Бахшҳо

ВИДЕО: “Ҳоҷӣ Самандар” дар куштори бародарон Каримовҳо муттаҳам мешавад

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти 3 нафар хабар дод, ки дар куштори тоҷирони мошинҳои гаронарзиш, бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ташкилкунандаи ин ҷиноят “Ҳоҷӣ Самандар” як сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки феълан ҳамроҳ бо ду муттаҳами дигар боздошт шудааст. Ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфтааст, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи ӯ Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо маблағи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд. "Баъде, ки дидам намешавад, гуфтам баред инҳора нобуд кунед, зеро моро ҳам нобуд мекунанд."-гуфтааст ӯ.

Ба иттилои мақомоти амниятӣ Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд: "Онҳо Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд."

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардидааст. Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада бедарак шудаанд.

ВКД мегӯяд дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаи "Озодагон" афзуд, ки мошинҳои гумшуда, се рӯз пеш аз дарёфти ҷасадҳо дар қаламрави Рӯдакӣ пайдо шуда буданд. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан тафтишоти парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.


Видеои гузориши телевизионии КДАМ дар бораи ин қазия:

Мӯҳр
Мехр
Агар ин "Хочи Самандар" ба ин чинояти мудхиш даст зада бошад, иаълум мешавад, ки сарчашмаи маблаги "хачаш" хам халол набудааст.

ва
Хамаи инхо, хам кушташудагон, ва хам кушандахо, аз чумла Хочи Самандар бо маводи мухаддир алока доштанд. Чизи харомро окибаташ хамин аст.

Мехр,

80% фоизи хочихои точик аз пули харом ба хач мераванд.

Хас каму чахон пок..Корсозихои Худостанд.ки чунин афрод худ бо дастони худ хамдигарро нобуд мекунанд.Инхое ки чи кадар бар сари дигарон мушкилу фочиа ба бор меоваранд.Харомизодахое ки хазорон хонаро вайрона месозанду модаронро гирифтори гаму андух ва бисёр аз чавононро чавонмарг,то бари худ каср ва хонахои бодабдаба бунёд созанд.
.Ман харгиз аз марги касе хушхол намегардам.Аммо оне к-у боз хавфи бадбахт ва чавонмарг сохтани афроди зиёде дар чомиъа мегардад,салох он аст.ки зери хок равад

таджик
бародарои ОЗОДАГОН хамин наворои видеоиатонра дар сайтхои точики монед хуб мешуд барои онки на хама имкони тамошо видеоро дар ютуб доранд!
сипосгузорем

Пандгӯ
Бо номи Худову мақоми Ҳоҷӣ бозӣ, ки кардӣ, оқибаташ ҳамин.
Дар ба ин кор даст задани ин нафарот ҳукумат ҳам гунаҳкор аст.
Агар шароити бизнесу инвестисияро хуб кунанд, одамҳои пулдор ба ин корҳои касиф даст намезананд. Ҳозир дар ин давлат барои бизнес кардан бояд аз оилаи боло ягон криша дошта бошӣ агарне талаву тороҷ мешавӣ.

Ситора
Бобои Хочи Самандарро 120 сомони Чарима кунед ва Тез чавобаш дихед Як чахон ташакур Агар 2 касро кушта бошад 240 сомони Чаримаш кунед ва тез Чавобаш дихед

Э Бародарон наход Одамро кушанд Одамкушро Героинфурушро ба монанди Судияхои Давлати Хитой Хукмаш Бояд катл бошад Наход Одамкушро Ё Героинфурушро АВФ кунед Конун факат барои Бачахои Камбахалай Илтимос Чоп кунед

Акбар
Э Бародарон ман 20 сол шид дар Кумитаи Давлатии Амнияти миллии Чумхурии Точикистон кор ва фаолият мекунам дар инхел Мошинхои Гаронбахо Хато Нашиштаам Ин 2 бародар Карздор будаанд Хочи Самандар Карзашро талаб кардааст Карзатро надоди ноилоч шуда мекушанат 120 сомони Чаримаш кунед Хочи Самандаро Озод кунед Илтимос Чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)