Бахшҳо
23 янв 2015 15:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ФМС теъдоди дақиқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро эълон кард

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) шумораи нави муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои хориҷ дар қаламрави ин кишварро эълон карда, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро наздик ба 1 миллион нафар гуфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ҳоло дар қаламрави Русия 999 ҳазору 132 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд, ки 182 ҳазору 262 нафари онҳо занонанд: “Аз ин нишондод 95 ҳазору 396 тан ноболиғ, 4 168 нафар афроди аз 60-сола боло мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон омори ҳузури як миллионнафараи муҳоҷири кории тоҷик дар Русияро дурӯғ хонда, гуфта буд, тибқи иттилои онҳо дар 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин ҳудуди 400 ҳазор нафарашон баргаштаанд: “Муҳоҷирони меҳнатии мо мавсимӣ сафар мекунанд. Чун интихобот дар парлумон 1-уми марти соли 2015, яъне зимистон баргузор мешавад, дар ин вақт аксари муҳоҷирон ба Ватан бармегарданд ва озодона метавонанд, дар интихобот ширкат кунанд."

Масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар нисбат ба 1 июни соли гузашта 15 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тибқи омори ФМС ҳоло дар қаламрави Русия 2 миллиону 215 ҳазору 780 шаҳрванди Узбакистон зиндагӣ мекунад, ки аз миёни онҳо 418 368 нафарашон зан аст. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон дар Русия 544 ҳазору 956 нафар ( 220 400 зан) эълон шудааст.
Мӯҳр
Исфара
Инро ба шермухаммади шохиён бояд гуфт!

Abdulaziz_
Salom Ozodagon!!!
Dar haqiqatan ma'lumoti omorii FMS 100% durust buda nametavonad, chunki har shahrvandi Tojikiston, ki ba Rossia safar kunad (hamchun donishju, safari kori, bo maqsadi tabobat yo istirohat) ba u hatman kartochkai immigratsioni medihand va ma'lumot dar borai u ba FMS hamchun muhojir ravon karda meshavad. Az in lihoz ma'lumoti Xadamoti Muhojirati Rossiya chandon dakik nest. Balki intishori chunin ma'lumot dar borai muhojiron az digar davlatho dar Federatsiyayi Rossiya zaminai siyosi dorad baroi fishor ovardan boloi hukumathoi digar davlatho.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)