Бахшҳо
09 янв 2015 21:59Ҳуқуқи инсон

Профессор Юнусов: Давлати Исломӣ ба Осиёи Марказӣ таввассути Афғонистон таҳдид мекунад

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Ба назар мерасад, ки як соли ахир таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба “Давлати Исломӣ” бештар шудааст. Дар баробари ин олимону руҳониён низ хомӯширо ихтиёр накарда, иддао дорад, ки аъмоли Давлати Исломӣ на «ҷанг», балки як фитна ҳаст. Дар зимн, «Пайк» бо профессори Донишгоҳи давлатии Данғара Сайдаҳмад Юнусов дар мавриди хатари давлати бо ном “Исломӣ” ба Осиёи Марказӣ мусоҳибаи ихтисосие анҷом дод, ки ҳоло пешниҳоди шумо мегардад.


-Иллат чист, ки ҷавонони тоҷик ба равяҳои иртиҷоӣ аъзо шуда истодаанд?

-Дар давраи Шӯравӣ нуқтаи кулминатсионии идоракунии ҷомеа ин идеология буд ва дар атрофии ҷамъияти дониш тамоми созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ таин шуда буданд ва тайёрии устодон умуман ташфиқотчиёну тарғиботчиёнӣ идеяҳои партияи комунистӣ роли асосӣ мебозид. Баъди истиқлолият ба даст даровардан ва баъди аз байн рафтани роли партияи комунистӣ ва хараҷу мараҷие, ки дар собиқ ҷумҳуриҳои советӣ рӯх дод ин ҷангҳои шаҳрвандӣ, ҷангҳои байни миллатҳо, ҷангҳои қабилавӣ, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксарият гӯшаву канорҳои собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ин ҳодиса рӯи кор омад. Масалан чӣ дар Кавказ, чӣ дар Узбакистон бошад. Ҳоло мо хело давраи ҳасосро аз сар гузаронидем. Пеш аз ҳама Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол шуданаш мафяҳои дохилӣ, аз ҷумла мафяи комунистӣ нахост ҳокимятро аз даст диҳад. Дуюм мафяи исломӣ хост ба сари ҳокимят ояд. Ҳаминтавр онҳо бо дастгирии терроризм ва экстримизми байналмилаӣ хостанд давлати исломӣ барқарор кунанд. Сеюм ин ҷинояткорони дохилӣ, ки барои онҳо падар, модар, фарзанд фарқ надошт ба ҳуҷум гузаштанд. Чорум бошад душманони байналмилалӣ, ки намехостанд, ки Тоҷикистон давлати инкишофёфта бошад. Аз ҳамин нуқтаи назар ҷанги бародаркӯши мо, ки дар ин давра 6 маротиб ҳокимятро иваз намудем таъсири хело калон ба Тоҷикистон гузошт. Ҳоло ҷавононе, ки дар равяҳои гуногуни экстримистии динӣ ҳамроҳ мешаванд, таъсири ҳизбҳо ва равяҳои исломӣ нисбати созмонҳои сиёсие, барои тарбия кардани насли ҷавон қисман вуҷуд дошт, қисман вуҷуд надошт аз байн бардошта шуд. Имрӯз бинед яке аз нуқтаҳои асосии камбуди дар он аст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёри ҷавонон азият мекашанд, аз рӯ ба ваъдаҳои шахсони дигар бовар карда ба ҳар гурӯҳ шомил мешаванд. Ҳоло аксари ҷавонони дар шаҳрҳои Росия ва дигар кишварҳои дунё қарор доранд ва ба воситаи ҳамин онҳо ба равяҳои иртиҷоии исломӣ ва реаксионӣ тобеъ мешаванд. Ман боварӣ калон мегӯям, ки нафароне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешаванд онҳоро маблағи калон ваъда дода ба доми худ мекашонанд. Дар баробари ҳамин ин онҳо ҷавононеро интихоб мекунанд, ки аз ҷиҳати идеявӣ, тарбия суст буда, ба муҳити худ онҳоро тарбия мекунанд. Чунки ҷараёнҳои пантуркистӣ, шоҳонизми бузурги давлатӣ, ҷараёни исломии реаксионӣ ва эктримистӣ дар ҷаҳон хело паҳн шудааст. Имрӯз муҷоҳидони давлати Исломӣ дар Ироқ, Сурия одамони бегуноҳро зинда ба қатл расонида истодаанд, ки ин бо фармон ва сардории халифа ин давлат Абубакр ал Бағдодӣ рӯи кор омада истодааст. Ҷавононе, ки ба ин давлат исломӣ рафтанд, бештар аз ҷиҳати идеявӣ, дониш, фарҳанг ба дараҷаи паст қарор доштанд ба ин гурӯҳ шомил шудаанд. Ҳамин ҳаст, ки ин ҷавононро ба тези ба доми худ анедохта онҳоро аз роҳ мебароранд.

-Таъсири Империяи ба ном Давлати Исломӣ ба Осиёи Миёна, то кадом андоза аст. Роҳи ворид шудани онҳо ба ин минтақа кадом аст?

-Рӯзи 22 декабр дар шаҳри Москва роҳбарони ҷумҳуриҳои Аъзои созмони амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ (СПАД) ҷамъ омаданд. Дар ҳамоиш аз хатари давлати Исломӣ ба Осёи Марказӣ аз сӯи президенти Русия Владимир Путин садо дод. Хатари асосие, ки ба Осиёи Марказӣ ворид мекунад, ин давлати Афғонистон ва Покистон мебошад. Агар пеши роҳи давлати Исломӣ ба зуди гирифта навашд, муҷоҳидони ин давлат ба зӯди Покистон ва Афғонитонро аз худи хоҳанд кард. Ва дар ин ҳолат онҳо метавонанд бо сарҳади Тоҷикмистон вориди хоки Осиёи Марказӣ шаванд. Сардори давлати Исломӣ, ки дар ҳабсхонаҳои Амрико, Ироқ ба сар бурдааст ва «разветкаи амрико»-ӣ ин одамро омода кардааст. Аз як тараф «Амрико» инҳоро дастгирӣ мекунад аз тарафи дигар бо муқобили инҳо қувваҳое сарф мекунад, ки ба ду тараф зарар расонад мехоҳад. Абубакр ал Бағдодӣ 7 вазир дошта, бо буҷаи махсус вориди корзор шудаанд, ки нақши калидиро дар ин «Амрико» мебозад.

-Вазъи кишвари мо чӣ гунна аст ва нақши раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеъа кадом аст?

-Хизматҳои таърихӣ ва умумибашарии Пешвои асри XXI президенти Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки аввалин президенте, ки дар ҷаҳон ҷангӣ бародаркӯширо дар муддати панҷ сол хотима дод, ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳоло он ки дар Олмону Кареяву Ветнам ҷанг то 40-50 сол давом кардааст. Аз тарафи дигар, Созмони байналмилалӣ дар қарори махсуси худ қайд кард, ки аз 14 ҳазору 500 ҷангҳои қалону хурде, ки дар ҷаҳон шудааст, ягона ҷанге, ки дар муддати кӯтоҳ хотима ёфт ин ҷангӣ шаҳрвандии тоҷикон буд. Барои ҳамин таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷиконро тамоми ҷаҳон бояд омӯзанд. Созмони миллали Мутаҳид қайд кард, ки «ин модели Раҳмонов аст». Ё ин ки яке аз академики атомшиноси ҷаҳонӣ Борис Пратон мегӯяд, ки «Эмомалӣ Раҳмон одами ҷомеаи нав аст. Хизмати аз ҳама бузургаш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки тамоми гурезҳои миллати тоҷикро сарҷамъ намуд. Сарзамине, ки ба парокандаи ниҳода буд, онро аз нав эҳё кард. Сеюм хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки иди Наврӯзро иди байналмилаӣ намуд. Мо дар даврони Шӯравӣ Наврӯзро қайд карда наметавонистем, ҳоло он ки иди Наврӯз 3500 сол пеш аз дини зардуштӣ, 4500 сол пеш аз дини ислом рӯи кор омада буд. Бар асоси ин ҳуҷҷатҳои таърихӣ Созмони байналмилаии «Ёнеско», ин идро ба ҷайшни байналмилалӣ табдил дод. Хулас президенти кишвар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифи намуд, ки миллати тоҷик таърихи қадима дорад ва бо хулқу рафтори хеш аз дигар миллатҳо фарқ мекунанд. Аз ин хотир ба перезиденти кишвари мо 26 июли соли 2011 ба унвони олитарини ҷаҳонӣ Пешвои асри XXI пешниҳод карданд. Рӯзи 26 август соли 2011 ин унвонро раиси Комитети академики байналмилалӣ, профессор Андон Краҷа супорид.

-Вазъи тарбия ва таълими идеологӣ дар донишгоҳҳои чигуна аст?

-Вазъи таълиму тарбия пеш аз ҳама вобаста аст ба корҳои идеявӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мактабҳои олӣ вобастагии зич дорад. Даврае буд, ки дар мактабҳои олӣ умуман вазъи таълим дар сатҳи хело паст қарор дошт, зеро дар он давра ҷангӣ бародарқуш таъсири худро дар соҳаи маориф хело гузошта буд. Дар он давра донишҷӯён аз ҷиҳати иқтисодӣ хело азият мекашиданд. Зеро нақши асосиро ин иқтисод мебозид. Хулас дар он давра ҷаҳонбинии донишҷӯён дар сатҳе қарор дошт, ки таъсири он то имрӯз расида истодааст. Ин ҳолат дар ҳоли ҳозир аз байн рафтааст ва сатҳи таъли тарбия дар сатҳе қарор дорад, ки мисли солҳои гузашта нест. Лекин аз ҷиҳати дониш донишҷӯён чигунае, ки президент дар баромиадҳояш қайд мекунад бпа талабот ҷавогӯ нест. Аз нуқтаи назари ман агар сатҳи зиндагии мо боло равад шояд, ин мушкилӣ роҳи ҳаллӣ худро ёбад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)