Бахшҳо

Низом Қосим: Бозор Собир хаста аст ва китоб мехонад

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки аввалҳои моҳи июни соли равон ба Амрико рафта буд, ба Душанбе омадааст.

Низом Қосим, вакили парлумон, шоир ва яке аз дӯстони Бозор Собир, имрӯз, 13 ноябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Бозор Собир ҳафте қабл аз Амрико ба Ватан баргашт ва дар чанд чорабинӣ низ ширкат намудааст. Ба гуфтаи оқои Қосим, рӯзҳои наздик бо ширкати Бозор Собир ягон чорабинӣ ё маҳфиле дар назар нест ва аз баски каме хаста шудааст, дар манзилаш ба хондани китоб машғул аст.

Бозор Собир, ки соли гузашта баъди 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт, аввали моҳи июни соли равон дигарбора озими Амрико гардид ва гуфта мешуд, ҳамагӣ барои чанд рӯз барои хабаргирии фарзандону наберагонаш рафтааст. Гуфта мешавад, оқои Собир дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.

Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд. Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. “Оташбарг”, “Гули хор”, “Мижгони шаб”,”Офтобниҳол”, “Бо чамидан, бо чашидан…”, “Чашми сафедор”, “Аз Ватан вақте ки мерафтам” ва “Аз “Гули хор” то “Симхор” маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои “Бо чамидан, бо чашидан…” ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.
Мӯҳр
цы
Кошки раваду дигар наояд. Бо кадом руй боз ба Точикистон омадааст?

Мехр
Ба фикрам Устод хамчун точики асил сухту, аммо миллаташ хануз тарсуз аст.

Бозор Собир шери нари Точикай ба Худо хам хами одам наздикай на МуЛлоВ бо нум СуФиВу КуФиЁи дуруяву серуя фиребгарой МаРдМи бечора !!!!!!!!!

Бозор Собир шери нари Точикай ба Худо хам хами одам наздикай на МуЛлоВ бо нум СуФиВу КуФиЁи дуруяву серуя фиребгарой МаРдМи бечора !!!!!!!!!

Ман намефахмам ин Бозор худро чигуна шоир мехонад, ки шоирони класики точик кариб хамашон дар сини хурдсоли пеш аз ба мадраса омаданашон аввал куронро аз худ мекарданд. Хулас ранги бозор наузамбИллох кофир набуданд. и бадодаш хичка намерасад, Банда аз ашъорашам безорам хато пурра мутолеа накардаам факат дар Адабиёти тосик хондаам камакак)))

Ее мегуфти охи бо мо хам хайрон шудем ки чи ика хастай хоболудай зик шудем неки пах

ЯК КОФИРА ЧИ ИН КАДАР РЕКЛАМА МЕКУНЕН.ВАЙ ХУДРО ШОИРИ ТОЧИК МЕКУЯДУ ДАР АСЛ ЗИДДИ АКИДАИ ТОМОМИ ТОЧИК ХАСТ БА ГАЙР АЗ СЕ ЧОР КАСЕ КИ ХАМФИКРИ У ХАСТАНД ТАМОМИ МАРДУМИ МУСУЛМОНИ ТОЧИКИСТОН АЗ ИН БЕЗОРАНД.ВАЙ ТАМОМИ ГУЗАШТАХОИ МОРО ВА АЗ ЧУМЛА ПАДАР ВА БОБОХОИ ХУДРО БО ЯК ШЕЪРИ КУФРОНАИ ЛЕНИН ТАХКИР КАРДААСТ. НОМАТ ХАМ МУНОСИБ ГУЗОШТАНД

Точикак
Хайр дар давраи шурави нагуфт дар хакки розбарош ягон напи хуб, харчанд арзанда буданд, лекин ногуфтаашро дар ду соли ахир дахчанд дар хакки рохбарои точикистон, ки садкаи тавсиф шаванд, хай гуфт ки мардак, дигар илхомаш тамом шудасту мачоли шеъргуи надорад.

Нобузург
Мо дар таърих хеч шоири бузург и точикеро нашнидаем ки хаста шуда бошад ё бузургони ин давра хаста мешаванд ва ё бузург нестанд.

Лекин касби зур ёфтааст когаз-самалётсардихи.

Кош китоби бисёр хондад

Вахдати
О бародарон дехаи Суфиен ба шахри Вахдат масуб аст чаро Бозорро Файзободи мегед

ПАСТИ НАКУНЕД! БАЪДИ САДСОЛАХО ГАЙР АЗ НОМИ БОЗОРУ ЛОИКУ АЙНИВУ ТУРСУНЗОДА НОМИ ХЕЧ КАДОМАТ НАМЕМОНАД, ХАТТО ПИСАРОНАТОН ФАРОМУШАТОН МЕКУНАНД,

Сахар мегуфт булбул боғбонро,
Дар ин бог чуз ниҳоли гам нарӯяд,
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун чавон гардад, бимирад.

Бозор воқеан ба китоб ва мутолиаи зиёд ниёз дорад.
Шояд иддао мардум дар бораи он ки
гӯё акл дар пиронсолӣ меояд, дуруст бошад.
Кош чунин бошад, зеро ин чиз ба Бозори бозории точик
изрӯз аз пештара дида хеле ва хеле зарур аст. Шояд хиради азали боло гираду шоир чун пештара махбуби мардум гардад. Биёед дуо кунем, хама. Омин.

Устод Бозор бузург аст. Танхо барои он ки мутаассибонро мекубаду террористонро шум мебинад, суяш санги маломат мезанед. У дар дунёи худ аст, у нотакрор аст. Зихи устод, тамоми миллати точик бо Шумост, аз ин ришу фаш озурда нашавед. Душманонатон нобинову куранд, садкаи як мисраи Шумо кунад ин носипосонро. Инхо хама бо шуури пасти хурофотияшон тарафдори катли ому дор кашиву нест кардананд.

Махина
Чаноби ёвони! И мардак дар чангандози шарик буд, чанга андохту гурехт! Хозир боз омадаст.Шеъри навиштааш дар гур рузаш намедихад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)