Бахшҳо

Хомӯшии вазири узбак дар мавриди хатсайри Душанбе-Тошканд

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар мавриди парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд бо мақомоти Узбакистон созиш нашудааст.

Асозода, имрӯз, 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ҷониби Тоҷикистон ягон монеа барои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд нест. Ӯ таъкид намуд, ки ҷонибдори парвозҳо дар ин хатсайр аст ва шахсан дар ин маврид ба вазири нақлиёти Узбакистон мактуб навиштааст. Ба гуфтаи вазири тоҷик ҳамтои узбакаш то ҳол ба ӯ посух надодааст.

Хайрулло Асозода илова намуд, ки ба наздикӣ дар Туркия мулоқоти вазирони нақлиёт дар назар аст ва дар он ҷо масъалаи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошкандро бо ҳамтои узбакаш баррасӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Узбакистон иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз 29-уми марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст.
Мӯҳр
Хабарнигори мухтарам ба таваччухатон мерасонам, ки номи миллатро дуруст нависед"узбак" не "узбек". Ману шуморо хеч кас "точак" наменомад.

Фарди Заминӣ
Rahmonali,

Дӯсти азиз, Раҳмоналӣ
Сад дар сад тарафдори ин эрод ва пешниҳоди Шумо ҳастам. Ҳар гоҳе вориди ин сомона ("Озодагон") ва сомони "Озодӣ" мешавӣ, маҳз ҳамингуна тамасхури миллати ҳамсояро мебинӣ.
Хуб мебуд, агар маҳз ҳамин расонаҳои ахбор, ки шумораи бозбинандагонашон кам нестанд, дар оянда ба чунин тамасхур роҳ надиҳанд. Ба ҷойи чунин амалҳо, кӯшиш кунанд, ки муомилаи ин ду миллат ва мардум байни ҳам хубтар шавад.
Боқӣ, ба ҳама зиндагии осудаҳолона ва сиҳатмандию сарбаландиҳоро орзумандам!

Фарди Заминӣ,
Tashakkur dusti aziz.

Хамин як озодагона диде дар тамоми дунё Эрон ва дар Аврупо узбак мегуянд радиои озоди хам узбак менависад

ж
Фарди Заминӣ,

Ба забони точики, форси ва дари УЗБАК мегуянд.

Асоюф як сол зиёд аст,ки вазири наклиёт мебошад,то хамин руза масъалаи парвозхои дучонибаро хал накарду,акнун дар Туркиё хал мекунад ми???Чи даркор ваъдахои бардуруг....? Аз дасташ ин кор намебиёяд,чунки у дипломат нест, Бародархои узбекхо кати бо як шеваи ширин суханрони кардан лозим аст. Асоюф бошад бисьёр хам дагалона рафтору муомила мекунад. Илова бар ин мутахассиси сохаи авиатсия нест.Ман метарсам,ки холи аз дасти ин вазира авиатсияи мо ба руйхати сиёхи ИКАО дохил нашавад.

Самарканди
Дар сахифахои таърих калимаи узбекро нашунидаам, хама чо хондам УЗБАК. Ба фикрам ин калима зеботар аст аз узбек, ки баномаш лоик!

bek
Хабарнигорони мухтарам УЗБАК ин мано надорад ,,,,,
УЗБЕК мано дорад

Самарканди,
Цитата: Самарканди
ру

шумо ба фикрам таьрих нахондает

Узбакистон буд то солхои наздик дар худи Узбакистон.Русия факат Узбекистан мегуфт бо Руси.Нав Узбек карданд Узбак аслияш буду мемонад дар таърихи садсолаашон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)