Бахшҳо
27 ноя 2014 10:30Тоҷикистон / Сиёсат

“Намедонамҳо”-и раҳбари “Барқи тоҷик” ва нигаронии Зуҳуров

Абдулғанӣ АБДУЛВАҲҲОБ

Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ба назар гирифтани вазъи иҷтимоии мардум ин ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро зери қарзҳои ҳангуфт қарор додааст.

Раҳматзода рӯзи 26 ноябр дар парлумон гуфт, ширкати “Барқи тоҷик” аз неругоҳҳои кишвар, ки ҳоло дар ихтиёри ширкатҳои хориҷиянд, нерӯи барқро бо нархи гарон харидорӣ ва ба сокинон арзон мефурӯшад. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат гӯиё аз неругоҳи “Сангтуда-2” бо нархи наздик ба 15 дирам нерӯи барқро харидорӣ карда, ба сокинон бо қиммати 12,6 дирам (бо дар назардошти андози арзиши иловашуда) мефурӯшад: “Сабаби ин қарзҳо дар он аст, ки имрӯз мо аз “Сангтуда-1” низ нерӯи барқро қиммат харида бо назардошти беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум онро арзон мефӯрушем”.

Раҳматзода инчунин талафоти нерӯи барқ ва баъзе аз корхонаҳоро омили дигари зери қарз мондани ниҳоди таҳти раҳбарияш дониста, изҳор дошт, “инҷо “патерия” бисёр аст ва мо ҳоло талош дорем онҳоро аз байн барем. Дар баробари ин баъзе аз субъектҳо низ ҳастанд, ки Шумо худатон бисёр хуб медонед, имкониятҳояшон барои пардохт кардани маблағи барқ маҳдуд аст”.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъкид кард, ҳоло дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ё худ СНГ аз ҳама нерӯи барқи арзон дар Тоҷикистон аст: “Дар Тоҷикистон нерӯи барқ хеле арзон аст нисбат ба давлатҳои СНГ ва сабаби асосиаш таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст”. Аммо ӯ дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки ҳоло нархи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар арзиш дорад, натавонист ҷавоб гӯяд. Раҳбари ягона ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон иқрор кард, намедонад, ҳоло дар Узбакистон ё Русия қиммати нерӯи барқ чӣ қадар аст: “Дар Узбакистон ҳам гуфта наметонам нархи нерӯи барқ чанд аст”.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз огаҳӣ надоштани раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи арзиши нерӯи барқ дар кишварҳои хориҷ ибрози норизоӣ карда, аз ӯ хост, ин ҳамаро омӯзаду таҳлил кунад: “Вақте намедонед, ин бисёр бад аст. Таҳлил кардан даркор! Мо ин хел наметавонем коре кунем, чӣ хел барқе, ки истеҳсол мешавад, худро пӯшонда наметонад?!”

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 7 миллиард сомонӣ қарздор аст, ки аз ин нишондод 418,5 миллион сомонӣ дар назди “Сантгтуда-1”, 165 миллион сомонӣ аз “Сангтуда-2” мебошад.

Иддао дар мавриди мавҷудияти арзонтарин нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон изҳор дошт, Бишкек аз Душанбе бар ивази ду сент, муодили наздик ба 11 дирам нерӯи барқро харидорӣ карда, барои сокинони кишвараш бо нархи 1,5 сент, ҳудуди 8 дирам мефурӯшад.
Мӯҳр
БТ дар хисоботхо аз химояи холати ичтимоии мардум сухан мекунаду, аслан баркро ба нуктахои фуруши бензину магозахои савдо ва хамомхонахо мефурушад

Чаро ба чунин раисони бесалохият вазифа медода бошанд? Вой бар холатон. Афсус... Ое онхо фикр намекарда бошанд, ки мардуми бе барк ин холатро фахмида чи мегуянд? Нархи баркро дар давлатхои хамcоя надониста, чи тавр баркро тобистон ба давлати хамсоя савдо карданд? sad

Дар хакикат дар холати надонистани ваъзи молиявии сохаи рохбарикунандаи худ ва дигар самтхои он, окибат он соха ба муфлисшави рафта мерасад. Раиси ширкат мегуяд баркро бо нархи киммат харида онро бо нархи арзон аз харид мефурушем, ва он нархи фуруши ахолиро пеш меорад. Агар тахлилхои аник пешниход карда мешуд, ки аз хачми умумии фуруши кувваи барк чи кадаррашро кадом сохахо ва ахоли истифода мебаранд, баъд аз он сухан дар бораи пастар аз нархи харид фурухтани онро муайян кардан мумкин аст. Инро барои он ман кайд намудам, ки танхо дар сохахои саноат ва тичорати нархи фуруш ба 36 дирам баробар аст.

саид
ин раиси барк алифбои худашро намедонад
факат барои ин надонистан бояд истеъфо равад

Намедонам, айб дар Ош аст ё дар Мош? Хар мох ку пули истифодаи баркро месупорем. Хармохаро насупорем, тудаи табелчихои бесаводи баркчй, ки одоби сухан кардан надоранд, дугу пуписа карда, мегуянд; СВЕТОНА МЕБРЕМ. Маблагхои супоридаи мо кучо мешаванд, ки боз "Барки Точик" карздор будааст!? Кани Прокуру Очонсй ва билохира депутату Мачлиси Олй?!

ХУЧАНДИ
АГАР НАРХИ БАРКРО 50 ДРАМХАМ КУНЕД АХОЛИРО БО БАРК ТАМИН КАРДА НАМЕТАВОНЕД ЧИ ДАРКОР БАРКИ НАБУДАРО АРЗОН ГУФТАН БЕХТАРАШ ОН КИ ЧОЙРО ХОЛИ КУНЕД ИНТИХОБОТИ ДАР ПЕШ ИСТОДА БАРОИ ШУМО ЕОН ВАКТИ МУНОСИБ

Мехр
Раиси ширкати “Барқи точик” дуруст чавоб гуфтааст. Байни Руссия, Узбакистон ва ширкат хариду фуруши барк вучуд надорад, аз ин лихоз нархашба ахмият надодааст.

Дар хакикат Точикистон бихишти руи олами хастй ва фонист. Об дорем обамон кимат. Гесхо дорем, аммо хонахоямон торик. Пахта дорем, вале танамон луч. Намак дорему ошамон бенамак. Фарханги гузашта дорему фарханги имрузаи рохбаронамон ООООООООО. Китобу китобдор дорем, вале худамон бесавод. Шоир дорему шоиронамон чоплус. Ва гайраву хоказо........................

Пас ин чигуна барки мо аз дигар давлатхои СНГ арзонтарас? Давлати ъамсоя 1дирами харидори наиудааст. Хол ин, ки мо дар давлати худамон баркамонро12,6дирами месупорем?? Гуфтахои боло хеч маъное надорад!!

Барки точик ба бузургтарин корхонаи Точикистон - Талко баркро 6 дирами неву хамчун корхонаи истехсоли 30 дирами фурушед, харгиз карздор намешавед..

Раиси барки точик чупъат надорад бигуяд, ки баркро бо нархи нихоятан арзон ба ТАЛКО мефурушанд ва ин амр яке аз сабабхои умдаи карздории ин ниход аст.
Ва дигар, агар намедонад барк дар кишвархои хамсоя чи кимат дорад, чаро иддиъо мекунад, ки дар кишвари мо барк аз хама кишварои СНГ арзонтар аст.

хукумати точикистон харгиз дар фикри мардум нест ва намебошад... карздории барки точик ба сабаби напардохтани хакки кувваи барк аз тарафи мансабдорон корхонахои онхо мебошад...

Dilo
бад 90% рохбарони тчк амхели бесаводан зикнашен дар ин масала

Habib
“Дар Тоҷикистон нерӯи барқ хеле арзон аст нисбат ба давлатҳои СНГ ва сабаби асосиаш таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст”. Dar Turkmaniston barq bepul ast, Rustam. Charo osmoni gap mezani, Rustam!

Инсон
Дилам ба холи худам сухт...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)