Бахшҳо
25 дек 2014 17:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВИДЕО: Боздошти ронандаи “Газел”, ки бо “права”-и тоҷикӣ мусофир мекашонд

Дар шаҳри Твери Федератсияи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон мусофиркашӣ кардан, боздошт кардаанд.

Денис Черных, сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Твер гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки мусофиркаши “Газел”-ро идора мекардааст, ҳангоми аз ҷониби кормандони баталиёни вижаи хадамоти роҳу патрули Твер нигоҳ доштан, ба онҳо шаҳодатномаи ронандагии шаҳрванди Тоҷикистонро пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳодатнома “ба муқаррароти конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳаракат дар роҳ, ки Русия имзо кардааст, мутобиқат намекунад”.

Нисбат ба ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аз 5 000 то 15 000 рубл ҷарима дорад. Гуфта мешавад, соҳиби мусофиркаш низ, ки онро ба шаҳрванди Тоҷикистон додааст, ҷарима хоҳад шуд. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Твер аз соҳибони мусофиркашҳо даъват кардааст, ҳангоми ба кор қабул кардани ронандаҳо аз кишварҳои ҳамсоя ба ҳуҷҷатҳои онҳо диққати ҷиддӣ бидиҳанд.


ВИДЕО: Боздошти ронандаи “Газел”, ки бо “права”-и тоҷикӣ мусофир мекашонд


Мӯҳр
99
Барои чӣ шаҳодатномаи ронандагии тоҷкӣ дар Аврупо мегузараду дар русияи ақибмонда не???
Ман дар Аврупо зиндагӣ мекунам. Ин ҷо 2 солу 6 моҳ метавонӣ бо шаҳодатномаи ронандагии мамлакатҳое, ки қоидаи роҳ аз чап аст ронандагӣ куни ва пас аз он ҳамагӣ дар 40 евро+50-70 евро барои муоинаи тиббӣ шаҳодатномаро бе ягон имтиҳону даводави зиёдатӣ дар пулис иваз мекунанд.
Русия "шарики стратеги"-и Тоҷикистон, ҳатто шаҳодатномаи ронандагии моро қабул надорад ва бовар дорам, ки тоҷикро одам ҳам намеҳисобанд.
Намедонам давлатдорони мо чӣ кор мекарда бошанд, ки ҳамин масълаи ночизро ҳал карда наметавонанд!!!???
Ман президент Тоҷикистон мебудам, аз ин хел давлат кайҳо рӯй мегардондам!!!

Агар русхо асноди давлатии моро, ки бо хама коида ба табъ расидааст эътироф накунанд, пас хамаи хуччатхои ронандагии дар Русия додагиро хам дар Точикистон мамнуъ элон карда шавад. Обращаясь к русским ответственным органам хочу сказать, что эти "не соответствующие международным стандартам права республики Таджикистан" действительны на территории Европы!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)