Бахшҳо

ВИДЕО: Асомиддинзода далели гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористиро манфиати молӣ медонад

Тоҷиддин Асомиддинзода, муовини раиси Кумита дини Тоҷикистон яке аз омилҳои гароиши ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳҳои террористиро дур аз тарбияи падару модар мондан ва пайи орзуҳо рафтани онҳо унвон кард.

Асомиддинзода дар нишасти хабарии Кумитаи дин рӯзи 6 январ гуфт, ҳоло таҳти таъсири таблиғоти гуруҳҳои ифротӣ ҷавонони тоҷике қарор мегиранд, ки аз тарбияи волидайн дур монда, маълумоти кофӣ дар бораи дину ойини хеш надоранд. Ӯ мегӯяд, ин қишр ҷавононе мебошанд, ки дар айни ҷушу хурӯши энергияи ҷавонӣ қарор дошта, ба тахлияи энергия ниёз доранд ва дар бораи равандҳои ҷорӣ дар муҳити худ иттилои кофӣ надоранд: “Як хусусияти гароиш ба дин дар ин синну сол дар онҳо ба таври беназм рух медиҳад. Вақте ҷавонон аз тарбияи падару модар ва муҳити тарбиявӣ дур мемонанд бо гирифтани маълумоти ғалат дар бораи дин ва ойин таҳти таъсири таблиғоти гуруҳҳо қарор мегиранд.”

Ба гуфтаи Асомиддинзода, надоштани иттилои кофӣ дар бораи ҷараёну ҳаракатҳои атрофи худ ва орзуҳову манфиати моддӣ низ ҷавонони тоҷикро ба саффи гуруҳҳои тундраву террористӣ мебарад: “Ҷавонон аслан таваҷҷуҳи зиёд ба таъмини моддии ояндаи худ доранд, дар замони шӯравӣ низ интихоби касб дар ин синну сол сурат мегирифт ва онҳо низ дар ин синну сол бисёр нигаронанду орзӯи таъмини иҷтимоию моддии ояндаи худро доранд. Яъне, дар баробари омили эътиқодӣ ба даст овардани манфиат низ яке аз омилҳост.”



Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик низ бо тасдиқи ин ки манфиатҳои моддӣ ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷӣ мебарад, дар суҳбат бо “Озодагон” ба омилҳои дигар низ ишора мекунад. Ба назари ин сиёсатшиноси тоҷик, баъзе аз маҳдудиятҳои динӣ низ метавонад, барои пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ замина гузорад: “Яке аз сабабҳои рафтани ҷавонон ба ҷанги Сурия, пеш аз ҳама сабаби молӣ мебошад. Мардуми камбағал онҷо мераванд ва ҳар ҷанговар дар як моҳ пул мегирад. Аз ҷониби дигар, афроде ҳастанд, ки дар зери таъсири идеологияи ифротгароён ба ин ҳаракат шомил мешаванд. Омили дигар маҳдудияти сиёсиву динии шарҳрвандон аст. Онҳо мегӯянд, ки бубинед, дар Тоҷикистон занону кӯдаконро ба масҷид намемонанд, ин маънои онро дорад, ки Исломро дар ин кишвар пахш мекунанд ва яке аз омилҳое мебошад, ки ҷавононро ба ин кишварҳо ҷалб мекунад.”

Баҳси омилҳои пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар ҳолест, ки ба иттилои раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол танҳо дар Сурия беш аз 30 ҷангии тоҷик фавтидаанд. Теъдоди умумии иштирокдорони ҷангҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон аз 200 то 500 нафар арзёбӣ шуда, миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳаст. Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд ахиран эълон дошт, тибқи иттилои онҳо феълан 24 зани тоҷик бо ҳамроҳии шавҳар ва 34 кӯдаки хурдсолашон дар урдугоҳҳои махсуси террористии хориҷи кишвар қарор доранд.
Мӯҳр
САИДЧОН
ЯКЕ САБАБҲОИ ЧАВОНОНИ МО БА ГУРУҲОИ ИФРОТИ ВА ТЕРОРИСТИ ИН АЗ МИНБАР ДУР БУДАНИ ВОЪИЗОНИ ҲАКГУЙИ МО АЗ МИНБАРИ ИСЛОМИИ АСТ ВА КАМБИЗОАТИ ЧАВОНОНИ МО МЕБОШАД ҲАМИН ГУРУҲҲОИ КИ ДАР СУРИЯВУ ИРОК ҲАСТАНД ҲАМАШОН АЗ МУҲОЧИРИ МЕҲНАТИ БУДАН КИ АЗ ДАВЛАТИ РУССИЯ БА ГУРУҲОИ ТУНДРАВ ДОХИЛ ШУДАН ПЕШГИРИ ИН ГУРУҲОРО ИНШООЛЛОҲ ҲОЧИ МИРЗОРО БА МИНБАР ДАЪВАТ КУНЕД ИНШОЛЛОҲ ҲАМАШОН АЗ СУРИЯВУ ИРОК БОЗ МЕГАРДАН

99
Дар замони шуравӣ кормандони кгб намояндагони дин буданд, ҳоло бошад аъзоёни фаъоли ҲХДТ!!!???

секуляр
САИДЧОН,
Ки медонад хамин Асомидинзодааш худаш ки ва кучоба дарс хондаги? Якбор кофта буроетон ина акидааш чиз? Ин худаш аз куми эрон омадаги намозаша хам мисли ваё мехонад танхоишба!

Мухочир
Сабабхои асоси ин бар хурди хатои давлат ба чавонон мебошад, давлат дар мудати дах соли ахир садхо чавононро бо чурми салафи бо ёрии шиьахои дар либоси салафи кунчи зиндон кард.
Бубинед то хол ба хотири вазифа ба даст овардан чавононро кунчи зиндон мекунанд, агар чавонон салафи мебуданд ман фикр мекунам бо ин кадар тахкир сукут ихтиёр намекарданд дар Точикистон ягон чиноят мекарданд.
Вале чашми кур инро намебинад шиьахо бо ин рох равшанфикрон ро нест карда инкилоб карданианд ман хамчун шахрванди точик ба кумитаи амният бахои бад медихам чун дар хакикат кор карда наметавонад.

Чавон
Чизе мегуед бигуед. ЛЕКИН САБАБИ АСОСИИ БА ТУНДГАРОИ МАЙЛ КАРДАНИ ЧАВОНОНИ ТОЧИК :
1) БЕКОРИ
2)КАMБИЗОАТИ
3) НОБОВАРИ БА ФАРДО
4) НОАДОЛАТИ
ва г.х.
Ман боварии комил дорам,ки чавонони точик дар Точикистон бо чои кор ва маоши нагз (на кам 500$) таьмин бошанд, хеч вакти фротгаро намешаванд.

УМАР
САЛИМ

Ҳазрати Алӣ 1400 сол пеш аз гуруҳаки тераристии ДОИШ хабар додааст.
حَدَّثَنَا الْوَلِيدُ ، وَرِشْدِينُ ، عَنِ ابْنِ لَهِيعَةَ، عَنْ أَبِي قَبِيلٍ، عَنْ أَبِي رُومَانَ، عَنْ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، قَالَ" إِذَا رَأَيْتُمُ الرَّايَاتِ السُّودَ فَالْزَمُوا الأَرْضَ فَلا تُحَرِّكُوا أَيْدِيَكُم، وَلا أَرْجُلَكُمْ، ثُمَّ يَظْهَرُ قَوْمٌ ضُعَفَاءُ لا يُؤْبَهُ لَهُمْ، قُلُوبُهُمْ كَزُبَرِ الْحَدِيدِ، هُمْ أَصْحَابُ الدَّوْلَةِ، لا يَفُونَ بِعَهْدٍ وَلا مِيثَاقٍ، يَدْعُونَ إِلَى الْحَقِّ وَلَيْسُوا مِنْ أَهْلِهِ، أَسْمَاؤُهُمُ الْكُنَى، وَنِسْبَتُهُمُ الْقُرَى، وَشُعُورُهُمْ مُرْخَاةٌ كَشُعُورِ النِّسَاءِ، حَتَّى يَخْتَلِفُوا فِيمَا بَيْنَهُمْ، ثُمَّ يُؤْتِي اللَّهُ الْحَقَّ مَنْ يَشَاءُ.

Дар ин ҳадиси шариф ҳазрати Алӣ1400 сол пеш ба нуҳ сифати доишиҳо ишора кардааст ва ноҳақ будани онҳоро ба ҳамгон пешопеш гуфтааст

1Доштани Парчами сиёҳ. (воқеан рост аст чун парчамшон ҳақиқатан сиёҳ аст)

2Доштани давлат. (воқеан рост аст чун онҳо худашонро давлати исломӣ хондаанд)

3Аз шаҳрҳои гуногунанд. (воқеан рост аст чун онҳо аз дигар кишварҳо ҷамъ шудаанд. Муфти сурия эълом кард ки онҳо аз 86 мамлакат ҷамъ шудаанд аз ҷумла тоҷикҳои шарманда ки тибқи гуфтаҳо ба 300 нафар расидаанд)

4Ҳамааш аҳли куняанд. (воқеан рост аст чун ҳамаашон номашона ба номҳои араби алиш кардаанд ба монанди Абу бакри бағдодӣ, Абу ёсини Ҳарронӣ, Абу ямомаи Дусарӣ, Абу зинати Либӣ, Абу ҳафсаи Анборӣ, Абу анаси Шомӣ, Абу аюби Сумолӣ ва...

5Доштани муҳи баланд. (воқеан рост аст чун аксарияти онҳо бо сару риши баланд ҳастанд ҳамчунон ки дар суратҳо дар ҳамаҷо мебинем)

6Бераҳмӣ ва сангдилӣ. (воқеан рост аст чун аз инҳода одами бераҳм намешавад чун фақат кала мебуранд ҳатто аз кудаконро ҳамчунон ки дар видиёҳо дидаем ва мебинем)

7Ихтилофҳои дарунӣ доранд. (воқеан рост аст чун имруза дар ахборҳо мехонем ки худашон бо худашон соз намегиранд ва руз ба руз як гуруҳ ва як халифаи нав мегиранд ва ё аз ҳам ҷудо мешаванд )

8Ноҳақбудан ва гумроҳӣ. (воқеан рост аст чун корҳои онҳо тамоман бо ислом соз намегирад)

9Шикаст хоҳанд хурд. (воқеан рост аст чун руз ба руз онҳо дар ҳоли шикаст ҳастанд ҳукумати ироқ заминҳои онҳора руз ба руз аз дасташон гирифта истодааст)

Дустон! ҳазрати Алӣ пас аз Паёмбар босаводтарин одам дар руи замин буд. Инру худи саҳабаҳо ҳам гуфтаанд худи Паёмбари гиромии ислом ҳам ҳазрати Алиро дар ҳадиси машҳуре дари илму дониш хондааст. Яке аз ҷоҳое ки ҳазрати Алӣ илми худашро ба хуби нишон додааст дар ҳамин ҳадис аст. Шумо агар хусусиёт ва рафторҳои гуруҳаки тераристии ДОИШ ро бидонед ба хуби мефаҳмед ки сад дар сад ин ҳадис бар онҳо мунтабиқ аст ва созгорӣ дорад. Он ҳазрат дар ин ҳадис саифатҳои ин гуруҳаки терариси одамкуши ДОИШ ро як хед баён кардааст ки гуё онҳора дидаву дониста гуфтааст. Яъне комилан дуруст баён кардааст

Яъкуб. Душанбешахр.
Парчами сиёх бо навиштачоти Ло иллоха иллаллох дар садри Ислом буд.Аз он Арабхои муфтхур хазор бор бехтар хаст ин гурухи ДОИШ. Имруз бо пули Сауди Амрикову Исроил Мусалмононро дар Фаластину дигар Давлатхои Мусалмонишин мекушанд . Имруз танхо онхо аз ДОИШ метарсанд дигар хама Мусалмононро гуломи худ кардаанд. ..

Ҷавоб ба САИДЧОН!
Ин кучое хондаст нахондаст мода инаш муҳим нест, муҳимаш инаст, ки
мисли шумоён ватанфуруш нест шумо шамолро мебинед ҳар кадом тараф вазидан бгира мевазенд, як руз бо Узбакистонен ва як руз дигар бо Толибон ва имруз бо ДИИШ!

Салом ба огои асомудинзода бген ки агар падару модаре ки итилоыи кофи дар бораи тарбияи фарзанд надошта бошан читавр фарзандхои худро тарбияи дуруст кунанд йо ба илати дури аз ватан ки барои кор мераванд. Инхоро фикр кунанд бад гапзанед чун бисйори аз падару модарони мо йо кам саводан йо дур аз ватан васалом

az xudovandi mannon baroi tamomi mardumi azizi tojikiston darxosti sihhatu salomati doram inshoalloh har kujo ki boshed sarbulandu piruz boshed. barodaroni aziz amerika va izrail az doish nametarsand chun xudi onho doish ro ba vujud ovardand va baroi in gap dalel ziyod ast ki dar injo bayonash mushkil ast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)