КМИР 9 номзади ҲНИТ ва ҲКТ-ро ба қайд нагирифт
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 22 январ расман номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби комунистии кишварро ба қайд гирифт.
Тибқи иттилои КМИР, аз 28 номзаде, ки ҲНИТ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳурявӣ пешниҳод кард, 27 нафар ба қайд гирифта шудааст: “Номзадии Усмон Сафаралиев бо дархости худи масъулини ҲНИТ аз руйхати ҳизбӣ берун гардид.”
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Анҷумани пешазинтихоботии худ дар моҳи декабри соли гузашта номзадии 28 нафарро ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон пешниҳод карда буд. Дар ин руйхат Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар мақоми аввал ва Сайидиброҳими Назар, муовини ӯ дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Инчунин, имрӯз 7 номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР расман ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҲКТ дар анҷумани худ номи 15 нафарро пешниҳод карда буд. Вале ба гуфтаи ин ниҳод, бо дархости масъулини ҳизб номзадии Ёрматова Гулчеҳра Камолидиновна, Давлатов Фаридун, Қобилова Сулҳия Яшиновна, Шарипов Алишер Назаралиевич, Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, Ашуров Ихтиёр, Шулашов Нурулло ва Абдуллоев Меҳроҷ Санонович, ки тибқи рӯйхати Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, аз феҳраст берун гардид.
Бо қарори Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ низ 135 нафар шахсони боэътимоди ҲНИТ ва 25 нафар шахсони боэътимоди ҲКТ ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |