Бахшҳо

Душанберо аз сихкабоби хуҷандию ошҳои... тоза мекунанд

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз маҳалчигӣ дар номгузории ғизо интиқод намуд.

Шарофзода, рӯзи 28 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ба номи маҳалҳо гузоштани анвои ғизо густариш ёфтааст: “Шиору овезаҳои хӯрокҳо бо номи маҳал, масалан, сихкабоби хуҷандӣ, оши... ва ё дигар намуди шиору овезаҳо аз ин қабил хеле зиёданд, махсусан дар минтақаи Калхози Россия”.

Дар ин робита Гавҳар Шарофзода афзуд, аллакай бо раисони чор ноҳияи пойтахт гуфтугӯ карда ва ваъда гирифтаанд, ки дар наздиктарин фурсат чунин шиору овезаҳоро аз пойтахт тоза хоҳанд кард.

Раиси Кумитаи забон дар ниҳоят аз кулли соҳибзабонон даъват намуд, барои тозаю озода нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳиссагузор бошанд.
Мӯҳр
в
Ин кор кумита тамоман нодуруст аст. Дар Туркия хам бо ишора аз номи махалли таом номгузори мекунанд. Аз минтакахои Точикистон танхо Хучанд бо таомхояш машхур аст. Барои хамин сихкабоби Хучанд, ки шуд маржум ба он чо меравад. Яъне ки нишони сифат. Дигар минтакахои Точикистон хунари пухтупаз надоранд. Агар бо номи он минтакахо номгузори карди, ягон кас ба ошхонаат намеравад.

Ба фикри ман навиштани оши хучанди ё самбусаи хучанди ин хеч хусусияти махалчигиро надорад. Зеро пухтани ош, самбуса, сихкабоб ва гайраву вахоказо дар хар махал ва минтакахои гуногуни Точикистон усули хоси тайёр намудани худро доранд ва бо лаззат ва гувороияшон фарк мекунанд. Масалан банда вакте дар Муминобод будам аз ошхонаи назди бозор ош фармудам, ба наздам ошеро оварданд, ки рангаш комилан зард буд ва монанд ба оши озарихо буд. Дар Панчакент бошад ошро асосан бо сабзии зард ва ё зардчома тайёр мекунанд ва ин ош аз дигар минтакахо билкул фарк мекунад. Оши Хучанд хам ба мисли оши Самарканд хусусияти хоси пухтани худро дорад ва чунин ош дар хеч минтакаи дигари Точикистон бо чунин усули хоси худ пухта намашавад. Ё дар баъзе ошхонахои Душанбе оши Ургути мепазанд, ки комилан аз ошхои дигар фарк мекунад ва дар таркибаш мавиз хам дорад.
Сихкабаб хам чунин аст.
Ин аст, ки пешниход мекунам, ки ба номи таомхо, ки дар ошхонахои гуногуни Душанбе тайёр карда мешаванд, хусусияти махалчиги дода нашавад. Махалчигиро бояд аввал дар остонахои мансабдорони давлати аз байн барем. Он гох вокеан ба миллат табдил меёбем.

душанбегӣ
ҳаминам гапи раиси кумита шуд ??? Ин маҳалчигӣ нест, агар тарзи тайёр ва пешкаши ғизо аз ягон маҳалли конкретӣ бошад пас ин дуруст аст. Дар тамоми дунё ин чиз маъмул аст ва касе дар бораи маҳалчигӣ сухане намегӯяд. Масалан, мегӯянд, ки ба наздикӣ дар пойтахт супермаркети Ашан кушода мешавад, ин як маҳалли Фаронса аст. Ё ин ки БМВ, аз Бавария гирифта шудааст, чӣ ҳамаашро манъ мекунед ?! Номгузории ғизо аз рӯи маҳал ин ягон мушкилие надорад ва танҳо шахсе инро метавонад мушкилӣ номад, ки фарҳанги комил надорад. Масалан итолиёвиҳо даҳҳо хӯрокҳое доранд, ки баромади маҳаллӣ доранд. Барои мисол:
• Грудинка баранья по-флорентийски
• Отбивная из телятины по-милански
• Шницель по-тоскански
• Клецки по-венециански
• Филе миньон по-неаполитански
• Медальоны телячьи по-милански
• Стерлядь с фльоранси
• Судак по-сицилийски
• Ризотто по-милански
• Ризотто по-пьемонтски
• Белая фасоль по-флорентийски
• Гноцци по-римски
• Макароны по-неаполитански
• Клецки по-венециански
• Тосканский фасолевый суп
Барои ҳамин ба ҷои ҳифзи асолати забонӣ шумо бону ба ким кадом корҳои нодаркор машғулед. Вазифаи худро анҷом диҳед.

Тоза кунед ин Чизхо нолозим аст. Мизочхо Худашон алакай
Медонанд,ки Кадом Рестаран чи гуна Ош ё Самбуса дорад.

Хандаи кас меояд аз кори баъзе рохбарон.Яктояш мегуяд духтари холаатро нагир,дигаре номи таъомро иваз кун))))О як проблемахое,ки халталабанд хал кунед.Дар мактабхо забону адабиети точикро ба бачахо омузонед,ки бо забони модариашон харф зада тавонанд,навишта твонанд.Як насли бесаводу бемаданятро ба воя расонда истодаеду гами номхои таъомро мехуред.Пас дигар мардумон тамоман махалчиву миллатчи будаанд.О дар Россия сад намуд таъому дигар намуди хурокхо номи ягон шахру нохияро дорад.Пряник Тульский,Хлеб Бородинский,Пельмени Сибирские ва гайра.Масхарабоз баъзе чиновникхо.

tuman
Бисёр икдоми хуб...сихкабоби Хучандихо нтр-и Хучандихо

хамин раисая як имтихон гузаронан аз фанни забону адабиет ое бо алифбои ниегон хондану нависта метониста боша!!!!

Билол
Аввал сихкабоби кулоб навиштем хатто майзадахо аз омадан ба ошхонаамон атказ карданд!

Аввал сихкабоби кулоб навиштем хатто майзадахо аз омадан ба ошхонаамон атказ карданд!

хучанди аз сугд
Бонуи азиз Гавхар Шарофзода! Албатта ин интикоди шумо куллан хато мебошад, зеро хар як минтакаи Сарзамини мо махсус ба худ махорату истеъдоди худро ба хар намуди чизе ё ашёеро доранд. Мардуми Хучанд чун махорату истеъдоди пухту пазро доранд ана барои хамин аз таоми болаззати худ хабар медиханд.
Мардуми Бадахшон аз истеъдоди санъати меъмори хуб огоханд.
Мардуми Хутлонзамин...

ман фикр кардам, ки аз рузи каду бадтар намешавд, лекин мешудаст. Бадтараш- кори бемаънии ин кумита.

Господа Шаропова, А как быть с Законом РТ о географических указаниях?

Дар Хучанд оши Эҳсон-ако, оши Хасан-тағо ё оши Раҷаббой - чаққон ва ғайра машҳур аст. Аз руи мантики ин бонуи аз таърифи порсола худгумкарда, акнун ин мардумро ба шахспарастӣ гунаҳкор кунем? Ҳайфо, ки ин маъмури давлатӣ аз мушкилоти дигари забони давлатӣ бехабар аст ва мисли сарвари пешини ин ниҳод бо ҳангомаҳои бебунёд вонамуд карданӣ аст, ки вориди масъала аст...

в осеъ
кори хуб мекунад кумита сихкабоб кашфиёти хучанд нест.дар бухоро самарканд водии фаргона тамоми махалоти узбакнишин ки собик точикнишинбуд хамин гуна каббоб мепазанд чаро имруз хучандит онро барояш бренд кардааст. мислки узбакхо оши паловро ки аз замони шох пахлавии форс боки мондааст узбекский плов ном монда моли худ карданд ва точикон пушти дар монданд. хучандихо низ бародарони калони узбакхоро пайрави мекунанд.дар хар кор таргибгари узбакхоянд на точикон. тамоми зарбулмасалу чумлабандиву токиву либосу рафторашон низ узбакист . барояшон ному арзиши точикон фаркаш цизе...

Ин хонум чи Конунхои Чумхурии Точикистонроо намедонад? Хайр акун ТВ хоро медонистем, аз конун буй намебаранд ба ин хонуми зебо чи шуда бошад? Товбааа. Точикистон чузъи чудонашавандаи чомеаи чахонист ва хучанду кулобу бадахшо чузви чудонашавандаи точикистон аст. Конкурентсия дар хамаи шакл фоидаовар аст. Боиси пешрави мешавад.

Хулласи гап на дворе глобализация. Инчунин меъёру таому........ расму оини минтакаро чахони намудан Глокализатсия номида мешавад хонуми Азиз. Шояд ин вожа дар забони точики набошад. Хайр нест гуфта аз онхо даст мекашем. Афтоба чакан чой чаппоти гуфта гардем акун.?

Товбааа аз даврони Шурави хам гузаронида истодаем ку хамма чиро тотальный контрол кардан паёмади хуб надорад. Пагох боз нагуед, ки дар Точикистон молу махсулоти ширкатхои Шанел Хюго босу адидасро нафурушед, ки номашон точики нест!

Кароче боз хам гиламекунем, ки чаро оши палави точикиро дар Россия узбекский плов мегуянд.

Дар гуфтахои ин хонум мантикро намебинам.

Аз Турачонзода хам гузаронд ин хонум. У дар вакташ дар чавоб тавассути компютер ба суоли электронии хаводораш гуфта буд, ки кока коларо нахуред ки моли яхуд аст. Бехабар аз он ки Микрософт моли акаи Билл Гейтс аст.


в,
в,
в,

пр
в осеъ,

хучандихо сихкабобро бренд накардаанд. Танхо онхо гуфтанианд, ки ин сихкабоб бо усули хучандихо пухта шудааст. ту хам гир дар ошхонаат навис сихкабоби хатлони. Лекин ягон нафар, хатто хамшахрихои худат ба он чо нахоханд рафт, чунки хатлонихо махорати пухтани сихкабобро надоранд. бехтараш навис шакароби хатлон, е курутоби хатлон.

Мухтарам масъулини Кумитаи забон ва ислохот ! Агар курутоби Сари Хосори ё шакароби Файзободи гуем ё реклама карда шашад, ин нишонаи махалчигиро надорад ! Бехтараш аз аввал то ба охири Хиёбони Рудакиро дидан кунед -бисёр навиштачотхои ачоибро дучор мешавед.
Ба Шумо барор дар чодаи ислохоти забони точики

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)