Бахшҳо

Шарҳи Тағойзода дар бораи оморҳои зиддунақизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оморҳои зиддунақиз дар бораи теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро шарҳ дод.

Хонум Тағоева, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои дуруст дарк кардани масъалаи омори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бояд миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандоне, ки бо дигар мақсад ба қаламрави он кишвар сафар намудаанд, фарқ гузошт: “Тибқи маълумоти расмие, ки мо аз Федератсияи Русия гирифтаем ба ҳолати моҳи октябри соли гузашта, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия ворид шудаанд як миллиону 130 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, лекин бояд миёни воридшудаҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ фарқ гузошт. Нафароне ҳастанд, ки барои таҳсил рафтаанд, қисме бо сафарҳои туристӣ, сафари корӣ ва ё барои тиҷорат рафтаанд. Ҳама ин бояд ба инобат гирифта шавад”.

Номбурда мегӯяд, оморҳое, ки теъдоди муҳоҷрони меҳнатии тоҷикро 1-1,5 миллион нишон медиҳанд, асосе надошта, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия 670 ҳазорро ташкил медиҳад. Аз ин пештар Шермуҳаммади Шоҳиён, райиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ гуфта буд, тайи 11 моҳи соли 2014 аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар карда,аз ин теъдод ҳудуди 400 ҳазорашон баргаштаанд.
Мӯҳр
Хурсанд
Омор дуруст мегуяд. Дар махалли мо кариб 95% мардони мухочири мехнати дар чор мохи охир баргаштааст.

Раҳмон
Хонум, ин миқдор, ки гуфтед фақат аз Душанбеву навоҳии тобеъи марказ аст. Дар Русия қариб се милион шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун ба сар мебаранд. Агар душаҳрвандиҳоро чун тоҷикистонӣ ҳисоб накарда бошед ҳам ин оморатон бардурӯғ аст.

Як миллион е ин ки 600хазор фаркаш чи?Бо чои кор мардумро таъмин кунед.Аз 8миллион ахоли 1миллионаш мухочири мехнати.Ин як шармандагист.Мухтарам вазир то ба ин руз чи чорахое андешидед бахри бо чойхои кор таъмин намудани халке,ки ба вактхои наздик аз сабаби ба бухрони иктисоди гирифтор шудаги Россия ба Ватан бармегарданд?Е боз хамун гапхои пешина ба мисли Дар хамун Россия кор кардан гиред?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)