Бахшҳо

Занкалонӣ дар ҳукумат: Аз оила то сиёсат

Сипеҳри Кароматулло, рӯзноманигор

Чанде пеш Анҷумани Ҷаҳонии иқтисод бо нашри гузорише дар хусуси баробарии зану мард дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла, мушорикати иқтисодӣ, корёбӣ, дастёбӣ ба омўзишу парвариш ва қудратталабии сиёсӣ Тоҷикистонро дар миёни 142 кишвари ҷаҳон дар радаи 102 қарор додааст.

Занон бидуни сояи ҳизби ҳоким намесабзанд

Гузориши ин созмон дар ҳолест, ки ширкати занон дар сиёсат хеле камранг ба назар мерасад ва ин омил боиси бештар шудани нобаробарии зану мард дар арсаи сиёсат шудааст. Гузоришҳо ҳокист, ҳукумат чандон шавқ надорад, то занҳо мустақил дар майдони сиёсат садо баланд кунанд ва мустақилона вориди арсаи сиёсат бишаванд. Албатта, бархе коршиносони наздик ба ҳукумат бо мисол овардани чанд хонуми вазифадор ва ҳамчунин чанд бонуи вакили парлумон аз сиёсати гендерии ҳукумат пуштибонӣ мекунанд, аммо асли гап сари он аст, ки ҳеч зане дар Тоҷикистон бидуни сояи ҳизби ҳоким ин вазифаҳоро соҳиб нашудааст. Бинобар ин коршиносон таъкид мекунанд, ки занҳо дар Тоҷикистон мустақилона дар арсаи сиёсат фаъолият надоранд. Ҳол он ки дар замони Шуравӣ бонувони зиёде дар арсаи сиёсат фаъолият мекарданд.

Дар солҳои ахир дар Тоҷикистон фақат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои шикастани зеҳнияти мардум Ойиниҳол Бобоназароворо ба унвони номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз ҷониби Иттиҳоди неруҳҳои ислоҳотхоҳ пешниҳод кард, ки баъдан бо пеш омадани монеаҳои сунъӣ ва камбуди имзои тарафдоронаш аз сабқати интихоботӣ берун шуд.

“Ҷомеаи Тоҷикистон анъанавист ва маданияти деҳотӣ ҳукмрон аст”

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон гузориши созмони Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодро дуруст ва воқеӣ маънидод намуда, таъкид мекунанд, ки монеаҳои аслӣ барои фаъолияти озодонаи занон дар арсаи сиёсат барчидани садгузориҳои сунъист, ки аз суйи бархе мақомот эҷод мешавад. Ҳамчунин, коршиносон хусусияти анъанавӣ доштани ҷомеаи моро рад намекунанд ва мегӯянд, барои таъмини баробарии занон дар арсаи сиёсат бонувонро дар оила ба ҳайси лидер тарбият кардан зарур аст. Дар ин хусус Фариддун Ҳодизода мегӯяд, барои он ки занон дар саҳнаи сиёсат бештар ҳузур пайдо кунанд, дар оила ба ҳайси лидер тарбият шаванд: “Агар мо хоҳем, ки зан дар сиёсат нақши зиёдтар дошта бошад, дар оила тарбият кунем, яъне нишон диҳем, ки дар оила масъалаҳоро ҳал кунад. Масалан, хонумоне, ки вақти Шуравӣ вазир буданд ё вазифа доштанд, сардори оила ҳам буданд. Бинобар ин агар занҳоро дар оила ба сифати лидер тарбия накунем, онҳо дар ҷомеа лидер шуда наметавонанд”. Ин коршинос дар идома таъкид мекунад, ки ҷомеаи Тоҷикистон анъанавист ва маданияти деҳотӣ ҳукмрон аст, аз ин рў фаъолияти занон дар арсаи сиёсӣ камранг ба назар мерасад: “Гуфтан мумкин аст, ки анъанаи ҷомеаи Тоҷикистон, ки деҳотӣ аст ва шаҳрӣ нест. Аз ин лиҳоз, занҳо дар вақти тарбият ҳамеша дар ҷои дуюм қарор мегиранд. Масалан, дар аснои омўзиш ва таъмин бо ҷои кор писарон дар ҷои аввал қарор мегиранд ва оилаҳо ба духтарон дар ин замина камтар аҳамият медиҳанд”- меафзояд Фариддун Ҳодизода.

Занҳо ба худию бегона ҷудо мешаванд

Дар ҷомеаи Тоҷикистон занҳо ба сахтӣ метавонанд бидуни такя бар ҳизби ҳоким ва ё як пуштибони қавӣ рушд бикунанд. Ин нуктаро аксари коршиносон таъкид карда мегӯянд, ин яке аз монеаҳои аслӣ барои ҳузури бонувон дар майдони сиёсат дар Тоҷикистон мебошад. Ба бовари ин гурӯҳи коршиносон занҳо бо хушбинӣ ба пуштибонҳояшон такя мекунанд, ки дар аксар вақт ин хушбинӣ монеи рушди мустақилонаи онҳо мешавад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос мегӯяд, занҳо дар Тоҷикистон талош мекунанд, на аз руйи тарз ва усули муайянкардаи қонунгзорӣ, балки бо такя ва мувофиқати мақомот вориди майдони сиёсат шаванд ва дар арсаи сиёсат низ садгузорӣ барои ҳузури занон ҷой дорад: “Таҷрибаи сиёсӣ муайян кард, ки занҳо низ вобаста ба мавқеи шарҳвандӣ, ақида ва мансубияти маҳалӣ ба худию бегона ҷудо мешаванд. Маҳорату истеъдод ва қобилияти ташкилотчигии занҳо дар рафти фаъолияти сиёсиашон ба инобат гирифта намешавад. Чунин ҳолатро на танҳо дар сиёсат, балки дар илму фаъолиятҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дидан мумкин аст”, таъкид мекунад Шокирҷон Ҳакимов.

Зани тоҷик дар фикри либоси худ аст на ояндаи худ

Ба ин нукта низ ишора мешавад, он занҳое, ки ба майдои сиёсат ворид мешаванд ё алакай ворид гардиданд, ба фикри худ ва имиҷи худанд ва аз ин рӯ дар ҷомиъа чандон мавќеъ пайдо намекунанд. Мавҷуда Соҳибназарова муътақид аст, ки бонувон пеш аз он ки ба сиёсат гом ниҳанд фикр намекунанд, ки бояд барои ҷомеа, ба вижа иҷтимоъи занон чӣ кор карда метавонанд: “Зани тоҷик вақте ба арсаи сиёсат по мениҳад омода нест, фикр намекунад, ки пеш аз ин ки вориди сиёсат шавад бояд чӣ кор кунад. Оё метавонад мушкили зани тоҷикро бо гирифтани мансаб ҳал кунад? Имрӯз зани тоҷик бо гирифтани мақом дар ягон соҳа ба тағйири сару либоси худ мепардозад. Инчунин бо имтиёз додан ба гурӯҳе аз занон мо пеши роҳи занони муваффақ дар арсаи сиёсатро танг кардем”.

Дар вазъияти сиёсие, ки имрӯз Тоҷикистон дорад фаъолияти мустақилонаи занон дар ҷодаи сиёсат хеле мушкил аст ва имкониятҳо барои фаъолияти озодонаи занон маҳдуд мебошад. Ба навъи дигар таъкид кунем, ин садгузориҳо то ҷое барои рушди мустақилонаи занон монеъа эҷод кардааст. Маҳноза Қазоқова, як бонуи дигари тоҷик мегӯяд, имрӯз ҳеч зани мустақилеро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон намебинад. Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар занон на фақат раиси ҳизби опозитсиониянд, балки масъулияти роҳбарии ҳукуматро низ бар дўш доранд. Ӯ барои тақвияти фикраш аз Қирғизистони ҳамсояи мо мисол меоварад, ки Роза Отабоева баро як давра масъулияти ҳукумати давраи гузоро ба уҳда дошт ва аввалин зани раҳбари сатҳи аввал дар Осиёи Миёна буд.

Бо наздикшавии интихоботи парлумон бархе дигар аз коршиносон таъкид мекунанд, ки пас аз поёни ин маъракаи сиёсӣ маълум хоҳад шуд, ки занон то чӣ аноза майли воридшавӣ ба сиёсатро доранд.
Мӯҳр
Хеле хуб кайд кардаи Сипехр. Дар хакикат хамин хел аст. Чанд занеро сари мансаб овардаанд, дар сояи хизби хоким каттаги карда гаштаанд. Дуруст кайд шудааст, ки занхо ба чуз сояи хизби хоким дигар дар ягон чо "намесабзанд".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)