мусулмонкушӣ меравед!

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, иштирок дар ҷангу нооромии кишварҳои мусулмоннишин ҷиҳод нест ва аз ҷавонони тоҷик хост, ба ҳарфҳои бархеҳо гӯш надиҳанд.

Муовини раиси Шӯрои уламо рӯзи 7 ноябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз он ибрози нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир ҷавонони тоҷик ҷиҳод гӯён роҳ сӯи ҷангҳое мегиранд, ки дар он мусалмон мусалмон мекушад. “Имрӯз дар он кишварҳо мусалмон бо мусалмон даст ба гиребон аст. Мусалмон ба мусалмон оташ мекушояд. Аз ин ҷониб Аллоҳу Акбар мегӯяду ба ҷониби дигар, ки он ҳам Аллоҳу Акбар мегӯяд, тир мекушояд. Оё Худованд аз мову шумо розӣ мешавад, вақте мусалмонро мекушем? Мусалмон ба хотири адои фарзи Худованд ба масҷид меояд, тарконида ва кушта мешавад”,-изҳор дошт ӯ.

Ин руҳони тоҷик бо овардани иқтибос аз суханони паёмбари Ислом (с) афзуд, аз ҷиҳод дида, хидмати падару модар беҳтар аст, вале ҳоло ҷавонони тоҷик ин амалро гузошта, пинҳонӣ аз волидайни худ барои ҷиҳод озими кишварҳои хориҷ мешаванд: “ҷавонони мо аз волидайни худ нопурсида, зану фарзандони худро канор мегузоранду ҷиҳод мераванд. Масъулияти худ, таъмини нафақаи зану фарзанд ва падару модарро партофта, ҷиҳод мераванд. Ин амалест, ки дар ягон сурат дуруст нест. Дар ривояте омадааст, ки агар инсон тамоми ибодати бани одамро кунаду падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Худо аз ӯ безор аст”.

Дар идома муовини раиси Шӯрои уламо аз Ҳизби таҳрир, ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ном гирифта, сокинонро ҳушдор дод, ҳар ҷо ин ҳизб фаъолият дорад, дар онҷо нооромӣ дида мешавад: “Чизе ки имрӯз тамоми давлату ҷомеаи башариро нигарон кардааст, Ҳизби таҳрир мебошад, ки бисёр даргириҳои шадид ва ихтилофҳои бузург ба миён меоранд. Ҳар куҷо фитна аст, онҷо хунрезиҳо сурат мегиранд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
муфтии мухтарам, ин кадар худро азоб надихед. ин одамхоро дар англиси "Зомби" мегуянд ва ягон гапи шумо ба онхо таъсир намекунад. онхоро чунон магзи сарашонро шуштаанд, ки дигар барои онхо модар, падар ва зану фарзанд вучуд ва кадре надоранд.

raski
vakhte olimora makhkam karden ovozoshona ina marhamat az hama jihat shikast mekhren

Домулло дуруст мегуяд. Дар вакташ чиходро барои онхое эълон мекарданд, ки дини Исломро намепазируфтанд. Холо бошад ба маънии чиход нарафта чавонони гумрох бо хамдинони худ чанг карда истодаанд. Гузаштагони миллати точик ки дар бораи таълиму тарбия бисёр навиштаанд, имруз чанг дар давлатхои дигар ба чавонони точик намезебад, онхо бояд аз рохи худ гарданд то обруи миллатро дар чахон пас назананд. Хизмат ба Ватан ва волидайн аз чиход ва дигар корхо савоби бештар дорад. Ба умеди савоби чиход нашаведу ба миллат ва падару модари худ хизмат кунед.

Ман он хочиёну, эшононе, ки дар вакташ оромии миллатро дида аз минбарони калон дод зада, гиря мекарданд, актёри мекарданд гуфтаниам ки бо вакти шумо расидааст ки боз баромада ба он гумрохони ки дини мубини исломро паст мезананд бо рафторошон, бо чиходхои беманеашон онхоро аз рох зананд, фахмонанд ки падару модарашон фарзандхояшон нон ёфта диханд ин Чиход аст, дигар ин хукумат наметавонад ба мардум фахмонда ,аз бад бинии хукумати хозира ин домулло ва эшонхо дигар ягон амру маъруф нисбати ояндаи кишвару миллат намекунанд
Чоп кунед озодагон Озод боши агар...

Олимчон,
ин хакикат аст ин сухани домуло нестбалки сухани паёмбар аст вакте чавоне назди паёмбар (с) омад гуфм ман мехохам чиход кунам паёмбар барояш гуфт рав хизмати модару падаратро кун бехтарин чиход аст
Точик,

хОЧИКАЛОН АВВАЛ ШУМО БА ОНХО ГУИД, КИ ДАР дАВЛАТИ хУДАМОН тОЧИКИСТОН ХИЗМАТИ хАРБИРО ГУЗАРОНЕНДУ АЗ ОБЛАВАХО НАГУРЕЗЕН ГУИД,,,, ИН ЧИ АСТ КИ ДАР ДАЛТАТИ ДИГАР РАФТА ХИЗМАТ МЕКУНАНДУ ОДАМКУШИ МЕНАНД..... ОНХО ХОИНАНД!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)