Бахшҳо

Қасди “подстава”-и сарроф: 24 $ дода 60 000 $ ситонданӣ шудаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи муташаккили ҷиноӣ хабар дод, ки баробари “роҳзаниҳо” дар бозори Корвон инчунин ният доштаанд, як саррофи ноҳияи Рӯдакиро ба истиллоҳ “подстава” кунанд.

Ба иттилои манбаъ ин гуруҳи муттаҳам дар роҳзанӣ ва тақаллубкорӣ даромади зиёди Муродҷон Хурсандов, саррофи 31-сола аз ноҳияи Рӯдакиро дида, нақшаи фиреби ӯро кашидаанд. ВКД мегӯяд, афроди боздоштшуда - Шоев, Ҳакимов, Олимов ва Дустмурод Гулматов ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ёвон буда, ба Хурсандов бандчаҳои тақаллубӣ, ки ҳамагӣ 24 доллар доштааст, дода баъди амалӣ намудани нақшаашон нияти гирифтани 60 ҳазор доллари амрикоиро доштаанд: “Ин гуруҳ оми 22 декабри соли гузашта бо 24 доллари амрикоӣ бандчаҳои пулии тақаллубиеро, ки гӯиё 60 ҳазор долларро дар бар мегирад, барои нигоҳдории муваққатӣ ба сарроф - Муродҷон Хурсандови 31-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ додаанд. Чун шинос будаанд, Хурсандов низ бовар карда, гирифтааст. Баъди гирифтан ва сӯи хона равон шудани сарроф ду нафар узви гуруҳ ӯро дар охири кӯча, минтақаи торикӣ аз по зада, бандчаҳои долларо медузданд.”

Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, дар натиҷа дастандаркорон ният доштанд, аз Хурсандов 60 ҳазор долларро ситонанд, аммо дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояташон ошкор гардида, ҳамаашон боздошт шуданд. Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи аъзои гуруҳи аз рӯи моддаи 249 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
точик
Пеши рохи чиноятро гирифтан бо чои кор таъмин кардани чавонон ва дар умум мардум аст, вакте чои кор нест ингуна дуздию хилаву найранг зиёд мешавад ва боз кормандони макомот хурсанд мешаванд ки мо чинояткоронро ёфтем?! Илочи вокеъа пеш аз вукуъ гуфтаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)