Бахшҳо
26 дек 2014 20:54Ҳуқуқи инсон

Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Зокир ҲАСАН

Хушдомани Раъно Сафарова (исми мустаор), ҷавонзане аз вилояти Хатлон, дар назди ӯ шарт гузоштааст, ки барои минбаъд бо писари ӯ зистан 10 ҳазор доллари ИМА меорад, вагарна оилаашонро дарҳам мешиканад, ки ин ба қавли соҳибназарони маҳаллӣ, ҳодисаи камназир будааст.


Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки суннатӣ шинохта шудааст, аслан писар пас аз ба никоҳаш даровардани духтар ҳамагӣ як дафъа ба ворисони ӯ ба миқдори муайян молу пул медиҳад, ки онро дар забони гуфтугӯ қалин ва дар адабӣ маҳр ё кобин гӯянд. Аммо пул додани зан барои бастани ақди заношӯй ё нигоҳ доштани оила тибқи расму ойинҳои милливу мазҳабӣ, набояд ҷой дошта бошад. Ҳамин тариқ, аз рӯйи нақли Раъно, ӯ соли 2010 бо Акобир (номи ивазшуда), як ҷавони таҳҷоӣ аз оилаи сарватманд, хонадор шуда, соҳиби як писару як духтар гардидааст. “Мо якдигарро дӯст медоштем, лекин хушдоманам оилаи миёнаҳоли моро муносиби оилаи худ надониста, маро бадбинӣ мекард. Писарашро маҷбур карда мегуфт, ки “Талоқи ҳамин духтарро медиҳӣ, агар не, ман аз баҳри ту мегузарам”. Бо ашки чашм ҳатто дасту пойҳояшро бӯсида, гуфтам, ки “Холаҷон, мезанед, чӣ коре мекунед, фақат маро аз писаратон ҷудо накунед, ки бе ӯ зиста наметавонам”. Илтиҷоям таъсир накард. Як рӯз хушдоман маро ба хонаи падарам пеш карда, гуфт, ки “Агар бо бачаам зиндагӣ кардан хоҳӣ, 10 000 доллар биёр!”, - афзуд Раъно.

Давоми қисса чунин аст, ки падари Раъно қитъаи замини хонаҷояшро 5 000 доллар фурӯхта, пулро ба духтараш медиҳад. Вале хушдоман кам аст гуфта келинашро ба хона роҳ намедиҳад. Хушдоман ва шавҳари Раъно, мутаассифона, аз суҳбат бо мо худдорӣ варзиданд, лек садри яке аз идораҳои кор бо занон бо шарти зикр накардани ном гуфт, ки чунин ҳодисаро бори аввал шунидааст ва акнун сахт дар тааҷҷуб аст. “Аввалан, айби ҳамон шавҳараш аст, ки занашро соҳибӣ карда наметавонад. Баъдан, шояд инҷо ягон сабаби дигаре низ мавҷуд бошад, чунки ин гуна масъалаи “харидуфурӯш”-и зиндагиро то ҳол нашунида будам ва яку якбора намедонам чӣ фикр кунаму чӣ гӯям”, - афзуд мусоҳиби мо.

Холаи Ниҳолбӣ, сокини ноҳияи Бохтар, низ баробари шунидани қисса ангушти ҳайрат газид. “Шукри Худо, ҳоло се келин дорам, аммо то ҳол ин гуна рафторро нашунида будам. Келинҳоро ба мисли фарзандонам медонам. Охир, мо ҳам дар вақташ келин будем...

Ҳар боре, ки худораҳматии хушдоманамро ёд орам, барои меҳрубониҳояш дилам гум мезанад. Дар намозҳо дар ҳаққашон дуои бисёр мекунам...
Кадом хушдомане, ки ҳамин хел харидуфурӯши ҳаётро раво дида бошад, ӯ инсони хуб нест. Дилаш аз санг будааст”, - изҳор дошт ӯ.
Ҳуқуқшинос Ҳайдаршо Азимов ин воқеаро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки агар он муболиға набошад, пас, ҷинояти қаллобӣ сурат гирифтааст. "Чунин ҳодисаҳо тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ” баррасӣ карда мешаванд, - гуфт вай ва афзуд:
- Баъзе арзишҳое ҳастанд, ки онҳоро бо пул харида намешавад. Оила бояд дар асоси меҳру муҳаббат бунёд ёбад. Зиндагӣ иттиҳоди зану мард аст. Ҳеҷ кас ҳаққи дахолат ба он надорад ва ҷанҷолҳои оилавӣ бояд бо роҳи осоишта фақат миёни зану шавҳар ҳаллу фасл шаванд.
Ҳоҷӣ Муҳаммадалӣ Шарифов, сархатиби ноҳияи Бохтар, бар ин назар аст, ки чунин носомониҳои оилавӣ аксаран аз сабаби сабукии маҳри духтарон рух медиҳанд.

“Занро сар медиҳанду шаш моҳ дар Россия кор карда, боз як духтараки ҷавони дигар мегиранд. Аз ин хотир, занҳо ниҳоят беқадр шудаанд. Агар рафту мо маҳрро гарон кунем, шояд бачаҳо зан гирифта натавонанд, шояд духтарон бешавҳар монанд. Пас, мебояд навоилаҳо байни ҳам ягон шартномае имзо кунанд, ки агар рафту духтаракро бесабаб ҷавоб доданд, фарз кардем, 10 ҳазор доллар ҷарима месупоранд. Ин як навъ гарави никоҳи ҳамон духтарак мешавад. Агар рафту никоҳи духтаракро вайрон кунанд, ӯ бо ҳамин 10 ҳазор доллар метавонад хона харад ё то ҷойи кор пайдо кардан зиндагиашро бигзаронад”, - изофа кард сархатиби ноҳияи Бохтар. Раъно Сафарова мегӯяд, ки шавҳараш гапи модарашро гӯш карда, тамоман суроғашон намекунад. “Ба гапҳои кӯдакҳоям: “Дадам кай меояд? Оча, кай хонамон мерем?” намедонам чӣ ҷавоб диҳам. Таваккаламон ба Худо”, - афзуд ӯ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)