Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи арчаи солинавӣ ва хурсандии пайравони Исо (а)

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз соли нави милодӣ дар хутбаи намози ҷумъа таъкид кард, “рафтан ба гирди арчаи солинавӣ инсонро кофир намекунад”.

Ин нуктаро оқои Абдулқодирзода рӯзи 26 декабр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, ҳоло бархе руҳониён рафтан ба гирди арчаи солинавиро омили кофиршавии инсон медонанд, ки чунин нест: “Ба гирди арча рафтану аз пеши арча гузаштан инсонро кофир намекунад. Бо вуҷуди ин ки иди мазҳабӣ ва динии мо нест. Аммо инсонро кофир намекунад.”

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бар асоси эътиқоди пайравони баъзе аз динҳо, гӯиё Ҳазрати Исо (а) дар зери арча ба дунё омадаасту онҳо дар гирди он хурсандию хушҳолӣ мекунанд: “Мегӯянд, дар соли нав дар гирди арча инсон кофир мешавад, аз барои Худо аз Худованд тарсед, ҳоло он ки эътиқоду ихлоси баъзе аз динҳо ҳаст, ки гӯиё Ҳазрати Исо (а) дар зери арча ба вуҷуд омада бошаду онҳо дар гирди он хурсандию хушҳолӣ мекунанд.”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода инчунин таъкид кард, бо пӯшидани навъе аз либос инсон кофир намешавад. Ӯ изҳор дошт, “ҳафтаи гузашта комилан мо дар доираи як сафари расмӣ дар вилояти Хатлон қарор доштем. Бародаре аз мо савол кард, ки ҳоло дар мо ду никоҳ ба миён омадааст, яке пеш аз ЗАГС ва дигаре баъд аз ЗАГС. Ин бар асоси ақидаи бегонае ба вуҷуд омадааст, ки мехоҳад, миёни мардум адовату душманӣ ҷорӣ кунад ва шакку шубҳа дар зиндагӣ орад. Кӣ гуфтааст, инсон бо содир кардани гуноҳе кофир мешавад? Инсон бо муртакиби гуноҳ гунаҳкор шуда, ба азоби Худованд гирифтор мешавад. Аммо кофир шудан ин ширк овардану инкор кардани Худованд аст”.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз сокинони кишвар даъват кард, ба фатвоҳои бархе аз руҳониёни кишвар, ки ба гуфтаи ӯ, фаҳму дарки амиқе аз Қуръону суннат надоранд, гӯш надиҳанд: “Навъи дигари зулм, ин содир кардани фатвоҳо миёни мардум аст. Бархе одамон на мақоми расмӣ доранд ва на ҷиҳате ба расмият шинохта шудаанду эътирофашон мекунанд, аз номи Ислому илм фатво содир мекунад”.

Ӯ дар идома ба “Гуруҳи 24”, ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ишора карда, онро ҳамчун як нерӯи золим ном гирифт: “Зулм ба ҷомеаи муслмонӣ фитнаҳое мебошанд, ки ба хотири ба мақсад расидан, фитнаҳо миёни мардум паҳн мекунад. Ба монанди “Гуруҳи 24”-у дигару дигар. Инҳо танҳо мехоҳанд, обро лой кунанду моҳӣ гиранд, яъне ҷомеаро ноором кунанду ба мақсад бирасанд. Бо роҳи номардӣ ва зулму ситаму хунрезӣ. Магар инсон метавонад, бо ин роҳ ба мақсад бирасад?! Ҳамон гуруҳе, ки дар инҷо аз роҳи ҳарому ҳараҷ маблағ ҷамъ карду гурехту ба берун рафт, ҳоло он ҳаром дигар қарораш намегузорад. Мехоҳад ҳамаро ноором кунаду ба мақсад бирасад”.
Мӯҳр
Муло Хокиро
Огои Муфти бехид хуб тахлилгар аст.

Тормоз
Огои муфти педали муфташ дар зери пои дигарон аст.

Инсон
Ин бечора муфти дар хизмати боло аст. Хар чи аз ончо фармон шавад ин шахс онро хамчун фатво эълон мекунад. Худоро шукр мекунам, ки дар чои у нестем, зеро рузи чазо аз хамаи ин корхо пурсида мешавад.

Ризои ба куфр кур аст ин бадбахти мунофика иншоаллох ба наздики давру давронаш поен мебад

дарвеш
Чаноби муфти аз харом хурони давру замони мо чува харф намезани ба худи эшон маълум хаст!!! лабу дахон баста ачабо пеши Аллох чи мегуфта боши...

Kadir
Megum arbobоni arabash pul dodan ro bas kardan chi? Diga hato archa parasti ro shirk namega....

акбар
Ин муфти хило хак гуфтаст!

Сомон
Ман аз ин одам хайронам ки гирди мазори Расули худо гардидан ро ширк мегуяду гирди арчаи насороро раво!

ЧАНОБИ МУФТИ ИНХЕЛ БОШАД РАВ ГИРДИ АРЧА БО БОБОИ БАРФИ РАКС КУ ХУДАТ БО ЧЕЛАКУ САЛЛААТ.

Ogoi Mufti nisbati shumo yagon badi nadorem, va chize guftaniham nestem.

Kabul, ba raftani nazdi archa inson kofir nameshudast, mushkil nest.

Ammo ba in suolho javob medod domulloi aziz.

1: Boyad az hama dinho habardor boshad, va chi suhane meguyad boyad az rui dalel ho boyad sanjida binad, Nasroniho hech goh ba in akida nestand ki hazrati iso dar tagi archa tawallud shida boshad va tohol az kase nashudnidam.

2: Hangomi ki guft raftani tagi archa shahsakofir namekunad , inson avtomati fikri onro mekunad hay kofir ki nakunad yag merem tamosho, az man chi meraftast. Hulosa, vakte ki guft kofir namekunad boyad meguft ki gunohi kabira ast, harom ast, falon sol ibodothoi kardaaton shushta meshawat yo Man tashabbaha bil qowmi fahuma minhum, dar in holat balance meshud, yane bale kofir nameshawi ammo gunahgori azim meshawi ba monadi, A va B, ammo mutasifona domulloi mhtaram davat ba sui archa karda istodaastu halos.

Chigunaki yak Olimi buzurg dar Malayia Ishtihod kardaat va mardumro az soati 11 to soati 12 girdiham dawat kardiyan ki dar sahmi Masjeed jam shuda to 12 dar onjo nashidhoni kardand va hursandi, in domullo karibi soathoi 12 hudash gitara zadu nashidhoni kard. bigzor hursandi kunad, bigzir baid honad, musika baini ulamoho dar bahs karor giriftaast va aini zamon nametonem guem kori harrom kardast. Ishtihodi in domullo on budki az oneki javonon ba klubho ravand va digar joyho hub meshad ki bo yak digar jam shawandu nashid honi kunand va bo in roh shoyad onhoro az gunoh boz dorad. AMMO HATOGI IN DOMULLO on ishtihodi hele hato kad. Islom haftu hasht nadorad chize ki harom ast harom va halol ast halol meguem ba hmin hotir tohol Kuron tagir nayoft misli tawrotu injil, bad dar rasonaho, zhurnalho va internethoda pahn shudki fuloni dommullo soli navro intizori kard, yane hazoron kasoneki mehonan dar borai in domullo fikr mekunan ki hursandi dar soli nav durust ast va az baseki domulloshon pesh az 12 baid honi karda boshad in yakbora fitnai kalon meshawad. Chizeki hak ast boyad hak guemu chizeki nohak boshad nohak. Baroi dah yo bist nafar haloli Hudora harrom gardonidan va gaira durust nest.

Пас мусалмон барои чӣ насрониро ба иди Милод (таваллуди Исо) таҳният мегӯяд? Агар аз ин амали худ ризои Аллоҳро мехоҳад, пас хато кардааст, чун ризои Аллоҳ дар бидъат ва мункарот нест. Ҷашн гирифтани зодрӯзи Паёмбарон амри бидъат аст, ки ҳеҷ Паёмбаре онро асос нагузоштааст. Ва амри мункар аст, барои он, ки дар он нисбати Аллоҳ куфр варзида мешавад. Ва онҳам чунон куфре, ки осмонҳову замин тоби шунидани онро надоранд:
«Гуфтанд: «(Аллоҳи) Раҳмон соҳиби фарзандест». Дар ҳақиқат сухане зишт овардаед. Наздик аст, ки аз ин сухан осмонҳо бишикофанд ва замин шикофта шавад ва кӯҳҳо фурӯ афтанд ва дарҳам резанд, зеро барои Аллоҳи Раҳмон фарзанде қоил шудаанд. Аллоҳи Раҳмонро сазовор нест, ки соҳиби фарзанде бошад» Сураи Марям 88 – 92.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд: Ҳар касе амалеро ба ҷо орад, ки дар он амал фармони мо нест, пас мардуд аст. Ривоят аз Модарамон Оиша (разияллоҳу анҳо).
Яке аз аслҳои дини ислом тавалло ва табарро мебошад. Аллоҳ мегӯяд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд. Ҳар кас аз шумо, ки онҳоро дӯст гирад, аз ҷумлаи онҳост. Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!» Моида 51.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд:
«Маҳкамтарин пояҳои имон, ин дӯстиву душманӣ ва дӯст доштану бад дидан аз барои Аллоҳ аст». Ривояти Табаронӣ.
Бо таҳнияти кофирон ақидаи вало ва баро (тавалло ва табарро) заъиф хоҳад шуд. Ва бо мурури замон мусалмонон аз таҳният гуфтан ба ҷашн гирифтан хоҳанд гузашт. Аллоҳул-мустаъон!

Пас ба ҳама маълум аст, ки иди милод як ҷузъи дини насроният аст, на як ҷашни оддӣ. Ва дар ин ид насрониҳо тамоми аъмоли куфрии худро ба ҷо меоранд.
Пас мусалмон барои чӣ насрониро ба иди Милод (таваллуди Исо) таҳният мегӯяд? Агар аз ин амали худ ризои Аллоҳро мехоҳад, пас хато кардааст, чун ризои Аллоҳ дар бидъат ва мункарот нест. Ҷашн гирифтани зодрӯзи Паёмбарон амри бидъат аст, ки ҳеҷ Паёмбаре онро асос нагузоштааст. Ва амри мункар аст, барои он, ки дар он нисбати Аллоҳ куфр варзида мешавад. Ва онҳам чунон куфре, ки осмонҳову замин тоби шунидани онро надоранд:

Чаноби муфти! Мардум ба иди Соли нав на хамчун иди мазхаби муносибат мекунанд, балки чун иди таквими ва анъанави. Мо бо суханхои Шумо сад дар сад рози хастем. Мана хамин хел окилона шудан даркор.Офарин! Хазрати муфти!

толибилм
ХУЛОСА Таги арча рафтан хурсанди кардан камтао арак нушидан кофир намешавед гуед чаоби МУФТИ

н
Дахони пушида, як хам тилло. Хубаш дар хамин масъала умуман харфе нмезадед муфти.

Огои муфти он чиро ки пайгамбари Худо (с) накарданд сахобахо накарданд хатто Эмоми Абуханифа накарданд барои чи мо кунем?. О мо бояд аз куръону аз хадис амал кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)