Боздошти “террористи телефонӣ” барои иттилои беасос нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон
Пулиси Санкт-Петербург аз боздошти як сокини ноҳияи Коллин барои маълумоти беасос дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон хабар додааст.
Дафтари матбуотии шӯъбаи умури дохилии Русия дар ноҳияи Коллин гуфтааст, якшанбеи 21 декабр ба шӯъбаи пулис ду маротиба занги телефонӣ шуда, аз мавҷудияти маводи мунфаҷира дар манзили №10-и хиёбони Совхоз, ки се шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад, хабар расидааст. Нафари тамосгирифта гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба сар мебаранд ва маводи тарканда ба онҳо таалуқ дорад. Пулис аз рӯи ин маълумот ба суроғаи мазкур рафта, манзилро тафтиш кардааст. Маълум шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми асноди заруриро доранд ва дар утоқи онҳо низ ҳеч маводи мунфаҷирае нест.
Дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ пулис бо иттиҳоми иттилои бардурӯғ як сокини 37-солаи ноҳияро, ки дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст, боздошт ва алайҳи ӯ парванда боз кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |