Вохурии Сироҷиддин Аслов бо сафири Арабистони Саудӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Бандар Ҷамил Маҳмуд, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе рӯзи 9 декабр баргузор шудааст. Ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили мубрами рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбею Риёзро баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти ВУХ мегӯяд, Бандар Ҷамил Маҳмуд инчунин дар вохурӣ бо Аслов паёми Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд, шоҳи Арабистони Саудиро ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супоридааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |