Бахшҳо

Солномаи ҳукуматдорони тоҷик. Танзи сиёсӣ

"Ба гуфтаи мардак" мо аз тамоми бурду бохти соли 2014 дидему хондем, аз ҳодисаҳои муҳим, аз чеҳраҳои хабарсоз, аз ташвишу мушкилӣ то латифаву хандаҳо... Аммо аз зикри як падида фаромӯш кардем. Аз чеҳраҳои аслии хабарсози Тоҷикистон, аз ҳодисасозҳои умдаи кишвар, аз модератор ё созмондиҳандагони сенарияҳои сол... Аз Бег Зуҳуров, ташкилкунандаи ҳодисаи муҳими соли 2014: сайтбандон, аз Қосими Раҳбар, чеҳраи нахусти рекорди Гиннес дар истеҳсоли картошка, аз Шермуҳаммади Шоҳиён, муҳаққиқи омори муҳоҷирони сол, аз воизи сол - Саидмукаррам Абдулқодирзода, аз “Нури наҳзат”, коргардони порнофилмҳои сол, аз латифаи соли "ба гуфтаи мардак"...
Беҳуда намегӯянд, "соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост". Бо ин қадар ҳаводиси муҳим ва ин ҳама чеҳраҳои хабарсоз оё фурсате барои ғусса хурдан боқӣ мемонад?


РАФТАНДУ РАВАНДУ БОЗ ОЯНДУ РАВАНД...

Соли 2014 барои вазирону раисон, намояндагони мардумӣ ва тими ҳукумати Тоҷикистон бо вокунишу ҳангомаҳо, ном ивазкарданҳо ва рафтану омаданҳо паси сар шуд. Дар моҳи ноябри соли 2013 пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ кобинаи ҳукумат шаст дарсад иваз шуд ё 13 узви ҷадид ба он шомил шуданд ва синни миёнаи аъзои ҳукумат низ аз 56 то 52 сол “ҷавонтар” гашт, амалан фаъолияти онҳо аз соли 2014 оғоз гашт.

Порсол Эмомалӣ Раҳмон аз раёсати ҳукумат рафт ва дубора Эмомалӣ Раҳмон баргашт, порсол Гул Шералӣ аз курсии вазири саноъат ва энержӣ афтиду дигар барнахест, имсол Шавкат Бобоев вазири саноъат аст. Ҳамрохон Зарифӣ ҳам рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба Озарбойҷон рафту то омаданаш курсиро Сироҷиддин Аслов ишғол кард. Муҳаммадамин Муҳаммадаминов “через” Вазорати меҳнат дар Созмони милал кор ёфт ва Сумангул Тағоева курсии Кумитаи занонро ба курсии Вазири меҳнат иваз кард. Давлаталӣ Саидов курсии раёсати Кумитаи сармоягузориро ба Қодири Қосим вогузор карду худ ба зинаҳои болотар, муовини нахуствазирӣ баромад. Шавкат Бобоев ва Усмоналӣ Усмонов музокиротро зиёд тӯл накашонданд ва як Вазорати саноат ва энержиро ба ду вазорат табдил доданд ва зуд ба тавофуқ расиданд. Хуб мебуд, агар Ғарбу Амрико ва Эрон аз таҷрибаи ин ду вазири тоҷик истифода кунанд то дар музокироти ҳастаӣ зудтар ба тавофуқ расанд. Аммо Усмоналӣ Усмонов бо ин як вазифа қаноат накард ва Вазорати обро ҳам зери итоати худ даровард. Нуриддин Саидов маорифаш боло гирифт ва вазорати маорифро ба илм табдил дод ва Академияи илмҳоро “нол” карда партофт. Порсол Кумитаи дин он қадр аз ҳисоби қонуншиканиҳо дар ҷашну маросимҳо даромад ба даст овард, ки ба хотири ин ташаббус, дар соли нав бо номи ҷадиди Кумитаи дин ва анъанаву ҷашну маросимҳо ба саҳна баромад. Хадамоти муҳоҷират, ки бисёриҳо аз вазорат шудани ин ниҳод ҳадс мезаданд, ҳай рафту омаде: аз тобеияти ин вазир, ба тобеияти он раис, аз зерсохтори як вазорат ба вазорати дигар ва билахира хонум Тағоева онро сарпаноҳ доданду ором гирифт. Шералӣ Хайруллоев аз Вазорати дифоъ рафт ва ба нафақа набаромад, балки боз болотар рафт ва қадам ба дастгоҳи раисҷумҳур ниҳод. Оқил Оқилов ба нафақаи бебозгашт рафту Қоҳир Расулзода лаҷоми идораи ҳамаи вазиронро ба даст гирифт. Лекин Ҳукумов ба нафақаи бармаҳал рафт, дигар омаданаш дар гумон аст, Гурез Зарипов бошад, ҷояшро ба Рустами Эмомалӣ дод. Мегум ҳамин Сафаралӣ Наҷмиддинов ба кӯҳи Қоф рафта бошад? Ҳамин ки аз курсӣ хезонданду ба ҷояш Абдусалом Қурбоновро шинонданд, бедарак шуд, айни обе, ки бухор шуда ба осмон меравад.

"Ба гуфтаи мардак", "ба сабаби аз вазифа барканор шудан ва ба вазифаи дигар гузаштан" ин тағйирот ва ҷобаҷоии кадрҳо як сол тӯл кашид ва фаъолияти вазирони ҷадид аз соли 2014 шурӯъ шуд. Масалан, Вазорати саноат ва энержӣ ба ду вазорат тақсим шуд ва то ин ки вазири энержӣ аз дохили вазорати саноат либосу курсиву лавозими сафарро ҷамъ карда, ба сӯи Вазорати энержӣ кӯч баст, як сол гузашт. Ин албатта, кори осон нест, ба хусус дар шароите, ки барқ нест, тролейбусҳо кор намекунанд, кӯч бастани як ҳайати бузурги вазоратхона аз хиёбони Рӯдакӣ то бинои собиқи Вазорати об ва он ҳам дар фасли зимистону яхбандон...То автобус ё таксӣ меёбанд, то лавозими сафарро ҳамл мекунанд, то ҷобаҷо мешаванд, ки як сол мегузарад. Ин энергетикҳои мо як бартарӣ доранд, ки ба бебарқӣ одат кардаанд, вагарна кӣ метавонист дар ин муддати кӯтоҳ, бо вуҷуди сардиву торикӣ кӯчад, омода шавад ва ба кор шурӯъ кунад?

Хулоса, ин сол соли рафтану омадан ва боз рафтану омаданҳо буд. Чунонки дар урфият мегӯянд: "рафтанду раванду боз оянду раванд..."

ЗИЁФАТИ МУРҒ ДАР СОЛИ АСП

Дар сархати феҳристи чеҳраҳои хабарсози давлати Тоҷикистон худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имсол раисҷумҳур бо фармони 116 мушовирони худро аз мақомашон маҳрум кард ва бар иваз дастёр ё ёвар (ёрдамчӣ) таъйин намуд. Кори дуруст ҳам ҳаст, бисёре аз раисҷумҳурҳо ин корро анҷом додаанд. Илова бар ин, барои раисҷумҳур, ки профессори ифтихории чандин донишгоҳҳои хориҷӣ ва муаллифи чандин мақолаву асарҳои илмӣ ва китобҳо мебошад, мушовир ё маслиҳатгар ба чӣ дарде мехӯрад? Аммо иттифоқи аҷибе, ки имсол ҳангоми сафари раисҷумҳур ба навоҳии кишвар сурат гирифт ва мавзӯи ин сафарро дар сархати расонаҳо қарор дод, гирдоварии мурғ аз сари кас дар ноҳияи Қумсангир барои зиёфати Ҷаноби олӣ буд, ки сокинони ноҳияи Қумсангир ба таври ихтиёрӣ аз зиёфат додани раисҷумҳур иқрор шуданд. Ман ҳам ба ин амали зишт бовар надорам. Мақомоти маҳаллии мо одамони поквиҷдону боинсофанд, онҳо ба чунин корҳои паст ҳеч гоҳ даст намезананд. Шояд муғризоне буданд, ки ба хотири бадном кардани намояндагони президент дар маҳалҳо дар назди сарвари давлат, ин овозаҳоро паҳн карданд.

ҚИССАИ "ЗАНИ ДУВВУМ"- И ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ

Ҷаноби Зуҳуров, билохира Абдусалом Қурбонов, вазири молия баъди гӯшзадҳои шумо ақалан занг зад ё ҳанӯз ҳам гурехта гаштааст? Шояд ҳоло барои посух ба пурсишҳои вакилони парлумон омодагии хуб надошта бошад. Мегум, ҳамин муовини вазир дархости Шуморо дар бораи ширкати ҳатмии вазири молия ба вазир расонида бошад? Дигар бидуни ҳузури шахсии вазирон ҷаласаро оғоз накунед, ки муовинони вазирон ба ҷуз "намедонам" ҷавоби дигаре надоранду беҳуда асаби Шумову вакилони мардумиро хароб мекунанд. Албатта ба истиснои Ҷамолиддин Нуралиев. Раиси "Барқи тоҷик"-ро ҳам дигар қабул накунед, ки боз мисли файласуфҳо воизӣ мекунаду ягон факти дақиқ намеорад. Мантиқро бинед, Раҳматзода мегӯяд, ки барқи Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ИДМ арзонтар аст, аммо худаш намедонад, ки арзиши барқ дар Қирғизистон чанд пул аст. Агар намедонад, пас чӣ хел муқоиса мекунад? Агар намедонед, пас дар парлумон чӣ кор мекунад? Бори дигар ҳатман вазири энергетикаро фиристед то ба мавзӯъҳое, ки Шумо намедонед, посух диҳад. Лекин ҷаноби Зуҳуров супориши бамаврид додед ва яқин аст, ки бори дигар ҳатман омӯхта, таҳлилу таҳқиқ карда баъд меояд.

Корҳои неку бахшояндагии парлумон имсол воқеан қобили таҳсину ситоиш буд. Бар замми ин ки якчанд корхонаҳои ватаниву нимватаниву номаълумро имтиёзи молиётӣ дод, бузургтарин саховатмандиро имсол нисбат ба "Барқи тоҷик" анҷом дод ва пешниҳоди Ҷамолиддин Нуралиевро ба замин нагузошта, 30 миллион сомонии ин ширкатро бахшид. Ба парлумони касбӣ зарур аст, ки ин иқдоми наҷиби худро идома бахшад ва фаъолияти бахшояндагиро густариш диҳад, то тавонад дар солҳои оянда на фақат қарзҳои сомонӣ, балки бидеҳиҳо бо долларро бахшад. Ва аммо қиссаи зани дуввум ин аст, ки дар соли ҷорӣ раиси парлумон аз муҳоҷирони кории тоҷик хост, бонувон ва занҳои муҳоҷири тоҷикро, ки шумори онҳо аз 100 ҳазор ҳам гузаштааст, ба занӣ бигиранд, аммо на ба ҳайси зани дуввум. Пешниҳоди хуб ва қобили дастгирӣ, аммо ҷаноби спикери парлумон худ дар ҷараёнанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик бештарашон дар Тоҷикистон зану фарзанд доранд, ки дар баъзе ҳолат қодир ба таъмини моливу боқии онҳо нестанд. Акнун хулоса баровардед, ки Зайд Саидовро барои дузанагӣ набояд муҳокима мекарданд. Хуб нест, ки вакилон дузанагиро иҷоза диҳанд то дар ояндаи наздик занони муҳоҷир ба 200 ҳазор нарасанд?

Дар охир раиси муҳтарам аз Шумо пурсиданием, ки қазияи таҳқиқи ҳамла ба вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ, ки дар ҷаласаҳои парлумон мисли файласуфҳо сухан мекунад, ба куҷо расид? Ҳоло ҳам Шерхон Салимзода гузориш надодааст дар ин бора? Хоҳишмандем, ин масъаларо дида бароед, ба соли дигар намонад.

ҲИСОБОТИ СОЛ

Нахустин нишасти матбуотӣ бе ширкати Рустами Эмомалӣ дар Хадамоти гумрук ва тағйир ёфтани муносибати вуруду хуруҷ бо журналистони тоҷик дар соли 2014 раиси тозаинтихоби ин хадамот генерал лейтенанти ҷавонро дар сархати ахбори расонаҳои мустақил ва нимамустақили Тоҷикистон қарор дод. Журналистон, ки аз пешвози самимӣ ва вуруду хуруҷи бебозрасӣ дар вазоратхонаҳои кишвар одат карда буданд, дар вурудии бинои Хадамоти гумрук аз бозрасии қабл аз вуруд ва пешниҳоди мадорики хабарнигорӣ нигарон шуданд ва ҳангома барпо намуданд, ки бо таъини писари раисҷумҳур дар ин вазифа бозрасӣ хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо ман дар тааҷҷубам, ки чӣ ҷои нигаронӣ дорад, дӯстон? Ин як чораи амниятии маъмулӣ аст, на беш аз ин. Аз сӯи дигар бисёре аз хабарнигорон умедвор буданд, ки Рустами Эмомалӣ худ дар нишасти матбуотӣ ширкат мекунад ва ба саволҳои журналистон ҷавоб медиҳад. Аммо ин тавр нашуд. Ин мавзӯъ ҳам баҳонае шуд то хабарнигорон бо гумоназаниҳо аз раиси Хадамоти гумрук интиқод кунанд. Вале бовар кунед, ин кори мантиқӣ нест, баъзеҳо барои аз рӯи варақ хондан се моҳ омодагӣ мегиранд, аммо боз иштибоҳ мекунанд. Вале Рустами Эмомалӣ дар ин вазифа тозаинтихоб аст, то ин вақт шояд корҳои омодагӣ, ҷобаҷогузорӣ ва таъини кадрҳо машғул буд. Худатон хуб медонед, ки аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан чӣ қадар вақт мехоҳад. Тӯли соли 2014 бо омор ошноӣ пайдо кард, хабарнигорон мунтазир бошанд, ба ҳисоботи соли оянда ҳам вақти андак мондааст, шояд ин дафъа имкони суҳбат пайдо шавад. Вале аз ҳама лаҳзаи муҳими хабарсоз ин ҳисоботи писар ба падар, яъне ҳисоботи Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон буд. Тамоми расонаҳои дохиливу хориҷӣ ин лаҳзаро ба тасвир кашиданд.

ҚИССАИ ПӮСИДАНИ КАРТОШКА ВА ЯХДОНИ ҚОСИМИ РАҲБАР

Чеҳраии навбатии сол касест, ки бо истеҳсоли 1 миллион тон картошка рекорд зад ва дар сархати хабари расонаҳо қарор гирифт. Мардум интизор буданд, ки қимати картошка дар соли 2014 ба замин мезанад, аммо нархи он ба осмон дакка хӯрд ва аз лиҳози қимат нисбат ба солҳои қаблӣ рекорд зад. Як кило картошка 5 сомонӣ шуд. Ҳозир як кило картошка аз як кило нефт ҳам гаронтар аст. Ин омил баҳона шуд, ки расонаҳо омори ҳосили рекордии картошкаро зери суол баранд, аммо Қосими Раҳбар дар ҳисоботаш гузориш дод, ки аз сабаби набудани яхдони вижаи нигоҳдории картошка, қисми зиёди ин маҳсулот талаф ёфтааст.

Хайр Қосими Раҳбарро ҳам фаҳмидан мумкин, охир айби вай не, айби вазири молияи собиқ, Сафаралӣ Наҷмиддинов аст, ки барои харидани яхчол аз буҷет пул ҷудо накардааст. Чораҳои вазири кишоварзӣ ҳам натиҷа надода, билохира картошка пӯсидааст. Охир дигар чӣ илоҷ, виҷдони вазир намебардорад, ки аз пули буҷет дар соҳаи кишоварзӣ ғайримақсаднок истифода кунад. Ростӣ намедонам, ҳоло Қосими Раҳбар чӣ кор карда бошад. Лутфан, дӯстон касе донад, хабар диҳад, ки вазири мӯҳтарам яхчол ёфт ё не? Оё соли оянда имкони захира кардани картошка вуҷуд дорад ва оё вазири нави молия барои яхчолхарӣ розӣ шуда бошад, ки пул ҷудо кунад? Агар ҷудо нашуда бошад, муҳоҷирони кориро хабар кунем, дар "киви кашелек" пул партоянд, яхчол харем?

ДАҲ АНГУШТ БАРОБАР НЕСТ...

Мавзӯи ҷолибе, ки дар соли 2014 иттифоқ уфтод, вазифаи ҷадид гирифтани домоди раисҷумҳур Ашраф Гулов ба ҳайси раиси бахши консулии Тоҷикистон дар Русия ва бародари Шамсулло Соҳибов, домоди дигари президент, Зайнулло Соҳибов ба ҳайси сарвари "Тоҷиксемент" мебошад. Бисёриҳо аз ин иттифоқ ҳасад бурданд, ки чаро хешони раисҷумҳур вазифаҳои баланду равғанӣ мегиранду мо наметавонем? Лекин тоҷикҳо як мақол доранд, ки шутур пояшро наъл карданӣ буд, қурбоққа ҳам пояшро бардоштааст. Шумо куҷову онҳо куҷо? Охир даҳ ангушт баробар нест-ку! Қандаша занад, аз рӯи навиштаи расонаҳо ҳар дуяш ҳам ҷавони хуб, муваффақ, ботаҷриба ва ба кори худ ворид аст. Ба ин гапҳо аҳамият надиҳед, мардум ҳар чӣ гуфтан мегиранд, магар даҳони мардумро баста мешавад? Аз сӯи дигар чунин вазифаҳоро ба ҳар кас лоиқ намебинанд. Гирифта тавонистанд, ошашон шавад, кӣ гап зада метавонад?

ИМСОЛ ТИРИ БЕГ ЗУҲУРОВ ТО СПУТНИК ҲАМ РАСИД?

Ба чеҳраи навбатӣ гап надорам. Офарин ба Бег Сабурович Зуҳуров! Воқеан мардума қоил кардед, аз ҳама бештар ширкати Гуглро. Коре кардед, ки бо ин сайтбандиҳо Гугл маҷбур мешавад соли оянда ба Шумо андоз супорад. Имсол рекорди солҳои қаблия шикастед. Агар чанд соли пеш дар Хоруғ тир сими телефонро канда карда, робитаи аҳолӣ бо якдигарро қатъ карда бошад, имсол кулли интернет қатъ шуд. Зиёда аз 200 сайт дастнорас шуд. Мегум, ҳамон тире, ки ба сими телефон бархӯрда буд, ёфт шуд? Бо ба дасти кадом снайперист ё тактирандозе наафтида бошад, ки ба тарафи спутник холӣ кунад ва сабаби пеш омадани мушкили фаннӣ шавад? Лутфан, вай тира ёбеду хотири мардумро ҷамъ созед, ки соли оянда аз мушкили техникӣ халос шавем.

САНДУҚИ РАЪЙИ ШАРИФ РАҲИМЗОДА

Ба устод Шариф Раҳимзода: Кишвар дар ҳоли бӯҳрон, Шумо куҷо рафтед? Бонки миллия аз буҳрон баровардеду ба Абдуҷаббор Ширинов супурдед, иқтисодро аз ҳолати буҳронӣ ба хеле пешрафта табдил кардед, боз ба дасти кӣ месупоред? Дар парлумон ҳарфи Шумо шояд вазн надорад, зеро сухани вазндор сухани руасо аст. Ё аллакай курсии раисӣ дар парлумон ваъда шуд? Ин хел бошад, аз ҳоло як овоз дар сандуқи раъй доред, парво накунед. Ё ки аз ҳоло сандуқи раъйатон пур шуд?

АЛИМАРДОНИ БАЛОГАРДОН...

Имсол ҳам мисли солҳои қаблӣ Муродалӣ Алимардон балогардони мардум аст. Агар солҳои қабл ситоди зарардидагони сел дар Кӯлобро раҳбарӣ мекард ва ба кӯмаки онҳо шитофт, имсол дар ситоди гуфтугӯҳои марзӣ дар Исфараи Тоҷикистон раёсат дошт. Баъди тақаллуби бонкӣ дар замони раёсат доштани Муродалӣ Алимардон ба Бонки марказӣ, ҳукумат мудом вайро ба кӯмаки аҳолӣ сафарбар мекунад. Фақат ба таъмири пурраи сойи Тебалай боз пул нарасид, хайр ҳеч гап не, балогардон дорем, ҷуброни хисорота пардохт мекунад. Аз қазо имсол дар марзи Исфара – Ботканд сару пешониҳои саркаши тоҷикон марзро ғайриқонунӣ убур кард ва ба бечора тирҳои марзбонони қирғиз бархурда, ба онҳо зиёни сахти ҷисмиву маънавӣ расонид. Ҳоло мақомоти қирғиз барои тирҳои ҷабрдида ва мазлуми худ аз ҳукумати Тоҷикистон пардохти зарари маънавӣ талаб доранд. Ҳукумат дар ин лаҳзаи ҳассос ба ҷуз Муродалӣ Алимардон, ки кораш расонидани кӯмак ба ҷабрдидагону зарардидагон аст, каси дигареро дорад?

ИСЛОМИ СИЁСӢ

Давлати Тоҷикистон дунявӣ аст ва дин аз давлат ҷудо маҳсуб мешавад ва аз рӯи ин принсип бояд давлат ба корҳои дин дахолат накунад ва дин ба корҳои давлат. Вале Шӯрои уламои маркази исломӣ таҳти раҳбарии Саидмукаррам Абдулқодирзода имсол бо якчанд пешниҳоду тасмимҳо амалан дину давлатро бо ҳам омезиш дод. Яке аз иқдоми суратгирифта ин аст, ки имсол давлат барои имом-хатибони масҷидҳо аз ҳисоби буҷет маош таъйин кард ва либоси ягонаи муллоҳоро ба танзим даровард. Ҳамчунин, имсол бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо ҳамкории намояндагони дину давлат дар ноҳияи Қумсангир бинои нави Ҳизби халқӣ демократӣ сохта шуд. Рӯҳониён ва имом-хатибони масоҷиди ноҳияи Қумсангир пас аз саҳмгузорӣ дар бозсозии роҳу мактабҳо, сохтмони бинои нави ҲХДТ дар ин минтақаро рӯи даст гирифтаанд.

Холмуроди Раҳмон, раиси ноҳияи Қумсангир дар як сӯҳбаташ гуфт, ки бинои нави дафтари ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ин ноҳия бо маблағи 68 ҳазор сомонӣ, ки аз панҷ масҷиди ҷомеъ ҷамъоварӣ шудааст, бунёд ёфт. Муллоҳои муҳтарам, раҳмат ба Шумо барои чунин корҳои хайр. Бештар ҷамъ кунед, ки соли оянда як қисми қарзҳои давлатиро ҳам пардохт кунем. Барои сармоягузории "Роғун" ва пардохти қарзи "Барқи тоҷик" ҳам маблағ лозим доремо, фаромӯш накунед. Вале аз ҳама муҳимтараш бунёди офисҳои ҲХДТ дар деҳаҳои дурдасти аҳолинишин аст. Зеро ҲХДТ имконияти молияш маҳдудтар аст. Ҳизби сотсиалистиву сотсиал-демократ худашон имкони молии зиёд доранд ва Ҳизби наҳзат бошад, ба офису толор умуман ниёз надорад, дар сабзазор ҳам ҷаласаашро гузаронидан мегирад.

Илтимоси дигар ин ки агар имкон бошад, соли оянда барои харидани насоси обкаш ба муҷтамаи "Шарқи озод" ҳам иқдом мекардед, хуб мешуд. Ҳа, боз як хоҳиш, харидани сатилҳои зуболаву ностуфкунӣ ҳам аз ёдатон набарояд. Хулоса, баъди ба сари вазифа омадани Саидмукаррам Абдулқодирзода, ҳамкории дину давлат тақвият ёфта, ин ду унсури мухолиф ба ҳам омезиш ёфта истодаанд. Шояд дар ояндаи наздик принсипи дунявият аз байн бурда шавад ва унвони "исломи сиёсӣ", ҷо уфтад. Албатта чунин эҳтимол вуҷуд дорад, вале шояд танҳо баъд аз бардоштани номи ислом аз Ҳизби наҳзати исломӣ. Боз муллоҳо хубтар медонанд, ки дар Ислом ҳизб ҳаст ё не ва ё Ислом ба ҳизб ниёз дорад ё хайр. Ва дар охир, шиори соли муфтӣ: Фарзандони худро аз синни 7 солагӣ ба намозу Қуръону таълими динӣ одат диҳед!!! Ҳатман!!! Вале ба масҷид нараванд, дар назди муллоҳои белитсензия Қуръон нахонанд ва то замони омода шудани дастурамали таҳсили замонавии мадрасаҳо ва боз шудани онҳо сабр кунанд.

"НУРИ НАҲЗАТ": КОРГАРДОНИ ПОРНОФИЛМҲОИ СОЛ

Имсол студияи "Нури наҳзат" порнофилмҳои ҷадиди худро ба маърази тамошо гузошт. Силсилаи порнофилмҳо дар бораи ошкор кардани аъмоли пасипардаи муллоҳои ҷодугар ва филми Бибиғалатӣ соҳиби ҷоизаи сол гардид. Ин филмҳо то дараҷае шуҳрат пайдо кард, ки ҳатто телевизионҳои давлатӣ нофаҳмида вориди майдон шуданд ва ба пахши баъзе аз ин филмҳо пардохтанд. Аммо Хурсандмурод Мирзоев, ёвари раисҷумҳур оид ба масоили ҳуқуқӣ гуфт, ин наворҳоро дар дастгоҳи президент дидаанд ва аз пахши онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Вай гуфт, ки ин наворҳо хислати рақиби сиёсиро шикастан надоранд, балки зидди миллат, ҷомеа ва шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудаанд. Ёвари раисҷумҳур оид ба масоили ҳуқуқӣ гуфт, бовар надорад, ки дастандаркорони ин наворҳо аз дохили Тоҷикистон бошанд. "Бовар дорам, онҳое ки ин наворҳоро сохтанду паҳн карданд, аллакай иштибоҳи худро фаҳмиданд",- мегӯяд ҷаноби Мирзоев. Албатта масъулини телевизион ҳам ба иштибоҳи худ пай бурданд, ки коргардонҳои ин филмҳо "хориҷӣ" ҳастанд ва аз идомаи пахш худдорӣ карданд. Раҳбарони телевизион масъулият ва ҷавобгарии пахши барномаҳои қаблии студияи "Нури наҳзат" дар телевизионро ба дӯши худи муаллиф ва коргардонҳои филм партофтанд. Комилан кори дуруст, чаро барои як порнофилми дигарон масъулини телевизион ҷавоб гӯянд? Вале силсилаи порнофилмҳои гуворои "Нури наҳзат" идома дорад, дар соли оянда мунтазири сериалҳои наваш бошед!

СОЛИ ҶУРЪАТИ ШАБАКАИ АВВАЛ

Имсол телевизионҳои давлатӣ ҷуръаташон бештар шуд. Масъулиятшинос шудаву мушкилиҳои мардумро кам-кам мегӯянд. Албатта, вақте аз пули мардум фаъолият мекунанд, ҳатман масъулият эҳсос менамоянд. Аммо дар баробари ин, имсол шабакаи аввал фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳри Душанберо интиқод кард ва ба сокинон микрофон дод то озодона баромад кунанд. Албатта, кормандони телевизион ҳадафи дигар надоштанд, танҳо мақсадашон хизмати софдилона ба мардум буд. Масъулони шабакаҳои барқ иддао карданд, ки аз болои шабакаи аввал ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, аммо курсӣ ба раиси ин ниҳод вафо накард. Вале агар вафо ҳам мекард, ҳич коре аз дасташ намеомад. Зеро журналистони телевизион бе далел гап намезананд. Ҳамчунин имсол шабакаи аввал мушкилоти мардумро ба инобат гирифта, барномаи сохтусози нобасомон дар шаҳри Душанберо омода ва пахш кард, ки боиси роҳбандон ва афзоиши мушкилоти мардум гаштааст. Баъзе коршиносон аз гузаштани "гурбаи сиёҳ"-и байни шаҳрдорӣ ва Асадулло Раҳмон ҳадс мезананд, аммо ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надорад. Зеро ба иштиҳои коршиносон намешад нон хурд. Яъне, коршиносон ҳар чӣ ба даҳонашон ояд, гуфтан мегиранд, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи гапҳои онон дуруст аст.

СОЛИ ТАППАК БО ПЕШНИҲОДИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Имсол таппак аз рӯи омори сарфакорӣ рекорди фурӯзонакҳои каммасрафро шикаст. Акнун таппак аз лампаи каммасраф ҳам бештар ба буҷети хонавода фоидаовар аст. Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки мардуми Тоҷикистон барои сарфаи буҷети хонавода бояд аз ин маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза истифода баранд. Воқеан ҳам пешниҳоди олӣ. Агар мо ба ин самт равем, ҳатто Хитойи абарқудрат бо он ҳама техникаву технологияи муосир бо мо рақобат карда наметавонад. Биотаппак маҳсулоти ватанӣ ва экологический чистий продукт ва рақобатпазир дар бозор! Барқ дигар даркор нест, ҳамаша метавонед ба Карзай фурӯшед, мо ин зимистонро бо биотаппак мегузаронем!

БЕ "РОҒУН" ҲАМ МЕШУДААСТ...

Имсол соли муваффақияти масъулини "Барқи тоҷик" буд. Воқеан ҳам имсол барқ фаровон шуд. Барқи тоҷик имсол содироти барқро ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба Қирғизистон ба роҳ монд. То имрӯз баъзеҳо афсона мехонданд, ки то “Роғун” бунёд нашавад, барқи изофӣ тавлид намегардад ва бунёди хати САSA - 1000 бефоида аст. Аммо Барқи тоҷик имсол собит кард, ки бидуни “Роғун” ҳам мешудааст бозори энержии минтақаро соҳиб шуд ва ба унвони нахустин таҷриба имсол барои ваъдахилоф нашудани Карзай дар назди мардуми Афғонистон, масъулини "Барқи тоҷик" созиш карданд, ки Афғонистонро дар зимистон бо барқ таъмин кунанд. Масъалаи бебарқӣ дар дохил комилан ҳал шуд, мардум ба истифодаи сӯзишвории арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаи таппак гузаштанд. Акнун ки бидуни “Роғун” ҳам мо бозори барқи минтақаро соҳиб шудем, мегум ҳамин Узбакистон боз чӣ баҳона мекарда бошад? Ба ҳар ҳол Ислом Каримовро мебояд дар соли нави мелодӣ ягон баҳонаи дигар пайдо кунад, ки ин тарҳаш нагузашт. Вале агар боз хостем “Роғун”-ро месозем ва кишварҳои ниёзманде назири Афғонистону Покистону Ҳинд, Эрону Қатару Иморот, Туркияву Иттиҳодияи Аврупо ва хулоса нисфи ҷаҳонро бо барқи арзону аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мекунем. Агар барқ нарасад, содироти таппакро ба роҳ мемонем то кишварҳои ниёзманд бесӯхт намонанд.

"ТОҶИККИНО" ВА КАМПИРАКОИ ЛАБИ ОБ

Имсол "Тоҷиккино" марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозориро тай кард ва дарк кард, ки чӣ тавр бояд синамои миллиро рушд дод ва чӣ гуна таваҷҷуҳи мардумро ба филму синамо ҷалб кард. Тавонист ҳатто кампиру муйсафедони дари масҷидро ба пойи тамошои филмҳои ошиқиву маъшуқӣ кашонад. Акнун тибқи принсипи ин ниҳод:
* фурӯши дискҳое, ки дар он нақши асосиро эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо "бозӣ" мекунанд, белитсензия манъ аст.
* фурӯши филмҳое, ки "зангириву дамгирӣ" -ро ташвиқ мекунанд, белитсензия манъ аст.
* фурӯши филмҳои хориҷӣ белитсензия манъ аст.
* фурӯши анвои дискҳо белитсензия манъ аст.

Ба истиснои:
* пахши порнофилмҳои муаллиф ва коргардонҳояш номаълуми студияи "Нури наҳзат" дар телевизион, дар бораи фошсозии амали муллоҳои ҷодугар ва саҳнаҳои анҷоми вазоифи заношӯӣ.
* пахш ва сабти порнофилми Бибиғалатӣ дар дискҳо ва паҳн кардани он миёни сокинон барои баррасӣ ва фаҳмидани назари кампирону муйсафедон дар бораи он.

Ба хотири тарбияти насли наврас ва бардоштани хулосаи зарурӣ аз зиндагӣ.

БУД НАБУД “ОБЛАВА” БУД...

Буд набуд, дар замонҳои хеле қадим дар кишвари мо “облава” буд, ҷавононро аз дохили Тангем, хона, ҳоҷатхона ва ҳаммом дошта ба сафи артиш мебурданд. Аммо дар соли 2014 мелодӣ дар баробари таъини Марҳабо Ҷабборова ба раҳбарии камиссиюни назорат аз болои “облава”, хушбахтона “облава” ва дедовшинаву шиканҷа дар артиш афсона шуд. Ҷавонон ҳама ихтиёрӣ ба сафи артиш мерафтанд. Шаҳбол Мирзоев шиканҷа нашуда буд, балки ихтиёрӣ гуштӣ гирифта гарданаш шикаст. Саидалӣ Ҳақбердиев ҳам “облава” нашуда буд, фақат дар дохили таксӣ дар паҳлӯи худ афроди ношиносро дида, ба гумони он ки онон кормандони военкоматанд, худро аз мошин берун партофт, ки пардаи гӯшаш дарида, ду рӯз беҳушу беёд буд. Абдуҷаббор Рустамовро ҳам кормандони военкомати Панҷакент назада буданд, балки вай худ бемории руҳӣ дошт ва 7 дандони худро зада шикасту ба гардани кормандони комиссариати ҳарбӣ партофт. Бибимарям Ҳамроева ҳам латту кӯб нашуда буд ва писараш ҳам бо ихтиёри худаш ҳамроҳи кормандони камиссариати ҳарбӣ ба хизмат рафта буд. Вазорати дифоъ дар ҷаласаи мушовараи худ ин мавзӯро таҳқиқ кард ва кормандони бегуноҳи комиссариатҳои ҳарбиро аз вазифа сабукдӯш намуд. Хулоса, некӯкорон ва бегуноҳон ҷазои сазои худро гирифтанд ва қаҳрамонони достон сиҳату саломат ба хонаҳояшон баргаштанд ва зиндагии худро бо шодиву хуррамӣ идома дода, ба муроду мақсад расиданд. "Як коса дӯғ буд, ҳамаш дурӯғ буд". Бо ҳамин қисми якуми афсонаи “облава” тамом шуд. Идомаи достонро дар соли оянда хоҳед шунид.

КАБЛУКСАНҶИ СОЛ

Чеҳраи баъдӣ академик Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ раиси садову симо, собиқ вазири маориф, собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ва ёвари феълии президент оид ба сиёсат. Ҳамчунин нахустин ихтирокори биогаз ё таппак, нахустин стилисти либоси ягонаи мактабӣ, нахустин ташаббускори маъракаи бесатркунонии бонувони донишгоҳӣ, аввалин нафаре, ки барои "НБ" ҷарима талаб кард ва нахустиин каблуксанҷи бонувони донишгоҳ дар соли 2014.
Имсол бо каблуксанҷӣ ё муайян кардани туфлиҳои зераш на беш аз 1 сантиметр барои бонувон Абдуҷаббор Раҳмонов дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирифт. Кори худро хеле хуб балад аст, медонад, ки чи хел дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирад. Ҳатто расонаҳо нохоста ба пияри ройгони Абдуҷаббор Раҳмонов пардохтанд. Ба ин чеҳраи сол ҳарфе дигар барои гуфтан надорам. Фақат як ёдоварие мехоҳам бидиҳам, ки ҳамон рулетка ё кафшандозакуни худро агар ба ректори кунунии донишгоҳ мерос мегузоштанд, хуб мешуд. Зеро баъди рафтани эшон ба дастгоҳ, эҳтимол баъзе бонувон бо дур дидани Раҳмонов боз ба пӯшидани кафшҳои пошнабаланд шурӯъ накунанд. Ё ҷанобашон тасмим доранд дар дастгоҳ ҳам чунин таҷрибаеро роҳандозӣ кунанд?

КОМИССИЯИ ОМОР, ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Камиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ахиран дар шарҳи хеле ночиз будани нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Русия барои беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, эълом кард, ки аз Тоҷикистон имсол 630 ҳазор нафар ба хориҷ сафар кардаанд, ки 400 ҳазори онҳо баргаштаанд ва танҳо 230 ҳазор муҳоҷири дигар боқӣ мондааст. Ҷаноби Шоҳиён ба саломати оморҳо шак кард ва онҳоро ғайриқобили эътимод баршумурд. Қанда занед, ҷони гапа задедо. Аз миёни мақомоти Тоҷикистон танҳо касе, ки ҷуръат карда, дар бораи шубҳаовар будани омор гуфт, Шумоед. Коршиносон борҳо эълом карда буданд, ки оморҳо дурӯғанд, аммо мақомоти тоҷик рад мекарданд ва эътироф намекарданд. Шумо ҷуръат карда инро эътироф кардед, ки ба оморҳо намешавад эътимод кард. Вале ҷанобашон ҳам иштибоҳ карданд. Мо аслан дар Русия дигар муҳоҷир надорем. Он 230 ҳазоре, ки Шумо гуфтед, як иддаашро додгоҳи олӣ экстремист эълом ва ҳукмашонро содир кард. Афроди боқимонда нафароне ҳастанд, ки беш аз 5 сол аст дар Русия ба сар мебаранд ва шаҳрвандии худро аз даст додаанд. Чаро? Ман намедонам! беҳтараш инро аз Шукурҷон Зуҳуров пурсед, хубтар медонанд.

СОЛИ ҲУКУМОВҲО

Аз ду омиле ном бурда мешавад, ки имсол боиси хотима бахшидан ба карераи 13 солаи Амонулло Ҳукумов, раиси “Роҳи оҳан” шуд. Яке ҷанг бо рӯзномаи "Имрӯзнюс" ва дигаре пахши иттилоия аз ҷониби Туркманистон ва нигаронии мақомоти ин кишвар ба хотири дар ҷараён нагузоштани тасмимоти байнидавлатии сохти роҳи оҳан бо онҳо буд, ки эҳтимоли пеш аз муҳлат барканор гаштани Ҳукумов шудааст. Аммо иқболаш баланд будааст ин Ҳукумовро. Зеро аз масъулиятпазирӣ зудтар халос шуд ва беш аз 70 миллион сомонӣ қарзашро ҳам раисҷумҳур бахшид. Боз мегӯянд, ки буҷети Тоҷикистон имконияти маҳдуд дорад. Қарзи Алимардонов бахшида шуд, қарзи "Барқи тоҷик" бахшида шуд, қарзи пахтакорон бахшида шуд, қарзи Ҳукумов бахшида шуд, аммо буҷет ҳамасола 120 дарсад иҷро мешавад. Фақат метарсам, ки аксари мансабдорон ба истеъфо мераванду ҳамаи қарзи онҳоро бахшидан лозим мешавад. Имсол кадом ҷураи Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов, мошини вайро ба иҷора гирифта, дар хибони Рудакӣ бо суръати 20 км дар соат ҳаркат мекард, ки дар назди чойхонаи Роҳат якчанд нафар саҳлангорӣ карда, худро оварда ба мошин заданд, ки дар натиҷа бархе захмиву теъдоде кушта шуданд. Ин ҳодиса боис гашт, ки ВКД ба гумони кушта шудани шаҳрвандон Расулро боздошт ва ин қазияро 7 бор мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар ягон маврид ҷурми Расул пайдо нашуд. Кори дуруст, беҳуда намегӯянд, ки 7 бор чен куну як бор бур. Аммо Рамазон Раҳимзода 7 бор чен карду як бор ҳам набурид.

МУҲОҶИРОН МАРҲАМАТ БА "РОҒУН"

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати кори Тоҷикистон аз ҳамаи муҳоҷироне, ки аз Русия депорт шудаанду мешаванд, даъват ба амал овард, ки марҳамат оянду шаҳодатномаи ихтисос гиранд ва агар надоранд, баъди курси бозомӯзӣ соҳиб шаванду дар нерӯгоҳи "Роғун" ба кор машғул шаванд. Фақат то сармоягузор пайдо шудан барои бунёди "Роғун", каме сабр кунанд, баъд марҳамат корро шурӯъ намоянд. Агар дар як нерӯгоҳи Роғун 1 миллион муҳоҷир ё ҳадди ақал 300 ҳазор муҳоҷири корӣ бо кор таъмин шаванд, пас версияи Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократ дар мавриди фароҳам кардани 35 миллион ҷои корӣ дар Тоҷикистон дуруст будааст. Боз ман шак карда будам, вале акнун яқин ҳосил кардам. Пас муҳоҷирон зудтар бошед! Ихтисос лозим нест, муҳим шаҳодатнома дошта бошед кифоя. Зеро агар дер омадед, аз сабаби норасоии нерӯи корӣ боз аз Чин коргар меоранду тариқи эъломи ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ 35 миллион ҷои холии корро пур мекунанд.

ВАЪДАИ УБАЙДУЛЛОЕВ ВА УМЕДВОРИИ МАРДУМ

Шаҳрдори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ваъда кард, ки дар арафаи соли нав қимати колоҳоро бо 30 дарсад тахфиф дастраси мардум мегардонад. Дастуру супоришҳои лозим ба ташкилкунандагони ярмарка ва раисони бозорҳои пойтахт дода шудааст. Умедворем, ки соҳибкорони беинсоф ин дафъа супоришҳои раиси шаҳрро дуруст иҷро мекунанд ва афзоиши қимати доллару рублро баҳона карда, ба ҷои гӯшт устухон намефурӯшанд ё нархро ба осмон намебароранд.

Ба диққататон ташаккур! Бо умеди ободиву созандагии Шумо давлатмардони тоҷик- дар соли нави 2015 ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон. Соли нави мелодӣ муборак! Фақат як хоҳиш, ҳамин барқро дар Соли нав ба мардум зиёдтар диҳед.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ
Мӯҳр
Рустам
Барк зиёд мшуд, Соли навба, хавотир нашавед, Исфандиёр!. Соли нав мурак бошадее!!

офарин офарин офарин боз хозор бори дигвар офарин ба Исфандиёр ва ба озодагон кандатона занед кариб ки аз ханда дилкаф мешудам рахмати калон

Салом! Дустам ба ростӣ "гуфтаи Мардак" кори мардакӣ карда хела мавзуҳои доғи ватаниро ба риштаи таҳлил кашидӣ ва дар поёни ҳар мавзуе даричае барои мухотабат боз гузоштаи, ки нишондиҳандаи идомаи матлаб аст.
Аммо "гуфтаи мардак" э да ... одат да" солҳои зиёде мебояд то ин матолиб ба тарзи хубу содда минёни омма ҷойгиранд.
Як гуфти дустона "масалаи авс" ро, ки дар сари матлабнависиат расид фаромуш накун ва ҳамеша ин матолибатро дар чорчуби "авс" ҳо навис.
Исфандёр хела хубу олӣ, вале танзҳо агар моҳ ба моҳ баррасӣ ва таҳия шаванд тезтар метавонанд "ба гуфти мардак" дардеро илоҷ ё илоҷеро дард кунанд.Ҳамту не "ба гуфтаи мардак"

Шахрванд
Бехтарин хулосаи сол :)))) Офарин ба хабарнигор!!!!!!!!

мулло
Муллоҳои муҳтарам, раҳмат ба Шумо барои чунин корҳои хайр. Бештар ҷамъ кунед, ки соли оянда як қисми қарзҳои давлатиро ҳам пардохт кунем. Барои сармоягузории "Роғун" ва пардохти қарзи "Барқи тоҷик" ҳам маблағ лозим доремо, фаромӯш накунед. Вале аз ҳама муҳимтараш бунёди офисҳои ҲХДТ дар деҳаҳои дурдасти аҳолинишин аст. Зеро ҲХДТ имконияти молияш маҳдудтар аст. Ҳизби сотсиалистиву сотсиал-демократ худашон имкони молии зиёд доранд ва Ҳизби наҳзат бошад, ба офису толор умуман ниёз надорад, дар сабзазор ҳам ҷаласаашро гузаронидан мегирад.

Саидумар
"Дар охир раиси муҳтарам аз Шумо пурсиданием, ки қазияи таҳқиқи ҳамла ба вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ, ки дар ҷаласаҳои парлумон мисли файласуфҳо сухан мекунад, ба куҷо расид? Ҳоло ҳам Шерхон Салимзода гузориш надодааст дар ин бора? Хоҳишмандем, ин масъаларо дида бароед, ба соли дигар намонад".

Ахсан! Офарин Исфандиёр! Дар хакикат "гуфтахои мардак" хамаш рост! Кандаша хурад "мардак"! Хамун "мардак" нагуфт, ки комисари харбии Панчакентро барои хар сол облаваи гайриконуни ва шиканчаи марддуми бечора аз вазифаш гирифтан ё не?

Мисбохиддин
офарин устод Исфандиёр, беҳтарин маводи воқеи, ки дар охирин рузи соли 2014 хонда хандидам, хонат обод, мақола барои муаррихони оянда кумаки хуб мерасонад.

Бехтарин тахлил ва чамбасти соли 2014. Вокеъият ва танхо вокеият. Аз ин рохи гурез нест. Дар як соли ахир ин хама чой дошт, муаллиф далел хам дорад, далел ин чашми 8 млн. мардуме ки ин хамаро диданду тахаммул карданд ва аз руи шиори пещниходшуда шукрона карданд. Зихи миллати токатфарсо, миллати чонсахти дуне, миллати гунг, миллати кобилакаки шукргуяку чойрезаки додош! Исфандиер Дастатон дардро харгиз набинад ва дар соли нав ба тими Озодагон бехтарин тахниятхо ва бурдборо!

аслам
каме нарм навиштай Исфандиёр, тарсиди чи?

саид
Илтимоси дигар ин ки агар имкон бошад, соли оянда барои харидани насоси обкаш ба муҷтамаи "Шарқи озод" ҳам иқдом мекардед, хуб мешуд. Ҳа, боз як хоҳиш, харидани сатилҳои зуболаву ностуфкунӣ ҳам аз ёдатон набарояд.

Ташаккур аз лутфи ҳамагӣ. як танзи шогирдонаест, шумо лутф доред

Молодец Исфандиёр хеле оли

Молодец Исфандиёр хеле оли

Оламшо
э гап нест. олӣ буд! Ин хели хабаро кам аст. Офарин ба нависандаи ин танз

Юсуфи Гумгашта
Гуфти мардак: Озодагон озод бош! Озод дар парвоз бош! Дар соли оянда-понздахум, Дар дилу дидаи мардум, Ч,о бош, хамеша шод бош, Бо хотири фардо бош, Бо хотири озоди фард, Бо хотири озоди мард, Бо хотири ч,анг бо набард: Озодагон озод бош! Озод дар парвоз бош! Ту бехтарин, Озодагон, Озодтарин-Озодагон, Гуётарин харфи дилам, Доим бимон, Озодагон! Доим озод бимон ва хабархои наву тозаро тез-тез чоп намо!

Салим
Ин маколаро бо сузи дил ва ба таври хачви навиштааст вале хар яки мо а ин камбудихо масъулият дар назди Аллох дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)