Бахшҳо
11 дек 2014 21:49Ҳуқуқи инсон

Донишҷӯи меҳрубон ва зиндадил худро ба дор овехтааст

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Худкушии як ҷавони 20 сола дар рустои Чорбоғи ноҳияи Восеъ хонавода ва дӯстони ӯро ба ҳоли шок ва ҳам ин пурсишро ба миён овард, ки чаро ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ҷавонон ин қадар зиёд шудааст.


Эмомалӣ Бозоров, донишҷӯи соли дувуми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб буд ва гуфта мешавад, дар пайи як баҳси хонаводагӣ худро ба дор кашидааст. Масъулони Коллеҷи тиббӣ ва ҳамсабақҳои ин ҷавон, ки аз ӯ ҳамчун як инсони меҳрубони зиндадил ситоиш мекунанд,мегӯянд; боварнакарданист, ки ҷавоне бо ин хислатҳои хуб ин гуна осон аз зиндагӣ даст бикашад. Яке аз дӯстони Эмомалӣ Бозоров, ки нахост, номаш ифшо шавад, рӯзи сешанбеи 9-уми декабр гуфт; «баҳси хонаводагӣ бо падараш буда ва ӯ дар байни чаҳор дақиқа худро ба дор овехтааст. Ӯ бачаи бисёр фаъол буд ва мо ҳайронем, ин чӣ баҳсе буд, ки ӯро ба худкушӣ водор кард?».
Пулис сабабҳои худкушии ҷавони 20-соларо таҳқиқ мекунад.

Ин аввалин ҳодисаи ихтиёран аз зиндагӣ даст кашидани ҷавонони минтақаи Кӯлоб нест. Аммо ин ҳодисаҳо ҳеч гоҳ аз зовияи равоншиносӣ дуруст баҳогузорӣ нашудаанд ва маълум нест, ки асабоният ва рӯҳшикастагии ин ҷавонҳо масъалаи хусусии онҳост ё таъсири муҳите, ки дар он ба сар мебаранд. Соли равон Олимҷон Назаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ки дар хобгоҳи донишгоҳ ба сар мебурд, ба дунболи гум кардани ҳуҷҷати ронандагии бародараш бо як миқдор пул аз тарси бародар даст ба худкушӣ зад, вале бо амри тасодуф зинда монд. «Чанд бор кордро гирифта, хостам худкушӣ кунам, аммо ҳамроҳонам дидан баробар пеши роҳамро гирифтанд. Билохира кӯшиш кардам ва чашми ҳамзистонамро гурезонда, кордро дар бадани худ задам, аммо эҳсос накардам, ки ба ҷони худ қасд кардам. Ин корро ба он хотир кардам, ки пулу ҳуҷҷати ронандагии бародарамро гум кардам», - гуфт Олимҷон Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Ҳодисаи дигаре, ки дар Кӯлоб сару садои зиёд ба бор овард, худро ба дор овехтани Дӯстмурод Асламхонов, донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб буд.

Дӯстмурод шоми 26-уми апрел худро бо рӯймоли духтари дӯстдоштааш дар дарахти дӯлона, дар мавзеи Хучаки ноҳияи Мӯъминобод ба дор овехт. Дӯстмурод дар ҳоле худро ба дор овехтааст, ки хонаводааш ӯро ба издивоҷ бо духтари дигар маҷбур кард. Дӯстдухтараш аз ин ҳодиса бохабар шуд ва бо ҳадафи худкушӣ доруи зиёд хурд. Ҷавон аз тарси он, ки духтари дӯстдоштааш ҳалок мешавад, худро ба дор овехт.

Бар пояи омори расмӣ, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, 41 сокини Кӯлоб қасди ҷони худ кардааст, ки аксари онҳо ҷавонҳо будаанд.


Донишҷӯи меҳрубон ва зиндадил худро ба дор овехтааст


Дар акси аввал Эмомалӣ Бозоров
Дар акси дувум Олимҷон Назаров

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)