Бахшҳо

Искандарзода сардори Раёсати умури дохилии Бадахшон таъйин шуд

Полковник Абдулваҳҳоб Искандарзода бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон таъйин гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 22 ноябр як гуруҳ кадрҳои тозаинтихоб дар мақомоти умури дохилӣ ва Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ, аз ҷумла раҳбари нави Раёсати умури дохилии Бадахшонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Искандарзода то кунун дар Шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб кор мекард ва ҳанӯз се моҳи қабл ба ҳайси иҷрокунанда ба ин мақом таъйин шуда буд.

Ӯ дар ин мақом полковник Файзулло Нозимовро иваз намуд, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ бо дархости сокинон дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонии Хоруғу Бадахшон барканор шуда буд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, дар баробари таъйин шудани сардори нави Раёсати умури дохилии Бадахшон, сардорони нави чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати умури дохилӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои минтақавии ин ниҳод ва сардорони якчанд раёсати Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ иваз шудаанд. Аммо манбаъ ному насаби кадрҳои навро зикр накардааст.
Мӯҳр
точик
Бояд сардори раёсати бадахшон аз кадрхои бадахшон мешуд на аз кулоб

БАДАХШОН ВИЛОЯТИ ХУДМУХТОР АСТ БАРОИ ЧИ ШУМО МУХТОР НАМЕНАВИСЕД

Ситора
Боз Одами Худашро монд Бадахшони дигар ёфт нашуд ки аз Кулоб монди Дар Бадахшон Хайр аз Бадахшони Худашон дигар хеч кас кор карда наметавонад Бовар кунед

Боз аэ Кулоб

эрач
Гапи бисер назенен йа кулобай ай кчохай одамай фарзанди точикистонай

Саодат
Бояд Сардори Раёсати ВМКБ аз хисоби 30% мешуд чунки ман дар соли 2012 дар бадахшон будам хайр аз Бадахшони дигар хеч кас кор карда наметавонад Бовар кунед

Мехр
Ба В(м)КБ. Таърихи миллата намедони. Шумо аз огоз бо миллат будед ва то охир бо миллат мемонед. Ин харфи "М" аз мову Шумо нест. Ин харфи бадбахта, кариб 120 сол пеш ачнабиён ба болои номи мо Точикон бор кардагианд. То шояд рузе расад ки ин харфи "М" барои ниятхои бадашон ба кор ояд. Мутаассифона дар ту аллакаи таъсираш аст..

Мухлис
То замоне аз Бадахшонихо сардор намонанд пеши рохи нооромиро гирифтан наметонад ягон кадри дигар, вакт довар хаст мебинем боз солхои наздик чи гапу корхо мешавад.

Точикистон то даме, ки махаллагироиро бас накунем, обод намешавад. Мо бояд хар кадомамон фикри баланд бардоштани иктисодиёти кишварамонро кунем, ба хотири ояндаи фарзандонамон. Дониш омухтан даркор, технологияи хозирзамонро на ранги кампирхо шишта факат гайбат кунем.
Хар кадоми мо бояд барои ободии кишварамон каме бошад хам сахм гузорем. Бас махахалгарои, бас бадбини. Барои обруи Точикистонро дар арсаи байналмилали бардоштан мо бояд аввал иктисодиёти кишварамонро баланд бардорем. Дар Россия точикон умуман кадр надоранд. Ин бошад айби худамон. Акасри точикон ихтисоси баланд надоранд, хатто руси гап задан наметавонанд, маданияти рафтор надоран, боз мо мехохем моро писанд кунанд... Илтимос бас махалгарои!

майор
дар помир мардуми доно,вале бекор бисёр! Кадрхои сатхи чумхури низ хастанд,вале онхоро сохиб нест.Факат Дар вазифахо заифакхо ва чоплусхо, дуздакхои махалли, "хизматгорхои Алохида" шистаги.

бомехртар душанбе
Додараки камсаводам ин харф "М" хосияти хубе дошт.ки бо хамрох карданаш чумхурии мустакили Точикистон пайдо шуд. Сони 120 сол не балки 95 сол пеш илова карданд.Дар ин чо масьалаи махалчиги нест балки баробарии махалхоро ба назар грифтан даркор хамчун субьекти давлати точикиситон.Чаро Хучандию Бадахшониро дар Кулоб вазифа намедиханд .е чаро дар вилояти Курган намемонанд? Магар дар ин чо миллати точикро ба назар намегиранд е ин вилоятхо точик надоранд? Шояд махалбози дар худи раесати прездент бошад ва дигархоро аз хам чудо месозад е системаи давлатдори аст.

Мехр
Бомехртар. Шумо дуруст гуфтед. Аммо манзури "М"-и гуфтаи ман ба сарчашмаи ката М- кариб ба 120 сола дахл дошт(Англ -Имп. Рус).

Ватан-Модар
албатта барои мо тамоми гушаву канори Точикистон ватан аст, вале мутаасифона мардуми бузургу шарифу бономуси босаводи Бадахшонзамин, ки махз бо саводи баландашон хамвора миёни хамаро мешикананд дар Точикистон ( гайр аз Бадхшони худашон) гариб хастанд. ин гап асос дорад, зеро аз тачрибахо гуфта мешавад. яъне бадахшонии бечора бо саводи мукамммалаш дар Точикистон кор нафта истодааст. чунки ба хар кучое, ки барои кор кардан мурочиат мекунад, ба чои оне ки аз саводаш бипурсанд шиносномаву тарчумаи холашро мебинанд баъдан бо бахонахое чун "баъдтар биё" ё " чои холи надорам" ва гайра гуселаш мекунанд. вале агар ба чои ба истилохи худашон " помири" ягон хатлони бошад ба саводи " КОФИЯШ" нури дида точи сар гуфта кабул мекунанд. барои хамин агар хамин махаллгарои аз худи раисои корхонахову муасисахо, ки худашон ба кавле "ватандусту" "халкдуст" астанд ин гуна рафтор сар занад, пас дигар хочати гап нест. Магар бадахши точик нест! агар бошад онхоро рох тихед набошад ба холи худашон рахо кунед! чи ин халки бечораро ин кадар тоб медихед! мухтарам раисхо ва рохбарои " Гироми"

Офрин рахмат бар суханхои волоятон гапи зур гуфти леки бародарам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)