Бахшҳо
10 янв 2015 10:38Хабарҳои ҷаҳон

Юсуф Қарзовӣ ҳамла ба дафтари “Charlie Hebdo"-ро маҳкум кардааст

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом ҳамлаи террористӣ ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”-ро, ки 12 кушта бар ҷой гузошт, маҳкум кард.

Ба иттилои расонаҳои қатарӣ, Юсуф Қарзовӣ дар суханронии ахираш гуфтааст, “мо донишмандони уммати исломӣ ҳар амалеро, ки боиси рехтани хуни мардуми бегуноҳу аз байн рафтани онҳо ва паҳн шудани фасод дар рӯи замин мешавад, новобаста ба шахсият ва диёнати иҷрогаронаш ба шиддат маҳкум мекунем.”

Ба гуфтаи Қарзовӣ, дини мубини Ислом ба инсон эҳтиром қоил буда, ҳар гуна душманогарӣ ба ӯро ҳаром медонад ва ҳар амалеро, ки боиси хунрезияш мешавад, гуноҳи бузург хондааст. Зуҳри 7 январи соли равон як гуруҳи мусаллаҳи номаълум ба дафтари кории маҷаллаи ҳаҷвии "Шарлӣ Эбдо" (Charlie Hebdo)-и Фаронса дар Париж ҳамла карданд. Дар пайи ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд. Дар ин ҳодиса гӯиё ду корманди пулис низ кушта шудаанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла бародарон Шариф ва Сайид Куачӣ гумонбар шуда ва чанд соат қабл хабари аз сӯи мақомоти Фаронса кушта шудани онҳо расонаӣ шуд.

Раисиҷумҳури Фаронса ҳангоми боздид аз макони ҳодиса онро амали террористӣ хондааст. Ин дар ҳолест, ки ноябри соли 2011, ин нашрия тасвирҳои танзомез ба Муҳаммад (с) нашр карда буд, ки бо вокуниши ҷомеаи мусулмонӣ рӯбарӯ шуд ва ба гуфтаи расонаҳои ғарбӣ он замон идораи маҷалла мавриди ҳамла низ қарор гирифта буд.
Мӯҳр
Валхак, рехтани хуни бегунох гунохи бузург аст. Аммо, шахсан ман фикр мекунам, ки андохтани низо, нашр ва пахни харгуна игво, бухтон ва дуруге, ки боиси фитна, мочаро, чангу чидол, хархаша ва хунрезихои гунохест аз куштан хам бадтар. Аз ин бухтонхо хазорхо нафар бегунохон кушта мешаванд. Ин куштор нест магар!!!???

ОЗОДИИ СУХАН МАЪНОИ ОНРО НАДОРАД, КИ ПАЕМБАРАМОНРО ДУРУД БАР У, ТАНЗ БИКУНАНД, ИН ОЗОДИИ СУХАН НЕСТ, БАЛКИ ТУФ КАРДАН БА ДИНИ ИСЛОМ АСТ

точик
Аслан хамдарди барои мардуми бегунох бояд кард лекин ин журналистон бегунох хам нестанд.Ин шахсоне ки кушта шуданд аз дасти хамон фармоишгарони худ кушта шуданд.Ба ёд биёред амрико барои амалхои шуми худ тарихи 11 сентияябр чанд хазор шарванди худро катл кард то ба ин бахона вориди Афгонистон шавад.Фаронса хам боз чи амали шуме бар сар дорад.

Holid
Ман хурсандам ки фитнагарон кушта шудаанд (ал фитнату ашадду минал катл) ро карзовии мухтарам фаромуш кардаанд ба боварии ман ин шахсро бехтарин ьолим мешинохтам аз ин пас чохил

КомронКмо
Мухтарам Карзови магар намебинед ки хар руз дар Афгонистану Мис сурия Ирок мусулмононро мекушанд Шумо боед барои /2 нафар валвала мебардоред вакти мубориза расидааст фардо дер мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)