КМИР 9 номзади ҲСДТ-ро сабти ном накард
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 22 номзади пешниҳоднамудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон 13 нафарашро ба қайд гирифтааст.
Ин ниҳод мегӯяд, ба хотири пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо дархости ҲСДТ 8 номзади пешниҳоднамудаи ин ҳизбро ба қайд нагирифтааст. Ба иттилои манбаъ, номи Воҳидова Файзинисо Маноновна, Умаров Ҳоҷимуҳаммад, Шерзамонов Алим Мамадрасулович, Қудратов Шуҳрат Абдувалиевич, Насруллоев Бахтиёр Асатуллоевич, Раҳимов Раҳим Наимович, Қураева Муаззама Қарақуловна ва Давлатов Саидаброр Абдуалимович аз рӯйхати номзадҳои ҲСДТ аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ берун шудааст.
Инчунин номи Соҳибназаров Фирдавс Анварович, яке аз номзадҳои дигари пешниҳоднамудаи ҲСДТ низ аз рӯйхат берун шудааст. КМИР далели ба қайд нагирифтани Соҳибназаровро ба он рабт додааст, ки алайҳи ӯ бар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини дар моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 3 банди “в” (қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба миқдори махсусан калон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ бо моддаҳои мазкур ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ рӯзи 23 январи соли 2015 айб эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |