Бахшҳо

Абдулқодирзода ҷавононро аз "ҷиҳод"-ҳои хориҷ ба “ҷиҳод” дар Тоҷикистон хонд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар аз ҷавонони тоҷик даъват кард, ки ба ҷои рафтан ба ҷиҳод пайи ободии ватану тарбияи фарзандон ва ҳифзу ҳимояти динашон бошанд.

Абдулқодирзода ин нуктаҳоро дар хутбаи намози ҷумъааш рӯзи 5 декабр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, “ҷиҳоди мову Шумо тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани маънавиёту одоб ва ахлоқи ҷавонон дар Тоҷикистон аст.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, ин ҳама гуруҳҳое, ки ҷавонони тоҷикро ба сафи ҷангҷӯён дар нооромии кишварҳои исломӣ ба номи ҷиҳод даъват мекунанд, ҳадафашон паст кардани нуфузи дини мубини Ислом ва мусулмонон аст:

“Фирефтаи ҳар хел гуруҳҳои террористию ифротии байналмилалӣ нашавем. Ин гуруруҳҳо ҳама алайҳи мусулмону дини Ислом ташкил ва сармоягузорӣ мешаванд. Аз ин, ки ба номи ҷиҳод даъват мекунанду мебаранду меоранд, ба ҷуз дини Ислому мусулмон касе зарар намебинад.”

Ӯ бо овардани иқтибос аз суханони паёмбари Ислом (с) динро рагу пайванд ва хуни инсон хонда, аз ҷавонони тоҷик даъват кард, даст ба амалҳое назананд, ки боиси паст ва беобрӯ шудани динашон гардад.
Мӯҳр
ээээ ИН КАС МУФТИ МИ?

точик
муфти 18сола масчиднаравад ин пасткардани ислому мусалмон нест ба хамаон касонеки сурие рафтаанд дар назди ХУДО шумо чавобхохед дод .........

хама гап зат ту хапкун даъвои ИСЛОМ накун

Хамин "Чиход"-хоро давлати Исроил бо Америка ташкил намуда, барои паст кардани нуфузи дини ислом ва чанг андохтани мусулмонон бо хамдигар маблагхои зиед равона намудаанд. Онхое, ки аз дину дунё бехабаранд бояд бидонанд. Дар Точикистон хазорхо гектар заминхо бекор хобидаанд, касе мехнат кардан хохад хамин заминхоро обод кунад ба чойи игвоангезию танбали. Кор мекардаги дар хамин Ватан хам кор мекунад, факат гапа кам карда, мехнат кардан даркор.

Карим
Мухтарам кормандони Озодагон бисёр хохиш дар бораи Абдулкодирзода оиди хаёту фаъолияти кориаш дар алохидаги мавод омада мекардед. Каблан минатдорам.

довар
Ай муфти Сайдмукарам Шумо бо ин гуфтаоятон аз сиёсат ва хивзи мусалмонон фарсакхо дуред. Биоед бехтараш даст ба сиёсат назада, дар пай таълимоти дини мубини ислом шавед вагарна худо Шуморо нахохад бахшид

озод
кадом ватан кадом тарбия шумо намегузоред духтарони мо ба мактаб раванд намегузоред писарони мо ба масчид раванд аз кучо тарбия гиранд аз марку инглис,,,,,,? ояндагон шуморо нахоханд фаромуш кард онхо намегуянд ки мансабдорон бидуни имзои шумо ин карорро бароварданд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)