Бахшҳо

Раҷаби Мирзо: Умуман фазои интихоботиро намебинам

Ахиран, масъулини Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар он муттаҳам карданд, ки дар тарғиботи интихоботии худ аз номи дин истифода мекунанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аснои суҳбат бо фаъолони ҷомеа дар Кӯлоб гуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки як ҳизби сиёсӣ бо такя ба боварҳои динии сокинон, “тарғиботи ғаразноки сиёсӣ”-и худро ба роҳ монад. Дар робита “Озодагон” аз се соҳибназари тоҷик пурсид: Истифодаи динро дар тарғиботи интихоботӣ эҳсос мекунед?


Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Умуман ман фазои интихоботиро намебинам ва интихоботи феълӣ дар ин бобат назир надорад. Ҳатто онро бо интихоботи соли 2010 қиёс кардан мумкин нест.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

То андозае ин дуруст аст, аммо ин фақат ба як тараф вобаста нест. Ҳар ду тараф ба қадри имкон динро истифода мекунанд. Ҳатто ҳамаи аҳзобе, ки дар интихобот ширкат мекунанд, инро истифода мекунанд. Мисол ҳукумат ҳам дар тарғиботи худ имом-хатибҳоро ҷамъ мекунад ва дар сатҳи ҷамоатҳо дар вақти интихобот ҳамеша истифода мекунад. Худи муфтиёт то як андоза дар ҳамин таблиғот иштирок дорад. Ин нишонаи он аст, ки ин падида ҳангоми таблиғот истифода мешавад.

Шавкат Шарипов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт

Дар маъракаи интихоботӣ набояд динро истифода бурд, зеро дин як масъалаи мубрам ва барномаи ҳаётиву рӯзмарраи мардуми кишвар аст. Чунон ки маълум аст Тоҷикистон кишвари мазҳабист. Мардум бо онҳое хоҳад буд, кӣ бо мардум бошанд. Ақидаву афкор ва муқаддасоти мардуми кишварро ҳар ҳизбеву гуруҳе гиромӣ дораду пуштибонӣ кунад, мардум бо ин ҳизбу гуруҳ хоҳад буд. Аммо ҳамагон бояд бидонем, ки ҳар кӣ муқаддасоти ин миллат, ақидаву афкори ин мардум, дину диёнати ин мардумро зери бори танқиду таҳқир кашидааст, умед набарад, кӣ аз ин дину аз эътиқоди мардум истифода карда метавонад. Пуштибонӣ аз диёнат дар кишвари мазҳабӣ монанди Тоҷикистон ин пуштибонӣ аз мардум аст. Пас ҳар кӣ инро нодида мегирад бо мардум нест. Мо хоҳем нахоҳем динро ҳама мехоҳад ба фоидаи худаш истифода кунад. Дар интихоботи соли 2010 раиси Шурои уламои дини вилояти Суғд аз ноҳия ба ноҳия гашта номзадҳои ҲХДТ-ро пуштибонӣ мекард. Магар ин истифодаи раҳбарони дин истифода аз дин нест?
Мӯҳр
чинди
Рачаби Мирзо рост мегуяд!

Рачаб
Умуман ман фазои интихоботиро намебинам ... Фазои интихоботиро чаро бини? Фазоро барвакт гуристон бурди, демократ, боз шарм намедорию фазо мегуи!

Холи демократ
Рачаб ту дигар набояд дар бораи сиёсат гап зани, шарм хам доштан даркор. Як хизби дар гузашта абаркудратро ба ивази як костуму галаструку туфлию курта фурухти.

саидчаъфар
Ту ки хасти, ки фазои интихоботро муоина мекардаи? Аз кай боз фазошинос шуди боз?

Фазои пулро мебинед Рачабали!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)