Бахшҳо

Духтарро чию хонданаш чӣ?

Бону РАҲМАТУЛЛОЕВА

Теъдоди духтароне, ки маълумоти миёна надоранд, кам нестанд. Иддае аз волидон ҳади ақал иҷоза намедиҳанд, то духтаронашон мактаби миёнаро ба пурагӣ хатм намоянд. Андешаи тақдири ояндаи духтарашонро намекунанд. Аз онҳо боре намепурсанд, кӣ шудан мехоҳаду кадом кабсро интихоб кардааст. Роҳи ҳалро дар шавҳар додани духтар мебинанд.

Чунин мушкил аслан дар рустоҳо бештар ба чашм мехӯрад. Ҳарчанд ҳукумат барои таҳсили духтарон аз навоҳии дурдаст иқдомҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки онҳо ба таври нисбатан сода, тавассути квотаву роҳхатҳо имкони идома додани таҳсилро доранд. Қаҳрамони матлаби мо ҳам духтари деҳотиест, ки падараш нагузоштааст, мактаби миёнаро хатм кунад. “Пас аз хатми синфи нуҳ падарам нагузоштанд, ки мактаби миёнаро ба пуррагӣ хатм кунам. Бо вуҷуди зораву таваллои зиёд розӣ нашуданд. Ҳар рӯз гиря мекардам, модарам оби чашмамро пок мекард”,-бо алам нақл мекунад Ситора.

Ба гуфтаи ӯ, модараш ҷонибдори таҳсилро идома додани ӯ буд: “Мегуфт, чӣ кунам аз дастам ҳеч кор намеояд. Мехостам туро ба мактаби олӣ дохил намоям то соҳиби касб шуда, мисли ман дар зиндагӣ азоб накашӣ”.

Ситора мегӯяд, як рӯз вақте ҳавлиро ҷоруб мезад, ҳамсинфашро дид, ки мактаб меравад. Аламаш карду гирист. “Бибиям ин ҳолатро дида наздам омаду гуфт, агар ин қадар хондан хоҳӣ аз фардо ба мактабат рав. Пурсидам, ки падарам чӣ мегӯянд, гуфт ӯро фикр накун, ҳисобашро худам меравам”,-афзуд ҳамсуҳбати ман. Ба нақли Ситора бибияш сабаб шуду синфи 10-у 11-ро хонд: “Дар оила аввалин духтаре ҳастам, ки мактаби миёнаро пурра хатм кардаам. Вақте иҷозаи идомаи таҳсил дар мактаби миёнаро доданд, гумон доштам, барои ба донишгоҳ рафтан ҳам мушкил намешавад, аммо чунин нашуд”.

Ӯ мегӯяд, падараш танҳо як гап дошт, “духтарро чию хонданаш чӣ?”. Ва ҳамеша таъкид мекард, ки дар хона нишаста ба модарат дастёр шав. “Рӯзе тоқат накарда ба падарам гуфтам, ба ман бовар надоред? Ғайри интизори ман ором ҷавоб доданд, ки “бовар дорам”. Пас барои чӣ намегузоред, ки таҳсил кунам? Падарам каме фикр карда ба бародарам нигаристанд. Гӯиё фикри ӯро мепурсида бошанд. Бародарам ҳам гуфт, монед, хонад падарҷон”,-ёд меоварад Ситора.

Падари Ситора барои донишҷӯ шудани духтараш иҷозат медиҳад. Ҳоло қаҳрамони матлаби мо донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. “Умедворам донишгоҳро бо сари баланд хатм намояму сабаби ифтихори падару модарам бошам. Мо духтарон бояд ҳамеша дар боварии волидон бошем”.

Қиссаи қаҳрамони мо бояд барои падару модарон дарси ибрат бошад. Хоса падарон бояд дар фикри ояндаи неки духтарони худ бошанд ва онҳоро аз таҳсил дур насозанд. Касе намедонад, тақдири минбаъдааш чӣ мешавад, бо чӣ пастиву баландӣ дучор меояд. Духтарони таҳсилдида ҳамеша имкони пушти сар кардани мушкилиҳоро доранд. Пас, беҳтар нест, ки ба онҳо имкон дода шавад, то илм биомӯзанд?
Мӯҳр
Мехр
Модар босаводу сохибхунар бошад, фарзандони миллат начот меёбанд.

мири бухоро
инро то охир дида буроед хамон духтар шавхар карда меравад ай хамон донишгохаш

Если в семье образованный сын то в будущем он будет образованным членом общества. Если образованная дочь то в будущем - это образованная семья того же общества.

ЧАМИК
Рости дар чомеаи кунуни акасри волидайн мехохад, ки духтаронашон бо савод бошанду дар хидмати мардум бошанд аммо ба чомеаи мо аз чумла ба донишгохову донишкардахо менигарем аксарияти муалимони мутаасиб бо фармони хочахояшон бечора донишчудухтаронро барои пушидани русариву либоси шинам ё пошнаи паст ва гайра аз дар меронанд ва падару модар аз кучо мехохад, ки фарзандашон дар чунин ба ном таълимгохо тахсил кунанд?! Шахсан ман худам хохарзодаамро барои русарияшро аз сараш гирифтан ва тавсияи пушидани пояфзоли пона баланд аз донишгох хучатхояшро гирифтем ва нагузоштем, ки минбаъд бехаё шаваду дигарон аз тамошои вай лазат баранд! Ин аст мусалмонии мо. Боки худ казоват кунед?

Ростиш духтаро хонданаш бехтар факат то хатми мактаби миёна. Сабаб дар он, ки вакте ба шавхар мебарояд у хатман барои таълиму тарбияи фарзанд шуданаш лозим. Аз хамин лихоз дар мактаби миёна нагз тахсил кунад тамом. Агар баъд аз мактаби миёна донишгохро хатм намуда ба кор истад он вакт духтар вайрон мешавад.. Инро исбот кардааст олимон аге набошад худ хулоса барорред........ в салом...

88
Духтарон хам бояд хатман хонанд агар имконият бошад мактаби олиро низ хонанд,алхол чахонишавии чахон рафта истодааст танхо босаводон метавонанд зиндаги карда ва комеб бошанд.Дигар ин ки хозира чавонхо онкадар андешаи оиладори кам доранд метавонанд хамсари худро дар миенарох партофта раванд агар у бесавод бошад чи?Бехтараш квотаи президенти ва чойхои бучавиро то 80%ро ба духтароне ки хохлни тахсили мактаби олиро доранд дода шавад.Ба пеш духтарон хукукхои худро мухофиза намоед.

Носир
Духтархо вайрон не, чашмхои мардхои точик вайрон ва нафсашон аз хад боло.

Мансур
Озодагон адреси хами духтара чи хел ёбем. Мисле, ки духтари бопадар метобад. Кани як бинем то курси чорумияш ба хамин гуфтахои худ содик мемонад ё не. Агар ба афсуни ягон бача наафтад шояд хамин хел бимонад.

Бедиплом
Шавхар хиёнат мекунад, зани дуюм мегирад, аммо диплом тамоми хаёт бо Шумост!

Мухолиф
аксари духтароне ки дар Донишгоххо мехонанд дар оянда шавахар намекунанд ва агар шавхар кунанд хам бо сабаби маълум аз шавхарошон чудо мешаванд барои хамин падарони бономус духтаронашонро хондан намемонанд Дар дарс як устоде гуфта буд: агар падару модари ин духтаро фахманд, ки духтарошон дар донишгох чи кор мекунанд дигар хич вакт ба донишгох хондана ичозат намедиханд Омили асоси хамин аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)