Домуло Сайид Акбар дар бораи зулму бераҳмии “ҷиҳодгарон”

Домуло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, худро аз ҳизбу равияҳое, ки боиси нооромӣ ва барангехтани фитна дар ҷомеа мешаванд, дур бигиранд. Ин дархости муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 23 январ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар хутбаи намози ҷумъа сурат гирифт.
Домулло Сайид Акбар гуфт, “мову шумо бояд аз ин ҳама нооромиҳои кишварҳои хориҷ ибрат бигирем ва аз ҳар равияву ҳизбҳое, ки боиси барангехтани фитна дар ҷомеа мешаванд, ҷудо бошем.” Ӯ дар идома аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи ҷангҷӯёни хориҷӣ меҷанганд, ёдовар шуда, таъкид кард, ба ҳарфҳои онҳо касе гӯш надиҳад, чун ба гуфтаи домулло золиму бераҳманд: “Онҳое ки ҳоло худро муҷоҳиду мубориз мегӯянд, ба ҳадде раҳм надоранд, ки тамоми ободию чизҳои ба инсоният заруриро хароб мекунанд.”
Домулло Саийд Акбар дар идома аз вазъи бади сокинони кишварҳои ҷангзада мисол оварда, таъмини сулҳу ваҳдат дар ҷомеаро кори мушкил хонда, аз сокинон хост, ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасанду аз мазҳаби Имом Аъзам пой берун нагузоранд: “Мо ки ҳамагӣ пайрави мазҳаби Ҳанафия ҳастем, бояд дар мазҳаби худ устувор ва боқӣ монем, чун ҳар сухане Имом Аъзам гуфтааст, тибқи суннат, Қуръон ва гуфтаҳои саҳобагон мебошад. Сулҳро ба даст овардану ваҳдатро таъмин кардан ин бисёр як кори мушкил аст. Ҳоло дар он кишварҳои ҷангзада ҳар рӯз даҳҳо нафар аз мардуми бегуноҳ кушта мешаванд ва орзӯи ягонаи сокинони ин давлатҳо ин аст, ки як бори дигар Худованд сулҳро дар Ватани онҳо танинандоз гардонад. Пулу мол тамоми шароитро доранд, аммо тенҷию оромӣ надоранд.”
Ин бори аввал нест, ки муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон сокинони кишварро аз напайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташ мамнӯъ дар қаламрави кишвар даъват мекунад. Ӯ дар хутбаи намози ҷумъаи пешин низ сабаби нооромии баъзе аз кишварҳо ва авҷ гирифтани задухӯрдҳои мазҳабӣ дар онҳоро бисёрҳизбӣ ва бисёрмазҳабӣ дониста, аз сокинон, аз ҷумла ҷавонон даъват кард, ба сухану ҳарфҳои ноширони “наворҳои ҳархела”, ки аз сӯи ҷангҷӯёни кишварҳои хориҷ, бахусус тоҷикону узбакон нашр мешаванд, гӯш надиҳанд ва дар хидмати падару модари худ бошанд, ки паёмбар ризогии Худовандро дар он хондааст. Домулло Сайидакбар таъкид кард, Тоҷикистон як кишвари исломӣ асту ниёз ба ҳеч гуна “ҷиҳод” надорад ва иштирок дар нооромии кишварҳои мусулмоннишин низ ҷиҳод нест: “Ин ҳама бисёрравиявию бисёрмазҳабӣ ва бисёрҳизбӣ, ки ба миён меояд, барои мову шумо баръало равшан аст, ки болои мардум фитнаҳо эҷод мекунанд ва бо гумроҳ кардани бархе аз нафрон дар мағозаву бозорҳо таркишҳо ба миён меоранд. Барои мову шумо зарур аст, аз ин ҳизбу равияҳо худро канор гирем.”
Ин даъватҳои ба такрори руҳонии тоҷик дар ҳолест, ки ҷангҷӯёни узбак, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия меҷанганд, чанд рӯзи қабл, бо нашри як навори видеоӣ дар интернет изҳор доштаанд, баъди тасхири давлати Сурия рӯ ба Осиёи Маркзаӣ, аз ҷумла Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳанд овард. Ин ҷавонони ҷавонони узбакзабон иддао доранд, дар пайи ташкили хилофати исломӣ дар Сурия, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам ба пирӯзӣ хоҳанд расид: "Бо хости Худо, мо ба фатҳ кардани Сурия шурӯъ кардем. Иншооллоҳ кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ аз кофарҳо тоза хоҳем кард."
Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар ҷангҳои хориҷӣ ҳудуди 200 ҷангҷӯи тоҷик иштирок дошта, феълан алайҳи 52 шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷанг дар Ироқу Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки аз ин 12 нафарашон дар ҷабҳаи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) меҷанганд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |