Бахшҳо

Насиҳати ҲНИТ ба Абдулқодирзода ва худдорӣ аз муроҷиат ба додгоҳ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон барои суханҳои беасосу ғайриқонунӣ дар бораи ин ҳизб ба додгоҳ шикоят нахоҳад бурд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ, ки ду рӯз давом кард, ба хулосае омадааст, аз болои “ниҳод ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан” дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон танҳо ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар шикоят барад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, дар ин ҷаласа пешниҳод шуда буд, аз болои баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва шахсиятҳо ба додгоҳ шикоят бурда шавад.

Ҷаноби Файзраҳмонов мегӯяд, онҳо ба ҷои шикоят ба додгоҳ аз Абдулқодирзода даъват мекунанд, минбаъд аз “эҷоди суйитафоҳум, бадгуӣ ва ҳарфҳои бедалел нисбати ҳизбу созмонҳои қонунӣ ва мусалмонон худдорӣ намуда, ҷойгоҳ ва шаъну шарафи пешвои мазҳабии кишварро хатчадор насозад.” Зеро ба қавли Файзраҳмонов, фарҳанги исломӣ, руҳияи ухувват ва одоби насиҳати исломӣ тақозо менамояд, ки камбудии мусалмонон пеш аз ҳама бо роҳи насиҳат ва тазаккур ислоҳ гардад: “Танҳо дар сурати ислоҳ нагаштан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд.”

Ин даъват ва ислоҳталабии ҲНИТ аз раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Абдулқодирзода зимни як сафараш ба минтақаи Кулоб ва суҳбат бо сокинон аз ин ҳизби исломии кишвар хост, дар таблиғоти пешазинтихоботии худ аз бовариҳои диниии шаҳрвандон сӯистифода накунад. Ӯ гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт. Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин суханронии раиси Маркази исломиро маъракаи таблиғотӣ ва ғайрифарҳангӣ алайҳи ин ҳизб медонад: “Баъзе аз намояндаҳои мақомоти давлатӣ бо амалҳои худ вазъияти ороми кишвар ва фазои муътадили пешазинтихоботиро барҳам мезананд, ки баёнгари вуҷуди тарҳҳои ғайриошкор ва ҳадафнок алайҳи ҳизб ва суботу оромиши кишвар мебошад. Нашри мақолаҳо ва мусоҳабаҳо бо истифода аз афроди ғаразнок, ташкили барномаҳои телевизионӣ бо даъвати намояндангони иттиҳодияҳои динӣ ва табдил додани онҳо ба василаи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ дар раванди интихобот баёнгари он аст, ки дар сухан ва амали мақомоти давлатӣ ихтилоф ва дугонагии ошкор вуҷуд дорад. Зеро, ин сиёсатҳо ва амалҳо бо шиорҳои эълоншудаи “баробарии ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳо дар маъракаи интихоботӣ” ва “таъмини фазои демократӣ ва озоди интихоботӣ” созгор нестанд.”
Мӯҳр
Икром
Ин насихатхо фоидае надорад муздур серавно муздуриашро мекунад!

ростгу
Огой мукарам хучат далел дошта боши ХНИТ шарт ва зарур нест!
Устод КАБИРИ дар кайти хает АСТ УРО даватномо хамаашро бифахмон!

асад
ИХЕЛИ бадам не да ОГОИ МУФТИ

Хакикат
Бояд дар баробари ин раиси Маркази исломии Точикистон тамоми чомеа бе тараф набошад бояд сахмгузо бошан барои ин афроде, ки имруз динро ба сиёсат олуда карда максадхои нопоки худро амали менамояд... Озодагон хайрон аз он мешавам, ки фикри бандаро руи чоп намегузорй. Маълум мешавад, ки дар асл озод набудаи.. ба хар хол умедворам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)